Аз ёдоштҳои соли 2013 Саидумар Ҳусайнӣ:
“Теша ба решаи хеш мезанем” Муовини раиси ҲНИТ бо хотирнишон кардани ин воқеият, ки ҳар фарди мусалмон аз шунидани ончи ахиран дар МН гузашт ангушти надомат мегазад, ки наход намояндагони як ҷомеаи мусалмонӣ омӯзиши маърифатро дар радифи ҷиноёту қонуншиканӣ қарор бидиҳад, тасреҳ кард: “Агарчи забон намегардад, ки ба суол ҷавоби мусбат дода шавад, аммо мутаассифона, воқеият таврест, ки теша ба решаи хеш мезанем.”
Ба гузориши пойгоҳи интернетии ҲНИТ, Саидумар Ҳусайнӣ, муовини раиси ҲНИТ ва вакили МН, дар мақолае таҳти унвони “Маърифатнокиро ҷавобгарӣ набояд” дар ҳамин пойгоҳ, бо таъкид бар ин ки “маърифат” вожае мебошад, ки рӯҳ ва ақли инсон аз шунидани он ҳаловат мебарад ва дар ҳар асру замон ҷомеъаи солими башарӣ фарзандони хешро барои аз бар кардани маърифат ташвиқ ва тарғиб намуда, тасреҳ мекунад: “Таърихи ниёкони мо саршор аз мисолҳоест, ки ин ҳақиқатро тасдиқ менамояд. Ба вижа таърихи исломии миллати мусулмони мо баёнгари он аст, ки маърифат ва омӯзиши ҳама гуна илм беҳтар аз ҷаҳл ва надонистани он аст. Таълимоти дини мубини Ислом бошад, маърифат ва омӯзишро нахустин фаризаи динӣ дониста, онро дар мақоми хеш аз ибодот афзалтар донистааст.”
Вай меафзояд: “Бар ин асос, дини мубини Ислом, ки гоҳо ба ақибмондагӣ ва асримиёнагӣ будан таъна зада мешавад, пайравони хешро ба омӯхтан ва маърифатнок шудан дар ҳама улум ташвиқ ва тарғиб менамояд. Ислом ҳамчун дини ҷомеъасоз дар китоби муқаддаси хеш мақом ва мартабаи маърифат ва аҳли онро хеле намоён нишон додааст. Ин дине, ки имрӯзҳо омӯзиш ва маърифати онро ҷиноят эътироф мекунанд, илм ва маърифатро дар умум, сабаби каромат ва қадосати инсонӣ бар дигар офаридаҳои Худованд медонад: «Лақад каррамно бани Одама» (Ҳаққо, ки фарзанди Одамро каромат додам). Бо иттифоқи орои аксари муфассирин, он каромат илму маърифат аст. Аз тарафи дигар Худованди ин дин то он ҷо илму маърифатро муҳим донистааст, ки дар Қуръони каримаш ҳатто омӯзиш ва маърифати илми сеҳру ҷодуро иҷоза дода, танҳо бандагонашро аз истифодаи он манъ намудааст.”
Ҳусайнӣ бо ишора ба ин ки Паёмбари Худованд (с) ҳанӯз 1400 сол муқаддам пайравони хешро ба омӯхтани илму маърифат бо ҳама навъаш, ҳатто ба улуми ғайридинӣ низ амр дода буд, меафзояд: “Дар муқаддимаи мӯътабартарин китоби мазҳаби ҳанафӣ китоби «Ҳидоя» омадааст: «Алфанну хайрун куллуҳу» (ҳамаи фанҳо хайранд). Дар тамоми кутуби исломӣ, ҳар ҷо ки сухан аз маърифат ва илм меравад, байни улум ва маърифати динӣ ва ғайридинӣ фарқ гузошта намешавад. Чунки омӯзиш ва маърифати ҳама улум дар ҷомеъаи башарӣ на танҳо иҷоза аст, балки аз ҷумлаи фароиз ва зарурот мебошад.”
Вай идома медиҳад: “Вале ҷои таассуф аст, ки имрӯз дар асри 21, асри илму технология, дар асре, ки ҷаҳон бояд тавассути илм идора карда шавад, омӯзиш ва маърифатро барои миллате, ки Синою Беруниро дорад, маҳдуд менамоянд. Агар пешвоён ва устодони макотиби дунявӣ (ғайридинӣ), ҳокимони кишварҳои аврупоӣ ва Амрико, дар кишвари Эрон омӯзиш ва маърифати дунявӣ, яъне соҳиб гардидани он миллат ба маърифат ва донишҳои ҳастаиро манъ намоянд, пас дар кишвари Тоҷикистон шогирдони онҳо, яъне пайравон ва аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омӯзиш ва маърифати диниро манъ менамоянд. Имрӯзҳо касе дар бораи манъ намудани миллати Эрон аз соҳиб шудан ба маърифати улуми ҳастаӣ, ки аз улуми дунё ба шумор меравад, шак ва тардиде надорад, чунки тамоми расонаҳои ҷаҳон аз ин монеъагузорӣ хабар медиҳанд.”
Ҳусайнӣ бо ёдоварии ин матлаб, ки шояд хонандаи гиромӣ дар бораи манъ намудани маърифати динӣ аз ҷониби намояндагони мардумии Тоҷикистон, ки 98% сокинони он мусулмонон мебошанд шак ва ё нобоварие пайдо намояд, тасреҳ мекунад: “Барои бартараф намудани ин шак ва тардид, мисоле аз ҷаласаи Маҷлиси Намояндагони кишварро, ки зиёда аз 80% онро намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, шогирдони ҳамон мактаби дунявӣ ташкил медиҳанд, меоварам... 6 июни соли 2012 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар қатори дигар лоиҳаҳо лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ ба тасвиб расид. Ин лоиҳа низ дар қатори аксар лоиҳаҳои пешниҳодшаванда, аз ҷониби ҳукумати кишвар ба маҷлис ирсол гардида буд, ки мубтакирони он низ аксаран аъзои ҲХДТ мебошанд. Ҳизбе, ки худро пойбанди таълимоти мактаби дунявӣ медонад ва ҳукуматеро, ки ташкил додааст, низ бар асоси дунявӣ бино ниҳодааст. Ҳатто таълимотро низ дар маъорифи миллат хусусияти дунявӣ бахшидааст.”
Вай идома медиҳад: “Дар асоси ин лоиҳаи тасвибшуда дар қатори дигар ҷазоҳои дар ин лоиҳа барои шаҳрвандони маърифатхоҳ ва иттиҳодияҳои динӣ дар назар гирифташуда минбаъд иттиҳодияҳои динӣ низ барои фаъолиятҳои маърифатӣ дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти миёнаи умумӣ... ҳатто дар манзили истиқоматии шаҳрвандон низ ҷазо хоҳанд гирифт. Аз бандҳои дигари ин лоиҳа, ки иртибототи байналмилалиро барои иттиҳодияҳои динӣ дар асри интернету фейсбук манъ мекунад, касро ба ҳайрат мегузорад.”
Вакили МН хотирнишон мекунад: “Дар вақти қабули ин лоиҳа аз ҷониби вакил Муҳиддини Кабирӣ дар қатори дигар интиқодоташ чунин пешниҳод гардид: вакилони мӯҳтарам! Фаъолияти маърифатӣ, ки ҳоло барояш ҷазо таъйин менамоем, худ як падидаи мусбат мебошад. Шояд рӯзе фаро расад, ки мо барои фаҳмонидани ҳуқуқ ва эҳтироми муаллим аз нигоҳи Ислом ба мактаббачаҳо аз намояндагони дин хоҳиш намоем, дар ин бора даср бигӯянд. Ҳоло агар ин лоиҳаро ба шакле ки ҳаст, қабул намоем, роҳи худро мебандем. Бинобар ин пешниҳод менамоям, ки калимаи «маърифатӣ» аз лоиҳа бароварда шавад, то мо касоне набошем, ки барои маърифатнокӣ ҷазо муайян намоем, аммо таассуф...”
Ҳусайнӣ дар поёни мақолаи худ ёдовар мешавад: “Оре, воқеан ҷойи таассуф аст ва ҳар фарди мусалмон аз шунидани ин хабар ангушти надомат мегазад, ки наход намояндагони як ҷомеаи мусалмонӣ омӯзиши маърифатро дар радифи ҷиноёту қонуншиканӣ қарор бидиҳад? Агарчи забон намегардад, ки ба суол ҷавоби мусбат дода шавад, аммо мутаассифона, воқеият таврест, ки теша ба решаи хеш мезанем. Вале боз ҳам худро бо он тасалло медиҳем, ки онҳо намояндагони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон - шогирдони содиқи мактаби дунявӣ мебошанд; мактабе, ки гоҳо маърифати дунявӣ ва гоҳо маърифати диниро ҷиноят дониста, миллатеро, ки илму маърифат шиори ӯст ва дину оин бо рӯҳу ҷони ӯ омехтааст, ҷазо медиҳанд. Шояд онҳо дар ихтиёри худ нестанд ва намедонанд, ки чӣ мехоҳанд ва ё хоҳиши касеро бароварда месозанд?! Ба ҳар ҳол, бори сангини ин ҳама ба дӯши миллат, ки таърихан маъорифпарвар ва диндӯст мебошад, хоҳад монд.”