Исёни Муканнаъ (Нехзати Муканнаъ)

Тадриҷан афзудани бедодгариҳои арабҳо мардумро ба маҳрумӣ дучор гардонд, ки дар натиҷа ҳисси бадбинии аҳолии заҳматкаш ва ҳама табақаҳои иҷтимоии Хуросону Мовароуннаҳр нисбат ба Хилофати Аббосиён боло гирифт, ва он сабаби сар задани ҷунбиши халқӣ гардид. Ин ҷунбиши халқӣ солхои 70-80-уми асри VIII дар Мовароуннаҳр руй дод ва он дар таърих бо номи “исёни Муқаннаъ” машҳур аст. Сарвари исёнро Муқаннаъ ба ӯҳда дошт. Муқаннаъ дар дехаи Козаи наздикии шахри Марв зиндагӣ мекард. Номи аслии у Ҳошим ибни Ҳаким (776-780) ва Муқаннаъ бошад, лақаби ӯст. Худи калимаи “муқаннаъ” арабӣ буда, маъниаш чодарпӯш ва ё ниқобдор аст. Ин лақаб ба иллати он, ки Муқаннаъ ҳама вакт ба рӯяш чодари сабз пӯшида мегашт, ба ӯ дода шудааст. Исёни Муқаннаъро таърихнависон бештар шӯриши сафедҷомагон мегӯянд. Ӯ дар лашкари Абумуслим мансаби сарҳанг, яъне рохбари дастаи ҳарбиро иҷро мекард.

Муқаннаъ дар солҳои 50-уми асри VIII ба тарғиботи ақидаҳои маздакиён дар хусуси баробарии иҷтимоӣ ва ҳаёти озодонаи шахрвандон шурӯъ карда, барои барқарор кардани ин ғояҳо одамонро ба муборизаи фаъол даъват намуд. Барои чунин ташфиқот дар солхои 60-уми асри VIII ҳукуматдорони Хилофати Араб ӯро дар маҳбасхонаи Бағдод бандӣ карданд. Баъди чанд соли ба ҳабс афтидан Муқаннаъ аз зиндон гурехта, ба Марв омад ва ба муборизаи ҷиддӣ шурӯъ кард. Вай соли 766 ба ноҳияҳои гуногуни Мовароуннаҳр барои ба исён бархезондани мардум пайравони худро фиристод. Тарафдорони Муқаннаъ ба водии Қашқадарё, махсусан ба Кешу Нахшаб ва атрофи Бухоро ҷамъ омаданд. Маркази тарғиботии онҳо деҳаи Субҳ дар Кеш буд.
Барзгарону хунармандон, кадеварону деҳқонони мулкдор ва қисман аҳолии бенавою миёнаҳол ба даъватҳои Муқаннаъ гаравида, ӯро пайравӣ мекунанд. Дар як муддати кӯтоҳ водии Қашкадарё ба дасти пайравони Муқаннаъ гузашта, ҳаракати сафедҷомагон васеъ паҳн шуда ба шӯриши бениҳоят калони халқӣ табдил меёбад. Ин исён дар қисматҳои марказии Мовароуннаҳр, махсусан дар Суғд, водии Чоч ва Илок пайравони зиёде пайдо карда, ба табақаҳои гуногуни ҷомеа таъсир мерасонад. Ҳар як гурӯҳ ва табақаи иҷтимоӣ дар исёни Муқаннаъ манфиатхои худро медиданд. Агар халқи оддию меҳнаткаш барои халос шудан аз зулму истисмор ва нобаробарии иҷтимоию иқтисодӣ ба шӯриш гаравад, табақаи сарватманди ҷомеа бо мақсади хокимиятро аз дасти арабҳо пурра гирифтан, ба исён гаравида, онро ҷонибдорӣ мекард. Мақсади умумии исёнгарон дар маҷмӯъ озод кардани Ватан, яъне Мовароуннаҳру Хуросон аз зулму истибдоди истилогарони араб ва ташкил кардани давлати мустақил буд.

Соли 775 пайравони Муқаннаъ дар дехаи Нумиҷкати Бухоро чой гирифта, шаб ба масҷиди он чо даромада, муаззин ва понздаҳ нафари дигарро кушта, мулки феодалон ва руҳониёнро мусодира карданд, инчунин заминҳои вақфро низ ба даст дароварданд. Ин вокеъа ба шӯриши умумӣ як ишорае шуд ва исён дар як муддати кӯтоҳ ба тамоми Мовароуннаҳр пахн шуд. Ситоди исёнгарон деҳаи Наршахи наздикии Бухоро буд. Дар ин марҳила ба исён туркон низ ҳамроҳ шуданд. Соли 776 дар назди деҳаи Наршах байни қувваи ҳарбии арабҳо ва пайравони Муқаннаъ муҳорибаи хунине ба миён омад, ки дар он исёнгарон шикаст хӯрда, хафтсад нафар аз пайравони Муқаннаъ сари худро дар роҳи талаби озодӣ курбон карданд. Вале ин ғалабаи арабхо вазъияти харбию сиёсиро тагйир дода натавонист. Арабҳо исёни сафедчомагонро дар Наршах суст карда, барои мубориза бурдан бо пайравони онҳо ба Самарқанду Кеш кувваи харбӣ сафарбар карданд.

Халифаи араб ал-Маҳдӣ (775-785) Саид-ал-Харроширо амири Хуросон таъин карда, тамоми кувваи ҳарбии арабҳоро барои пахш кардани исёни сафедҷомагон ва асир гирифтани Муқаннаъ сафарбар кард. Сафедҷомагон дар якҷоягӣ бо туркон дар Самарқанд ба муқобили арабҳо ду сол ҷангиданд ва азбаски қувваҳои ҷангӣ нобаробар буд, пайравони Муқаннаъ шикаст хӯрда, Самарқандро ба арабҳо таслим карданд. Пас аз ин нерӯи ҷангии арабҳо бо сарварии Саид ал-Ҳаррошӣ барои саркӯб кардани сафедҷомагон ба водии Қашқардарё, яъне шаҳри Кеш ҳуҷум карданд. Дар марҳилаи охирини задухӯрдҳо дар водии Кеш пайравони Муқаннаъ дар кӯҳҳо ва гирду атрофи қалъаи Сиём муттаҳид шуда, ба муқобили арабҳо ҷангиданд. Марҳилаи нави бархӯрдҳоро дар Кеш амири нави Хуросон Мусайяб ибни Зуҳар (780-783) сарварӣ кард. Пайравони Муқаннаъ аз ҷониби арабҳо ба муҳосира гирифта мешаванд. Баъди муҳосираи дарозмуддат ва ҷангҳои тӯлонӣ арабҳо, ки қувваи бениҳоят зиёд доштанд, қалъаи дастнорас, яъне қароргоҳи Муқаннаъро ишғол намуда, исёнро шикаст медиҳанд. Бародари Муқаннаъ Қабзам бо се ҳазор нафар, фармондеҳи мудофеони қалъаи Сиём Сармоҳа бо се ҳазору сесад нафар исёнгарон ба сарлашкари араб Саид ал-Ҳаррошӣ таслим мешавад, вале Муқаннаъ ба душман зинда таслим шудан нахоста, худро ба оташи танӯри фурӯзон партофта, ба ҳалокат мерасад. Ҳамин тавр ин шӯриш соли 783 пахш карда мешавад, вале пайравони Муқаннаъ то муддатҳои тӯлонӣ зингдагӣ мекарданд ва номи пешвои худро низ зинда нигоҳ медоштанд.
 
Верх Низ