ЛАТИФАХ,ОИ ЗАМОНАВЙ.

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Регистрация
24.01.2023
Сообщения
1 403
1.Ҷавонмарди тоҷик фирма мекушояд. Рўзи якум дар офис, нав ҳама ҷо ба ҷо шудааст. Ногаҳон дарро ким, ки мекўбад.
Ў худро ба кресло партофта гўшаки телефонро мегираду бо овози баланд мегўяд, дароед. Марде дар даст сумка медарояд. Ҷавонмард бо телефон:

-Не имрўз наметавонам, корамон бисёр, клиентҳо бисёр, ман шуморо ба навбат менависам. Баъд гўшаки телефонро гузошта аз марди омада мепурсад:

-Бубахшед, кор бисёр клиентҳо беист занг мезананд, ба шумо чӣ хизмат кунам?

Марди меҳмон дар ҷавоб:

-Ман аз стансияи телефонӣ, омадам телефони офисатонро ба шабака пайваст кунам.
 
Тумани ғафс. Зане пушти рули мошин ҳеҷ чизро намебинад ва бо габаритҳои мошини дар пеш буда рафтан мегирад. Ногаҳон мошини дар пеш буда меистад. Зан албатта мошини дар пеш бударо мезанад ва аз мошин бо шаст фаромада ба сўи ронанда медавад:



-Ҳой мардак, чаро ту мошинро ногаҳон маън мекунӣ?



-Бубахшед бону, лекин ман ба гаражи худам даромадам.
 
Як навъи қаллобӣ бо телефони мобилӣ пайдо шудааст.

Барои пурра фаҳмидан шумо бояд СМС ба рақами 666 равона кунед. Матнашро бо калимаи ЛОХ сар кунед. Агар аз якум бор нашавад, 3-4 бори дигар такрор кунед.

(СМС – 1,60 доллар арзиш дорад).
 
Ҷаҳонгарди олмоние ба қишлоқи Пулодбойшон омад ва аз ў пурсид:

-Дар қишлоқи шумо чӣ чизи аҷиб ва ё дидание вуҷуд дорад?

Пулодбой гуфт:

-Дар қишлоқи мо марди пири 125 солае аст, ки ҳанўз аз кафи дасти худаш нон мехурад.

Ҷаҳонгард гуфт:

-Ин чизи аҷиб будаст, ман бояд ҳатман бо ў вохурам, чӣ хел ўро бинем?

Пулодбой гуфт:

-Ўро дида намешавад.

Ҷаҳонгард гуфт:

-Чаро?

Пулодбой ҷавоб дод:

-Падараш ўро намегузорад аз хона берун барояд.

5.Рўзона ба ман СМС омад:

-Салом! Ман духтараки хушрўям, рубарўят зиндагӣ дорам, шинос намешавем?

-Қариб талхакаф шавам, чунки хонаи ман дар рўбарўи МОРГ (мурдахона) ҷойгир аст.

————————————————

6.-Ман бисёр зани раҳмдил ҳастам. Масалан субҳ ба талбанда 10 доллар додам.

-Воҳ! Шавҳарат ба ин чӣ гуфт?

-Дастамро бўсида, ташаккур гуфт, чунки ў худаш буд.

7.Мард дуру дароз бо занаш баҳс доранд. Мард дар охир монда шуда ба занаш мегўяд:

-Майлаш, биё бо гуфти ту шавад…

-Дер шуд, ман аз фикрам гаштам!

8.Мард ба духтараш:

-Ин домодшаванда чӣ қадар даромад дорад?

-Аҷоиб падарҷон! Вай ҳам ҳамин хел савол дар бораи ту дод.

9.— Ҳамсояҳо тамоман гарангандчи бало! Соати се шаб батареяю деворҳоро мекўбанд. Хайрият ман хоб набудаму гитара менавохтам.
 
Назад
Верх Низ