ГИРЯҲОИ НОГИРИСТА

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Гиряҳои ногириста дар дилам дарё шуда,
Қатра- қатра ашк обанбори ҳасратҳо шуда.
Тифли фарёди маро дар буғзи дил куштанд, ҳайф,
Дуди оҳам доғҳои лолаи саҳро шуда.
Ашк пинҳон, ишқ пинҳон, дард пинҳон, ғам ниҳон,
Бо ҳама дарбастагиҳо ғунчаи лаб во шуда.
Оина ҳар субҳ месозад мани хушбахтро,
Бар табассумҳои сунъиям чаман шайдо шуда.
Нест дар дунё миёни милярдҳо як нафар,
Ҳамдаму ҳамрози дил имрӯз нопайдо шуда.
Меҳр меҷӯед аз ҳар як нигоҳи одамон?
Бехабарҳо, меҳр ҳам қиматтарин коло шуда.
Дил надорад арзишу вазне дар ин давру замон,
Ишқ дар бозори ҳусни сохта савдо шуда.
Розҳои нонавишта вожа- вожа, ҳарф- ҳарф,
Саҳфа-саҳфа ҳаҷми як девони Мавлоно шуда.
 
Верх Низ