🖍 Адиба Фаррухзод ( Адиба Азиз )

Ш

Шоираҷон

Меҳмон
Шикастан миллате, ки Оли Сомон дошт, осон нест,
Хуросон аст, ҳар як пора кӯҳаш хоки арзон нест.
Харидан метавон имрӯзҳо қонуни ҷангалро,
Ба гардан бастани тавқи сагон дар шаъни шерон нест.
Давидан нест мушкил, то куҷоҳо мерасад ин хат?
Фикандан кунҷи зиндон ҳар касе аз рӯи виҷдон нест.
Ҳанӯз ин сарзамини рустамон бедору ҳушёр аст,
Даридан пардаи номуси мардон кори мардон нест.
Навиштан, сабт кардан ҳар навори хираи беранг,
Ҳақиқат офтоб асту дурахшон аст, пинҳон нест.
Ғарибонро нашояд ин қадар ҷавру ситам ҳар дам,
Худо нафрин кунад он золимеро, ки пушаймон нест.
Кашидан доғи нангин бар ҷабине қаҳрамонӣ нест,
Ҷароҳатҳои миллат тоза аст, ин қисса поён нест.
Надорад модари тоҷик дигар фарзанди беарзиш,
Кунун кофист қурбонӣ, чун ин мулки ғуломон нест.
Замин осмон гирён, ҷаҳон аз ваҳшаташ ҳайрон,
Тамоми Шарқ мегиряд, фақат ин дасти борон нест.
 
Верх Низ