МЕБИНАМУ ЗИҚ МЕШУМ

Т

Тоҷикон

Меҳмон
Нимшӯхиву нимҷиддӣ

Фанатҳои бенома,
Андешаҳои хома,
Гапҳои рӯи бома,
Мебинаму зиқ мешум.

Кори порагирора,
Ман-мании сардора,
Холи мухоҷирора,
Мебинаму зиқ мешум.

Қиматии патента,
Додзаниҳои мента,
Кашондани семента,
Мебинаму зиқ мешум.

Хонаи иҷорара,
Дилҳои садпорара,
Тоҷики бечорара,
Мебинаму зиқ мешум.

Қимматии бозора,
Барои нарх разбора,
Ин ҷамъи харидора,
Мебинаму зиқ мешум.

Хунукзада дарахта,
Духтарои бебахта,
Ошиқои сарсахта,
Мебинаму зиқ мешум.

Марди ҳардамхаёла,
Корҳои пурубола,
Байни мардум ҷанҷола,
Мебинаму зиқ мешум.

Алкашои бенура,
Бинои мисли кӯра,
Ошиқои раҳдура,
Мебинаму зиқ мешум.

Марди ватанфурӯша,
Аз нашъа айшу нӯша,
Пулмастони беҳуша,
Мебинаму зиқ мешум.

Одамони пулдора,
Чилу чор хел савдора,
Ҳар ҷо дурӯғ гапҳора,
Мебинаму зиқ мешум.

Ҳар куҷо дарди сара,
Бемаъно сад хабара,
Каттагии нархара,
Мебинаму зиқ мешум.

Нигоҳи бехумора,
Дилсардиҳои ёра,
Ғайбатчии бекора,
Мебинаму зиқ мешум.

Дипломдори бекора,
Одамои нодора,
Беэътино сардора,
Мебинаму зиқ мешум.

Дафтари беҳикмата,
Ҳар хел урфу одата,
Суҳбати беулфата,
Мебинаму зиқ мешум.

Дуди талхи сигора,
Ҳофизи бе дутора,
Духтари беэзора,
Мебинаму зиқ мешум.

Мардумони ғаммоза,
Замонаи носоза,
Паҳн шудани ҳар роза,
Мебинаму зиқ мешум.

Хӯроки бенамака,
Ҷавони бе амака,
Хабаркаши хаппака,
Мебинаму зиқ мешум.

Касали бетабиба,
Мардумои ғариба,
Аз Ватан бенасиба,
Мебинаму зиқ мешум.

Занҳои чизпараста,
Пирҳои гул ба даста,
Мансабдорони маста,
Мебинаму зиқ мешум.

Ишқҳои бебарора,
Гапи сари бозора,
Тоҷири бесахора,
Мебинаму зиқ мешум.

Дарёи бе моҳира,
Фарзанди гапногира,
Ғур- ғурои кампира,
Мебинаму зиқ мешум.

Пирамарди ҷоҳила,
Ҷавонзани коҳила,
Замини бе ҳосила,
Мебинаму зиқ мешум.

Деҳқони бе каланда,
Ноҷинсаки касханда,
Худхоҳу худписанда,
Мебинаму зиқ мешум.

Қонунҳои банома,
Беқадрии калома,
Ошиқои нокома,
Мебинаму зиқ мешум.

Ин шабҳои дароза,
Ин ризқои фароза,
Сӯфии бенамоза,
Мебинаму зиқ мешум.

Ҳаммиллати сарсона,
Бесаводу нодона,
Ҷонҳои бетовона,
Мебинаму зиқ мешум.

Ҳодии беимона,
Раиси бевиҷдона,
Фоҳишаи шайтона,
Мебинаму зиқ мешум.

Чашмаҳои беоба
Дидаҳои бехоба,
Сад ҷигари кабоба,
Мебинаму зиқ мешум.

Бузу гови бешира,
Ин сагои хапгира,
Мушкили бетадбира,
Мебинаму зиқ мешум.

Ҷангалои бешера,
Шикамҳои носера,
Кӯдакои сағира,
Мебинаму зиқ мешум.

Корҳои пуразоба,
Дардои беҳисоба,
Муллои бекитоба,
Мебинаму зиқ мешум.

Ин намакои шӯра,
Оҳангҳои ноҷӯра,
Гиряи лаби гӯра,
Мебинаму зиқ мешум.

Кӯдакои пазмона,
Модарои нолона.
Падарҳои ҳайрона,
Мебинаму зиқ мешум.

Киссаҳои бепула,
Беқадриҳои гула,
Нолаҳои булбула,
Мебинаму зиқ мешум.

Сарсонӣ баҳри нона,
Мардои бевиҷдона,
Набии қиссахона,
Мебинаму зиқ мешум.
 
Верх Низ