Гули Мурод Гулов

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
То биорам пулу мол,
Кунам сафари Шимол
Дасти бачема ҳалол*
Бояд ба Расӣ бирам.
Шароит басо ганда,
Чордаҳ сари хуранда
Ҳама ба души банда,
Бояд ба Расӣ бирам.
На кор асту на маош,
Аз куҷо шӯрбову ош?
Меъда шикоф аз сӣ ҷош,
Бояд ба Расӣ бирам.
Безамину сарҳатем,
Бист сол шуд дар навбатем,
Дар чандум рӯихатем...?
Бояд ба Расӣ бирам.
То ба кай кадухурӣ?
Кавари бадбӯхурӣ,
Орди навъи 2- хурӣ?
Бояд ба Расӣ бирам.
Зиндагӣ чу санг шудаст
Шароитам танг шудаст,
Саракам гаранг шудаст,
Бояд ба Расӣ бирам.
То пагаҳ гар намирам
Роҳкиро қарз бигирам,
Нагирам,ар,мемирам,
Бояд ба Расӣ бирам.
Умедҳоям бор надод,
Қаламҳоям кор надод,
Шикорам барор надод,
Бояд ба Расӣ бирам.
Чи аламҳое дидам,
Ранҷҳоеро кашидам,
Дар Ватан нағунҷидам,
Бояд ба Расӣ бирам.
Хоҳе,сари кӯ бошед,
Хоҳе, лаби ҷӯ бошед
Ёрон,дуогӯ бошед,
Бояд ба Расӣ бирам...
 
Х

Хушвахт Наимов

Меҳмон
Чун Муродбой зиёдем,
Аз пули кам ношодем
Барои пули дору,
Бояд ба Роси бирам.
 
Н

Нисо Зиёева

Меҳмон
Рохи сафед бародар,
Бахту умед бародар,
Бо сари баланд баргард,
Назди авлод бародар
 
Ш

Шамсиддин Гиёсов

Меҳмон
Муродбои бечора,
Пули билет надора.
Барои халли чора,
Бояд Роси бирам.
 
O

Omar Surush

Меҳмон
Хаштод сари сол шуд,
Ҷанги Гирмон тамом шуд.
"ЛЕОПАРД"-ош бедор шуд,
Бояд ба Роси бирӣ !
 
Верх Низ