БА МО ЧӢ...?

  • Автор темы Исфандиёри Назар
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
И

Исфандиёри Назар

Меҳмон
Гар теғи ҷафо синаи ту хаст, ба мо чӣ?
В-ар дасти туро ҳодиса барбаст, ба мо чӣ?
Моро чи ғам аз инки туро мор газида,
В-он мор, ки моро нагазидаст, ба мо чӣ?
Моро на касе дасту на кас гӯш буридаст,
Гар дасти ту, уфтодиву бишкаст, ба мо чӣ?
Мо уштури испед дар ин кӯча надидем,
Боми ту баланд, они дигар паст, ба мо чӣ?
Нар буд хари Лайлӣ ва ё мода? Напурсем,
Маҷнун чи қадар ранҷ кашидаст? Ба мо чӣ?
Гӯ об барад ними ҷаҳонро, чи тавон кард?
То дур зи ғам хонаи мо ҳаст, ба мо чӣ?
Испаҳбади мо сар шуда бар ҷӯхаи “доъиш”,
Ё рафту ба ҳар ҳодиса пайваст, ба мо чӣ?
Мо ҷумла ҳаминему аз ин беш набошем,
Гӯянда: - чи ҳушёру чи сармаст, - ба мо чӣ...

Исфандиёри Назар
14.04.2024
 
Верх Низ