Рӯзии Ғанизод менависад:
Агар он турки Шерозӣ ба даст орад дили моро,
Ба холи ҳиндуваш бахшам, бигуфт Ҳофиз сабоҳоро.
Ба он турке, ки холи ӯ ба ҳиндӯе бувад монанд,
Бубахшидаш тану ҷону ду сар қанду ду хурморо.
Нагӯяд кас ба ширини ғазалҳо инчунин Ҳофиз,
Ҷавоҳир, лаълу ёқут аст, ба қиммат ин гуҳарҳоро.
Фиғон з-ин тӯтиёни ширахорон, ки намедонанд,
Тариқат инчуниин нодир, мақоме тахти волоро.
Кадомин ғӯли саргашта ба ӯ нисбат чизе гӯяд,
Нагӯяд Ҳофизи Шероз ба амсол, санги хороро.
Ҳама ҳарфаш зи Қуръон буд, Ҳадиси Мустафо ёраш,
Ба сони мурғи Ҷаннат буд, набуд тӯтӣ шакархоро.
Чунон буд сӯфию софӣ, фано дар олами фонӣ,
Сурӯши ақли кулл омад тавофи пири доноро.
Шаби Меъроҷ паси парда зи сирри дӯстон огаҳ,
Шунуд он чи, ки Ҳақ гуфташ, шафоъат кони уқборо.
Ба сӯе гар назар андохт, ки тӯлаш сад ҳазорон буд,
Яқин дид Аршу Курсию ҳам он Мисоқу ухроро.
Зи сирри аввалу охар бувад огаҳ валиййи аср,
Вале мӯҳри сукут барбаст, тамоми ҷумла аҷзоро.
Сухан чандон парешонӣ, нагуфт ҳаргиз ба нодонӣ,
Ҳар он ҳарфе, ки ӯ гуфтаст чи дони шарҳу маъноро.
Сухан аз Каҳкашон боло бибурд он булбули Шероз,
Башорат баҳри ӯ омад, фалак иқди Сурайёро.
Тамоми ҳастиро эй дил фидояш мекуни ҳеҷ аст,
Ду олам хоки пои он насим боди Мусаллоро.
Пири Ҷом бо сари таъзим “Лисонулғайб” хондаш ӯро,
Дигар аз ин чи мехоҳи асири ишқи якторо.
Ба чордаҳ раҳ ки Қуръонро баён кардаст ҳам тафсир,
Худоё, фазл бинмою насиб гардон ҳамин моро.
Нагӯяд кас ба ширини ғазалҳо инчунин, Рӯзӣ,
Ки ҳар ҳарфаш бувад ганҷе, ба маънӣ Арши аълоро.