Достони “Лайли ва Маҷнун”-и Низомии Ганҷавӣ / Низоми Ганчави

Навиштани достони “Лайлӣ ва Маҷнун”ро аз Низомии Ганҷавӣ, ки он вақт ҳамчун муаллифи маснавии динию ахлоқӣ ва фалсафии “Махзануласрор” ва достони “Хусрав ва Ширин” ном бароварда буд, ҳокими вақти Шарвон хоҳиш намудааст.

Вале шоир ба сабаби танг будани чаҳорчӯби афсонаи Лайлию Маҷнун, дур будани тафсири нишот аз он ва сухани бараҳна буданаш дар эҷоди он дудила будааст.

Лекин чӣ кунам ҳаво дуранг аст,
Андеша фароху сина танг аст.

Даҳлези фасона чун бувад танг,
Гардад сухан аз шуд-омадан ланг.

Майдони сухан фарох бояд,
То табъ саворие намояд.


Баъдан бо исрори фарзандаш Муҳаммад ба таълифи он сар мекунад ва дар зарфи камтар аз чаҳор моҳ дар таърихи 30 раҷаби санаи 584 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 24 сентябри соли 1188 ба итмом мерасонад.

Ин чор ҳазор байт аксар
Шуд гуфта ба чор моҳ камтар,
Гар шуғли дигар ҳаром будӣ,
Дар чорда шаб тамом будӣ.


Қиссаи Лайлию Маҷнун пеш аз Низомӣ дар шакли пароканда ва пора-пора дар манбаъҳои гуногуни адабӣ ва таърихӣ вуҷуд дошт. Шоир нахустин касест, ки бо офаридани достони “Лайлӣ ва Маҷнун” онро дар қолиби муайян ва ягона рехт, ба он тафсири худро дод, рӯҳи худро дамид ва аз маводи арабӣ асаре офарид, ки моли адабиёти форсии тоҷикӣ гардид ва дар замонаи муаллиф ва асрҳои баъдӣ шуҳрати беандоза ёфт.

Аз рӯйи ривояти Низомӣ, бузургворе аз мулки Араб дар талаби фарзанд буд, ӯ писар меёбад ва номашро Қайс мемонад. Вайро ба мактаб медиҳад. Дар он ҷо офатнарасида духтари хубе бо номи Лайлӣ мехонд. Онҳо ба ҳам дил медиҳанд. Қайси бесабру таҳаммул аз ишқи Лайлӣ ҳолате дошт, ки атрофиёнаш ӯро ба ҷунунӣ бадном мекунанд ва ба ӯ лақаби Маҷнун, яъне девонаро медиҳанд. Падараш ба Маҷнун панди судманд медиҳад, лекин он ба вай асар намекунад.

Панд арчи ҳазор судманд аст,
Чун ишқ бувад, чӣ ҷойи панд аст!


Падари Маҷнун ба хостгории Лайлӣ меравад, аммо ҷавоби рад мегирад. Падари Лайлӣ бадромӣ, бадкомӣ ва девонагии Маҷнунро баҳона мекунад ва мегӯяд, ки девона ҳарифи (ҳамнишини) мо нашояд. Вай ба падари Маҷнун маслиҳат медиҳад, ки писарашро аввал ба дуо инояте кунад, саломат гардонад ва баъд аз пайи хостгории Лайлӣ шавад.

Фарзанди ту ҳаст гарчи бадром,
Фаррух набувад, чу ҳаст бадном.

Девонагие ҳаменамояд,
Девона ҳарифи мо нашояд.

Аввал ба дуо инояте кун
В-он гаҳ зи вафо ҳикояте кун!

То ӯ нашавад дурустгавҳар,
Ин қисса нагуфтан аст беҳтар.


Падари Маҷнун ӯро ба зиёрати хонаи Каъба мебарад. Ҳангоми зиёрат Маҷнун ба ҷойи талаби растан аз ҳалқаи ғам, расидан ба растагорӣ ва озод шудан аз балои ишқ аз Худо талаб мекунад, ки аз ишқ ӯро ба ғояте расонад ва ҳар лаҳза майли зиёдтаре ба Лайлӣ диҳад.

Маҷнун чу ҳадиси ишқ бишнид,
Аввал бигирист, пас бихандид.

Аз ҷой чу мори ҳалқа барҷаст,
Дар ҳалқаи зулфи Каъба зад даст…

Ё раб, ба худоии худоит
В-он гаҳ ба камоли подшоит,

К-аз ишқ ба ғояте расонам,
К-ӯ монад, агарчи ман намонам.

Аз чашмаи ишқ деҳ маро нур
В-ин сурма макун зи чашми ман дур.

Гарчи зи шароби ишқ мастам,
Ошиқтар аз ин кунам, ки ҳастам!

Гӯянд, ки: “Хӯ зи ишқ во кун,
Лайлиталабӣ зи дил раҳо кун!”

Ё раб, ту маро ба рӯйи Лайлӣ
Ҳар лаҳза бидеҳ зиёд майле.


Ҳамқабилаҳои Лайлӣ аз ишқи Маҷнун ор карда, қасди куштани ӯ мекунанд. Аз ин падари Маҷнун огоҳӣ меёбад ва ба писараш панд медиҳад. Маҷнун дар ҷавоби падар мегӯяд:

Даргоҳи ту қиблаи суҷудам,
Зинда ба вуҷуди ту вуҷудам.

Хоҳам, ки ҳамеша зинда монӣ,
Худ бе ту мабод зиндагонӣ!

З-ин панд хазинае, ки додӣ,
Бар сӯхта марҳаме ниҳодӣ.

Лекин чӣ кунам мани сияҳрӯй?
К-афтода ба худ наям дар ин кӯй.

З-ин раҳ, ки на бар қарори хешам,
Донӣ, на ба ихтиёри хешам.

Ман баставу бандам оҳанин аст,
Тадбир чӣ суд, қисмат ин аст!


Дар дашту биёбон Маҷнун ба амир Навфал вомехӯрад, Навфал аз қиссаи ишқи Маҷнун огоҳӣ меёбад ва ваъдаи расонидани ёриро ба ӯ медиҳад, бо қабилаи Лайлӣ ҷанг мекунад. Аз ҷониби қабилаи Лайлӣ ба муқобили Навфал дар ҷанг иштирок доштани Маҷнун ва ба ёрии лашкари худ шитофтани ҳамқабилаҳои Лайлӣ Навфалро ба сулҳ водор месозад. Аммо кинояи Маҷнун Навфалро маҷбур мекунад, ки ӯ дубора ба ҷанги зидди қабилаи Лайлӣ бархезад ва пирӯзӣ ба даст биёрад. Вале якравии падари Лайлӣ имкон намедиҳад, ки Маҷнун ва Лайлӣ ба ҳам расанд. Падари Лайлӣ куштани ӯ ва пеши саг афканданашро авлотар аз расиданаш ба Маҷнун медонад ва мегӯяд:

Аммо надиҳам ба дев фарзанд,
Девона ба банд беҳ, ки дар банд…

Буррам сари он арӯси чун моҳ,
Дар пеши саг афканам дар ин роҳ,

То боз раҳам зи ному нангаш,
Озод шавам зи сулҳу ҷангаш!

Фарзанди маро аз ин таҳаккум
Саг беҳ, ки хурад, на девмардум.


Лайлиро ба Ибни Салом медиҳанд, аммо Лайлӣ ба вай сар намефурорад.

Лайлиш тапончае чунон зад,
К-афтод ба сони мурда бех(в)ад.


Маҷнун аз шавҳар кардани Лайлӣ огоҳӣ меёбад ва аз бевафоии Лайлӣ шикоят мекунад. Аз Лайлӣ ба ӯ номае мерасад, ки дар он аз вафодорӣ ва покдоманиаш сухан мерафт. Лайлӣ дар номааш ба Маҷнун аз ҷумла чунин хитоб кардааст:

К-ин нома, ки ҳаст чун паранде
Аз ғамзадае ба дардманде,


Яъне зи мани ҳисорбаста
Наздики ту, эй қафасшикаста.

Эй ёри қадимаҳд чунӣ?
В-эй Маҳдии ҳафт маҳд, чунӣ?

Эй хозини ганҷи ошноӣ,
Ишқ аз ту гирифта рӯшноӣ.

Эй хуни ту дода кӯҳро ранг,
Сокин шуда чун ақиқ дар санг.

Эй чашмаи Хизр дар сиёҳӣ,
Парвонаи шамъи субҳгоҳӣ.

Эй аз ту фитода дар ҷаҳон шӯр,
Гӯре ду-се карда мӯниси гӯр.

Эй захмгаҳи маломати ман,
Ҳамқофилаи қиёмати ман.

Эй раҳм накарда бар тани хеш
В-оташ зада-бар ба хирмани хеш.

Маҷнун низ номаи ҷавобӣ мефиристад. Онҳо дар қароргоҳи миъод (ҷойи ваъдагӣ) ба ҳам мулоқот мекунанд, аммо ба ҳам наздик намешаванд, даҳ гом дуртар меистанд. Лайлӣ мегӯяд:

Гар з-он ки ба шӯй дил надодам,
Охир, на чунон ҳаромзодам.
З-ин беш қадам задан ҳалок аст,
Дар мазҳаби ишқ айбнок аст.


Маҷнун боз ба саҳрову биёбон бармегардад, Лайлӣ бемор мешавад ва мемурад. Маҷнун ба турбати Лайлӣ меравад ва дар он ҷо ҷон медиҳад.

Ноланда зи рӯйи дарднокӣ
Омад суйи он арӯси хокӣ.


Дар ҳалқаи он ҳазира афтод,
Киштиш дар оби тира афтод.

Ғалтид чу мӯри хастакарда,
Печид чу мори захмх(в)арда.

Байте ду-се зор-зор бархонд,
Ашке ду-се талх-талх бифшонд.

Бардошт ба сӯйи осмон даст,
Ангушт гушоду дида барбаст,

К: “- Эй холиқи ҳар чӣ офарида-ст,
Савганд, ба ҳар чӣ баргузида-ст!

К-аз меҳнати хеш вораҳонам,
Дар ҳазрати ёри худ расонам.

Озод кунам зи сахтҷонӣ
В-обод кунам ба сахтронӣ”.

Ин гуфту ниҳод бар замин сар
В-он турбати ӯ гирифт дар бар.

Чун турбати дӯст дар бар овард,
“Ё дӯст!” бигуфту ҷон баровард.

Тавре ки дидем, мавзӯи асосии “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомӣ баёни достони ишқи ғамангези Лайлӣ ва Маҷнун буда, шоир ба воситаи он ҳақиқатеро тасдиқ мекунад, ки ишқи пок дарду ғам аст ва барои он ки ин ишқ зуҳури тамом дошта бошад, муҳити муносиб ва созгоре лозим аст. Вагарна оқибати он мисли достони ишқи Лайлию Маҷнун ғамангез хоҳад буд.

Маҷнун дар тасвири Низомӣ аз барҷастатарин чеҳраҳои адабии адабиёти форсии тоҷикӣ ба шумор меравад. Маҷнун на танҳо содиқтарин ва бовафотарин инсони ошиқ аст, балки ӯ шоир, сурудхон, гуманист, сӯфӣ ва файласуфи бузург мебошад.

Афсӯс, ки замона ҷойи ин гуна шахсиятҳои барҷаста ва фавқулода набуд, бинобар ин ӯ аз ҷомеаи инсонӣ дурӣ гузида, рӯ ба саҳро меорад ва бо ҳайвонҳои ваҳшӣ унс мегирад. Ин канорагирӣ ва гӯшанишинии Маҷнун эътирозест ба замонаи номусоид, ба замонае, ки ишқи поки ӯро қурбони хурофот ва ҷаҳолати хонаводагӣ ва қабилагӣ месозад ва оқибат маҳкум ба марг менамояд.

Маҷнун ошиқи ишқи ҳақиқист, на маҷозӣ. Дурусташ ӯ аз мартабаи ишқи маҷозӣ ба ишқи ҳақиқӣ расидааст. Вай ба ин нукта дар ҷавоб ба ошиқ ва шоир Саломи Бағдодӣ таъкид намудааст. Маҷнун мегӯяд:

Бо ман ту нагунҷӣ андар ин пӯст,
Ман худкушаму ту хештандӯст.


Ман банди қабои худ кунам суст,
Ту бо дигаре камар кунӣ чуст.

Ман бутшикану ту бутпарастӣ,
Бо ман-т хатост ҳамнишастӣ.

Ман бастаи худ фишонам аз дӯш,
Ту бо дигаре шавӣ ҳамоғӯш…

Аз шаҳвати узрҳои хокӣ
Маъсум шуда ба ғусли покӣ.

З-олоиши нафс бозраста,
Бозори ҳавои худ шикаста.

Ишқ аст хулосаи вуҷудам,
Ишқ оташ гашту ман чу удам.

Ишқ омаду хос кард хона,
Ман рахт кашидам аз миёна.

Бо ҳастии ман, ки дар шумор аст,
Ман нестам, он чи ҳаст, ёр аст.

Лайлӣ дар тасвири Низомӣ духтарест, ки дар зебоӣ беҳамто ва ороста чу моҳе, аммо пойбанди хости падар, урфу одатҳои қабилаи хеш мебошад. Ӯ агарчи монанди Маҷнун дар рафтор ва гуфтори худ мустақил нест, вале аз ғаму ғусса дарун-дарун мисли шамъ месӯхт ва танҳо гоҳе аз беқарории худ хабар медод.

Лайлӣ, ки чароғи дилбарон буд,
Ранҷи худу ганҷи дигарон буд.


Ганҷе, ки кашида буд море
Аз ҳалқа ба гирди ӯ ҳисоре.

Гарчи гуҳари гаронбаҳо буд,
Чун маҳ ба даҳони аждаҳо буд.

Мезист дар он шиканҷаи танг
Чун донаи лаъл дар дили санг.

Шӯяш ҳама рӯз пос медошт,
Мехӯрд ғаму сипос медошт.

Дар суҳбати ӯ бути паризод
Монанди парӣ ба банди пӯлод.

Мекард ба чобукӣ шикебе,
Медод фиребро фиребе.

То шӯй бараш набуд, нолид,
Чун шӯй расид, дида молид…

Мехост, к-аз он ғам ошкоро
Гиряд нафасе, надошт ёро…

Аз ҳашмати шӯю шарми хешон
Мебуд чу зулфи худ парешон…

Месӯхт дар оташи ҷудоӣ,
Не дуд дар ӯ, на рӯшноӣ.

Вай бо ҳар роҳ кӯшиш мекард, ки бо ошиқаш вохӯрад, рози дил гӯяд ва ба дидораш комёб гардад, вале на ҳамеша барояш чунин имконият муяссар мешуд. Рӯзе ӯ бо баҳонае бо дугонаҳояш ба нахлистон меравад, аммо мақсади асосиаш дар паноҳӣ расидан ба дидори ёри ғариби хеш буд.

Не-не, ғаразаш аз ин сухун буд,
Не сурхгулу на сарвбун буд.


Будаш ғараз он ки дар паноҳӣ
Чун сӯхтагон барорад оҳе.

Ёбад зи насими гулситоне
Аз ёри ғариби худ нишоне.

Лайлӣ агарчи бинобар хости падар маҷбуран ба никоҳи Ибни Салом даромад, аммо исматашро нигоҳ дошт ва ба Ибни Салом таҳдид намуд, ки агар бори дигар дар талаби ком бардоштан аз ӯ шавад ва ҳатто бо теғ хунашро бирезад, ба вай таслим нахоҳад шуд.

Гуфт: “Ар дигар ин амал намоӣ,
Аз хештану зи ман бароӣ,
К-аз ман ғарази ту барнахезад,
Гар теғи ту хуни ман бирезад».


Лайлии дар ишқи Маҷнун содиқ ва вафодор дар лаҳзаҳои вопасини умраш ба модари меҳрубонаш ҳасрат мекунад ва мегӯяд:

Хун мехурам, ин чӣ меҳрубонист?!
Ҷон меканам, ин чӣ зиндагонист?!


Ва васият мекунад, ки тани беҷони ӯро, ки аз дурии дӯст мурдааст, шаҳид шудааст ва арӯси ноком аст, арӯсвор ороста кунад ва бо кафани хунин бигӯронад, то ормонҳои ношикастаашро бишканад.

К-он лаҳза, ки ҷон супурда бошам
В-аз дурии дӯст мурда бошам,


Сурма-м зи ғубори дӯст баркаш,
Нилам зи ниёзи дӯст даркаш.

Фарқам зи гулоби ашк тар кун,
Атрам зи шамомаи ҷигар кун.

Барбанд ҳанутам аз гули зард,
Кофур фишонам аз дами сард.

Хун кун кафанам, ки ман шаҳидам!
То бошад ранги рӯзи идам.

Ороста кун арӯсворам,
Биспор ба хоки пардадорам.

Лайлӣ дар дами вопасини умри пурғаму дардаш аз модари меҳрубону дилсӯзаш хоҳиш мекунад, ки овораи ӯ – Маҷнунро, ки тамоми умр азизвораш нигоҳ медошт, азиз дорад, ба хорӣ нигоҳ накунад ва бигӯяд, ки Лайлӣ аз меҳри ту тан ба хок дод, дар ошиқии ту содиқӣ кард ва ҷон дар сари ишқу ошиқӣ кард ва бо ишқи ту аз ҷаҳон бурун рафт.

Овораи ман чу гардад огоҳ,
К-овора шудам ман аз ватангоҳ,


Донам, ки зи роҳи сӯгворӣ
Ояд ба саломи ин аморӣ…

Аз баҳри Худо накуш дорӣ,
Дар вай накунӣ назар ба хорӣ.

Ман доштаам азизвораш,
Ту низ чу ман азиз дораш.

Гӯ: “Лайлӣ аз ин сарои дилгир
Он лаҳза, ки медарид занҷир,

Аз меҳри ту тан ба хок медод,
Бар ёди ту ҷони пок медод,

Дар ошиқии ту содиқӣ кард,
Ҷон дар сари ишқу ошиқӣ кард.

Аҳвол чӣ пурсиям, ки чун рафт?
Бо ишқи ту аз ҷаҳон бурун рафт”.

Лайлӣ ба шарофати ҳунари волои Низомии Ганҷавӣ ба чеҳраҳои мондагори на танҳо адабиёти форсии тоҷикӣ, балки адабиёти умумиҷаҳонӣ табдил ёфтааст.

Ду чеҳраи дигаре, ки достони “Лайлӣ ва Маҷнун”-и Низомиро хотирмон кардаанд, чеҳраҳои падари ғамхори Маҷнун ва модари меҳрубони Лайлӣ мебошанд. Онҳо рамзи меҳри бузурги падарию модарӣ ба фарзанд мебошанд. Агар модари Лайлӣ бар хилофи падараш маҳрами рози тамоми дарду ранҷҳои пинҳониву ошкорои ӯст, падари Маҷнун тамоми чораву тадбирҳои заруриро мебинад, ки ба дарди ишқи фарзандаш даво ёбад.

Маҷнун падарашро ёру ёвари худ, фарёдраси худ, неруи дили худ, устоди тариқат ва ғамхори ҳақиқати худ, насиҳатгари худ меномад ва вақте ки хабари марги ӯро аз забони шикорие мешунавад, нолаҳои ҷигарсӯзе мекунад ва худро фавран ба сари турбати падар мерасонад. Низомӣ бо баёни ҳолати Маҷнун пас аз шунидани хабари марги падараш ва суханҳое, ки ӯ дар ҳаққи вай мегӯяд, чеҳраи падари Маҷнунро барҷаста сохтааст.

Маҷнун зи навои он каҷоҳанг
Нолиду хамид рост чун чанг.

Худро зи дареғ бар замин зад,
Бисёр тапонча бар ҷабин зад.

З-орому қарор гашт холӣ,
То гӯри падар давид ҳолӣ.

Чун шӯшаи турбати падар дид,
Алмоси шикаста дар ҷигар дид.

Бар турбаташ уфтод беҳуш,
Бигрифташ чун ҷигар дар оғӯш…

Гуфт: “Эй падар, эй падар, куҷоӣ?
К-афсар ба писар наменамоӣ?

Эй ғамхури ман, куҷот ҷӯям?
Темори ғами ту бо кӣ гӯям?

Ту беписарӣ салоҳ дидӣ,
З-он рӯй ба хок даркашидӣ?!

Ман бепадарӣ надида будам,
Талх аст кунун, ки озмудам.

Фарёд, ки дурам аз ту, фарёд!
Фарёдрасе на ҷуз ту бар ёд!

Ёрам ту будию ёварам ту,
Неруйи дили диловарам ту.

Устоди тариқатам ту будӣ,
Ғамхори ҳақиқатам ту будӣ…

Фарёд барояд аз ниҳодам,
К-ояд зи насиҳати ту ёдам…

Ман карда дуруштию ту нармӣ,
Аз ман ҳама сардӣ, аз ту гармӣ.

Лафзе ба муроди ту нагуфтам,
Як шаб ба канори ту нахуфтам…

Ҷондӯстии туро ба ҳар дам
Ёд ораму ҷон барорам аз ғам…

Оҳ, эй падар, оҳ аз он чи кардам,
Як дард на, бо ҳазор дардам.
 
Верх Низ