🖊 Мирзо Бедили Деҳлавӣ

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Дӯстон, зулме ба ҳоли номуродам рафтааст,
Доштам чизеву ман будам, зи ёдам рафтааст.
Бе нафас дар мулки ибрат зиндагонӣ мекунам,
Хок бар ҷо мондааст имрӯзу бодам рафтааст.
Қуфли васвос аст чашми ман дар ин ибратсаро,
Ҳамчу мижгон умр дар басту кушодам рафтааст.
Сайри гул назри ҷунуни бениёзӣ кардаам,
Пеш-пеши рангу буҳо эътимодам рафтааст.
Ин қадар, ё Раб, нафасро бо кӣ азми саркашист,
Фурсати кори тааммул дар ҷиҳодам рафтааст.
Бо ҳама бекорӣ аз сархории иброми ҳирс,
Чун қалам нохун зи ангушти зиёдам рафтааст.
Маънии эҷод чун моҳи навам маҷҳул монд,
Баски дидам куҳнагӣ, аз хат саводам рафтааст.
То саводи интихоби маъниям бешак шавад,
Мағзи чандин нуқта дар тадбири содам рафтааст.
Нақши пои офият чун шамъ пайдо мекунам,
Дар пайи ин доғ ашки шуълазодам рафтааст.
Кас харидори дили огаҳ дар ин бозор нест,
Оҳ аз умре, ки дар нанги касодам рафтааст.
Бар хаёли хулд, Бедил, зоҳидонро нозҳост,
Лек аз ин ғофил, к-аз ин вайрона Одам рафтааст.
 
Верх Низ