Ғазли Ишқ!

Ш

Шоир

Меҳмон
Таровати муҳаббатат, ҳанӯз дар машоми ман.
Ҳанӯз пур-пури шароби ишқи туст, ҷоми ман.

Ба гуфтани ғазал куҷо адо шавад каломи дил,
Бишуд навишта сад асар, ба номи ту зи номи ман.

Сухан зиёду вақт кам, чи гӯямат, ки бишнавӣ,
Ба як сухан, азизи дил, ту ранҷи субҳу шоми ман?

Нафас-нафас зи бори ишқ бишканад миёни дил,
Дареғи нотамом монда кори нотамоми ман.

Заволи қалб мерасад, бигӯ куҷостӣ, куҷо?
Намурда дидани ту аст аз ҷаҳон мароми ман.

Биё ки дер мешавад, дақиқа кам, ғамам зиёд,
Биё чу нӯшдоруи ҳаёти бардавоми ман.

Ғайратҷон Ҳотамӣ
 
Верх Низ