КАСЕ ДАР ИН ШЕЪР ХУДАШРО ШИНОХТ

  • Автор темы Автор темы Tojik
  • Дата начала Дата начала
T

Tojik

Падаре бо писаре гуфт ба қаҳр:
Ки ту одам нашавӣ, ҷони падар.
Ҳайфи он умр ки ай бесару по,
Дар рахи тарбиятат кардам сарф.
Дили фарзанд аз ин ҳарф шикаст,
Бехабар аз падараш кард сафар.
Ранҷ бисёр кашиду пас аз он,
Зиндагӣ гашт ба комаш чу шакар.
Оқибат шуҳрату дороӣ ёфт,
Ҳокими шаҳр шуду соҳибзарб.
Чанд рӯзе бигузашту пас аз он
Амр фармуд ба эҳзори падар.
Падараш омада аз роҳи дароз
Назди ҳоким шуду бишнохт писар.
Писар аз ғояти худхоҳиву кибр
Назар афканд ба саропои падар.
Гуфт: гуфтӣ, одам нашавӣ
Ту кунун хасрату ҷоҳам бинигар.
Пир хандиду сараш дод такон
Ин нукта гуфту бурун шуд зи дар.
Ман нагуфтам, ки ту ҳоким нашавӣ.
Гуфтам: одам нашавӣ, ҷони падар
 
Чун Билол аз заъф шуд ҳамчун ҳилол,
Ранги марг афтод бар рӯи Билол.
Ҷуфти ӯ дидаш, бигуфто: "Во ҳараб!"
Пас Билолаш гуфт: "Не, не, во тараб!"
То кунун андар ҳараб будам зи зист,
Ту чӣ донӣ, марг чӣ айш асту чист?!"
Гуфт ҷуфташ: "Ал-фироқ, ай хушхисол!"
Гуфт: "Не, не, ал-висол аст, ал-висол."
Гуфт: "Имшаб дар ғарибӣ меравӣ,
Аз табору хеш хоиб мешавӣ".
Гуфт: "Не, не, балки имшаб ҷони ман
Мерасад худ аз ғарибӣ дар ватан".
Гуфт: "Рӯятро куҷо бинем мо?"
Гуфт: "Андар ҳалқаи хоси Худо.
Ҳалқаи хосаш ба ту пайваста аст,
Гар назар боло кунӣ, не сӯи паст".
Гуфт: "Вайрон гашт ин хона, дареғ!"
Гуфт: "Андар маҳ нигар, мангар ба меғ!"
Кард вайрон то кунад маъмуртар,
Қавмам анбуҳ буду хона мухтасар.
Ман гадо будам дар ин хонай чу чоҳ,
Шоҳ гаштам, қаср бояд баҳри шоҳ.
Қасрҳо худ мар шаҳонро маънас аст,
Мурдаро хона макон гӯре бас аст.
Анбиёро танг омад ин ҷаҳон,
Чун шаҳон рафтанд андар ломакон.
 
Назад
Верх Низ