МУНОҶОТИ ФАРЗОНА БА ХУДОВАНД: ХУДОҶОН, АЗ БАЛО МОРО НИГАҲ ДОР!

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Регистрация
25.01.2023
Сообщения
1 489
Худоҷон, аз бало моро нигаҳ дор,
Замину осмонҳоро нигаҳ дор.
Балорову ваборо дур андоз,
Тамоми пиру барноро нигаҳ дор.
Бимон, фарзанди одам рӯз бинад,
Навонав насли фардоро нигаҳ дор.
Ман ин ҷову ҷигарбанди ман он ҷост,
Ту ин ҷорову он ҷоро нигаҳ дор.
Замин чун гавҳаре рӯи кафи туст,
Ту ин лӯълӯи лолоро нигаҳ дор.
Худо гӯянд акнун бехудоён,
Ки, ё Раб, тоқи миноро нигаҳ дор.
Ба Наврӯзи нав овардӣ ҷаҳонро,
Баҳори тозаэҳёро нигаҳ дор.
Бани Одам якаъзо мешавад боз,
Ту ин пайванди зеборо нигаҳ дор.
Бароям Тоҷикистон тоҷи дунёст,
Худоҷон, тоҷи дунёро нигаҳ дор.
Суман нуру чаман нуру ватан нур,
Ту ин нури Таъолоро нигаҳ дор!
 
Ҳамдардӣ ба ҳама мардуми олам, ки аз дасти офат дар карантин нишастааст. Шеър аз ОЗАРАХШ

Чӣ даҳшатест, Худоё, салом мумкин нест,
Зи даст бар дили дасте паём мумкин нест

Ба пешвози азизон намекашӣ оғӯш,
Дар ин замона ба ҳам эҳтиром мумкин нест

Чӣ офате, ки ҷаҳонро нишонд дар хона,
Ба кӯчаҳо гузари издиҳом мумкин нест

Садои сурфаи худро фурӯ барад мардум,
Зи бими ранҷи карона зуком мумкин нест

Навои хониши булбул ба гул чӣ ғамгин аст,
Ба гӯши ёр нафас аз калом мумкин нест

Худои муждарасон, роҳи офият бинамо,
Ки ин маризи балоро давом мумкин нест.
 
Руи туву муи туву хуи ту хуш аст.
Пеши мани зор гуфтугуи ту хуш аст.
Гулхои диёр нозанинанд,вале
Шайдои туро назар ба руйи ту хуш аст.
Валичон Акбари Истаравшани.
 
Назад
Верх Низ