КАМАР ШИКАСТ ҒУБОРУ...

  • Автор темы Исфандиёри Назар
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
(Дар сӯги Мирзо Муҳйиддин Олимпур)
“Бад-он нишона паридӣ в-аз ин камон рафтӣ.”
FB_IMG_1707926161197.jpg
FB_IMG_1707926157448.jpg

Мавлоно
Камин надида, ба тире аз ин камон рафтӣ,
Замин нахӯрда, на гире, аз ин замон рафтӣ!
Раҳо намуда чаманро ба коми зоғу заған,
Чу бози давлат аз ин куҳнаошён рафтӣ.
Дар осмона чароғи куҳан чу рушан кард,
Худо, ту бол гушудӣ бар осмон рафтӣ.
Камар шикаст ғубору ба хоки худ биншаст,
Ба корвони шаҳидон чу аз миён рафтӣ.
Дигар тамом шуд ин халқу аз даҳон уфтод,
Ки номдор ту будиву аз даҳон рафтӣ.
Ҷавонӣ чист? Надонам, ки сахт пирам кард
Фалак, зи ғуссаи ин ғам, ки ту ҷавон рафтӣ.

Исфандиёри Назар
15.12.1995
Дарғ
 
Верх Низ