АНДӮҲИ ТИРАМОҲ

  • Автор темы Рудобаи Мукаррам
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
Р

Рудобаи Мукаррам

Меҳмон
Чӣ бухле дорад аттори табиат,
Ки бар поиз атри гул наборад?
Чу золе тирамоҳи зардрухсор
Умед аз оламу одам надорад.

Табассум аз лаби ӯ мисли турна
Ба сӯи ноумедӣ ҷовидон рафт,
Ҷило з-оинаи чашмони маҳзун
Мисоли умри инсон ноаён рафт.

Равад бар чор сӯ нолону ҳайрон
Хаёли ӯ мисоли марди дарвеш.
Ту мегӯӣ ҳавас дар ҷони ӯ мурд,
Ки дорад ранги зарду синаи реш.

Ба гӯши ӯ чу дилозурда ёре
Насими шӯх рози дил нагӯяд.
Шуда аз ранги гул маъюс ошиқ,
Дигар раҳ ҷониби бӯстон наҷӯяд.

Дигар андар канораш хуни лола
Ба шарёни тану ҷонаш наҷӯшад.
Чаман мотам гирифта дар азояш,
Зи андӯҳ куртаи зебо напӯшад.

Касе аз дасти ӯ хуррам набошад.
Ҳама ашҷор рӯзарданду сархам.
Замин ҳам мисли моми солхӯрда
Хазон резад, хазони ашки пурғам.

Ба дил дорад ҷароҳат золи поиз,
Надорад ғуссааш ҳадду карона.
Зи бас саргаштаи роҳи хаёл аст,
Куҷо ёбад зи дилсузӣ нишона?

Ба гӯши рӯди кӯҳӣ рози дил кард,
Гиреҳ аз дарди ӯ бо гиря бикшод.
Бигуфто: қисмати мо инчунин аст,
Макун аз гардиши айём фарёд.
 
Верх Низ