МАКУН БОВАР!

  • Автор темы Исмоил Зарифӣ
  • Дата начала
И

Исмоил Зарифӣ

МАКУН БОВАР!

Агар дӯстат шавад душман ба паймонаш макун бовар!...

Рушил Рубинов

Зи абри ғам расад борон, ба боронаш макун бовар!
Гадотабъе кушояд хон, ба эҳсонаш макун бовар!

Агар ранҷонӣ фардеро дигар аз ӯ намо дурӣ,
Гаҳе хандад ба рӯйи ту, ба хандонаш макун бовар!

Ба ёри ҷонӣ ҷон бахшову аз нонӣ қафо бигрез,
Забониро маёзору ба паймонаш макун бовар!

Гиёҳи умри моро заҳрҳо дар баргу дар бор аст,
Дар ин боғи фано ҳаргиз ба райҳонаш макун бовар!

Ба ними нони худ дар ин ҷаҳон чанде қаноат кун,
Пайи давлат марав, бар лаззати нонаш макун бовар!

Ҳамоқатҳои ин болобаландон ҳар нафас бинӣ,
Саробат пеши рӯ ояд, ба ҷавлонаш макун бовар!

Ба чашми имтиҳон бикшо назар бар оламу одам,
Ба паҳнои биёбону ба имонаш макун бовар!

Пушаймон меравӣ охир, Зарифӣ, аз сарои дун,
Ба ин золу ба ин зулфи парешонаш макун бовар!
 
Верх Низ