S
Shoira Rahimjon

Ҳавои тозаро Худо дода,
Ҷамъи озодаро Худо дода.
Нест ҳоҷат гаҳе шикоятро,
Ризқи нододаро Худо дода.
Маст аз бодаи ҳамин ҳоло,
Ин майу бодаро Худо дода.
Обруи надида душман, аҳ,
Бар мани содаро Худо дода.
Дар биёбон шутурсавор туву
Сарви пиёдаро Худо дода.
Дар хиёбони Ширини танҳо,
Хусрави ҷодаро Худо дода.
Ба ҳузурам ҳамон ки рафт, расид
Мани дилдодаро Худо дода.
Ҳазор шукр, шукри ин неъмат,
Ҳавои тозаро Худо дода. Sh.R.