Абуалии Ибни Сино

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
(980-1037) – шоир, шайх ва мутафакири барҷастаи таърихии тоҷик дар соҳаи тиб, фалсафа, нуҷум ва ғайра буда дорандаи шуҳрати беҳамто дар тамоми дунё аст ва ӯро Аристотели шарқӣ меноманд. Шумораи умумии корҳои илмиаш ибоарт аз 450 адад буда ба 29 бахш алоқманд аст. Замоне ҳам корманди давлати шуда ба сифати вазир фаъолият кардааст.

Абуалии Сино
Расми Абуалии Сино
Номи пуррааш – Ҳусайн ибни Абуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино мебошад. Ӯ соли 980 дар деҳаи Лақ-Лақа (Афшанаи ҳозира), дар шаҳри Бухоро дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Падари ӯ Абдуллоҳ олими исмоилии бообрӯе аз Балх буда дар дарбори подшоҳ кор мекард. Номи модараш Ситора буд. Дар ҳини зодрӯзи Ҳусайн падараш ҳамчу ҳокими яке аз вилоёти амири Сомонӣ Нӯҳ ибни Мансур кор мекард. Аз ин рӯ писарашро дар мактабҳои беҳтарини Бухоро хонондааст.

Сино, ки ҳофизаи қавӣ ва ақлу тамизи бениҳоят баланд дошт дар синни чаҳордаҳсолагӣ тавонистааст аз муаллимони худ гузар кунад. Дар тарҷумаи ҳоли худ ӯ меоварад, ки дар ҳаждаҳсолагӣ дигар барояш ҳеҷ чизе намонда буд, ки омӯзад.

Тарҷумаи ҳоли Сино

Баръакси бисёр бузургони гузашта, ки аз зиндагии онҳо чизе маьлум нест, санаҳои зиёди ҳаёти Абӯалӣ ибни Снно аниқ маълум аст. Ӯ худ саргузашти хешро ба шогирди вафодораш Абӯубайди Фақеҳи Ҷузҷонӣ имло кардааст. Воқеаву ҳодисаҳои 25 соли охири умри Абӯалӣ ибни Синоро худи Абӯубайд, ки ҳамеша ҳамроҳи устод ва шоҳиди он рӯйдодҳо буд, навиштааст, ки ин имло ва навишта ба номи Рисолаи capгyзaшт маълум буда, дар асли арабӣ ба тарҷумаҳо ба забонҳои гуногун чандин бор ба табъ расидааст.

Падари Абӯалӣ Абдуллоҳ ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Сино ном дошт ва аслан аз аҳли Балх буд. Вай дар замони Нӯҳ ибни Мансур (976-977) ба Бухоро омада, дар деҳаи Хармайсан (Рометани имрӯза) ба кори мулкӣ шуғл варзид. Вай дар деҳаи Афшана бо Ситорабону хонадор шуд. 18 августи соли 980 дар ин оила писаре ба дунё омад, ки ӯро Ҳусайн ном ниҳоданд.



Соли 985 оилаи Абӯалӣ ибни Сино, вақте ки ӯ ба панҷ медаромад, аз Хармайсан ба Бухоро кӯчид. Абдуллоҳ, ки аз одамони фозил ва маърифатдӯст буд, Ҳусайнро ба мактаб монд. Вай аз 5-солагӣ то 10-солагӣ дар мактаб хонда, хату савод баровард, сарфу наҳви забони арабиро омӯхт, илмҳои адабро аз худ кард. Ба илмҳои адаб, яъне адабиёт, бар замми сарфу наҳв хаттотӣ, маъонӣ, қироат, арӯз, қофия, луғат, имло, услубшиносӣ ва амсоли инҳо дохил мешуданд. Ниҳоят Ҳусайн Куръонро омӯхта, онро ҳифз намуд.

Дигар Абӯалӣ лақаби “шайх” гирифт, зеро ҳар касе, ки Куръонро аз ёд мекард, ӯро, сарфи назар аз синну солаш, шайх мегуфтанд.

Сипас Абдуллоҳ писари худ Ҳусайнро аз мактаби ибтидоӣ гирифта, назди муаллимони хусусӣ гузошт, ки онҳо асосҳои илмро ба ӯ омӯзонанд. Писарча аз ҷиҳати ҷисмонӣ бенуқс, дар ҳусну хулқ зебо буда, зеҳни гиро ва истеъдоди баланд дошт, ки аз ин омӯзгорон ба ҳайрат мемонданд. Дар он овон Ҳусайнро падараш назди Абдуллоҳи Массоҳ, ки аз донишманди соҳаи ҳисобу ҳандаса буд, ба шогирдӣ гузошт. Абӯалӣ аз Абдуллоҳи Массоҳ дар андак вақт ҳисобу ҳандасаро омӯхта, махсусан, дар ҳисоби ҳинд моҳир шуд. Ҳамон вақтҳо Абӯалӣ дар пеши Исмоили Зоҳид ба омӯхтани тафсири Куръон, ҳадиси пайғамбар ва фиқҳ мепардозад, ки ин ду сол давом мекунад. Ба ҳамин тариқ, Абӯалӣ ибни Сино то дувоздаҳсолагӣ дар тафсир, ҳадис ва фиқҳ маҳорат пайдо кард.

Видео филм дар бораи Абуалии Сино​



Бо ҳамин гуфтан мумкин аст, ки таҳсили миёнаи Абӯалӣ ибни Сино ба охир расид. Вай ҳамеша аз беҳтарин толибилмон буд. Шеваи баҳс, одоби музокира, тарзҳои эътироз ба ҳариф ва ҳусни муҳовараро нағз омӯхта буд. Истиқлоли фикр, вусъати андеша ва бодалел сухан рондан хоси ин навҷавони дар роҳи илм пешрав буд. Дар масъалаҳои маслаку мафкура у истиқлоли худро ҳатто аз падари хеш ҳам нигоҳ медошт.

Баъди фаро гирифтани маълумоти миёна Абӯалӣ ибни Сино аз пайи он шуд, ки маълумоти худро такмил диҳад. Вай ду бор омӯзгори фалсафаро иваз кард. Он солҳо ба Бухоро, ки пойтахти Сомониён буд, аз шаҳрҳои дигари мамлакат, ҳатто аз кишварҳои гуногун олимону донишмандони зиёде меомаданд, ки дар он миён муббаллиғони исмоилию қарматӣ ва ҷосусон низ буданд. Дар ин миён ба Бухоро Абуабдуллоҳи Нотилӣ омад. Падари Абӯалӣ ибни Сино ӯро дар хонаи худ ҷой дода. Абӯалиро ба вай шогирд монд.

Аз қахри гили сияҳ то авчи Зуҳал,
Кардам ҳама мушкилоти гетиро ҳал.
Берун ҷастам зи қайди ҳар макру ҳиял,
Ҳар банд кушода шуд, магар банди аҷал.


Ҳаёти Абуалии ибни Сино баъди пош хурдани давлати Сомониён ба мисоли ҳаёти Абулқосими Фирдавсӣ душвору дар ба дар шудааст. Вай ҳатто 4 сол дар зиндон ҳаёти худро гузаронидааст ва ба ин ҳам нигоҳ накарда кори илмии худро давом додааст.

Сино дар сини 57 солагӣ аз бемории рудаву-меъда санаи 18-уми июни соли 1037 аз олам даргузаштааст ва ҷасадаш дар шаҳри Ҳамадон (Ирон) гуронида шудааст. Мувофиқи васияташ баъди марг, бояд боигаррии ӯ ба мардуми камбағал тақсим карда шуда тамоми ғуломонаш озод мешуданд.



Мероси илмӣ ва адабии Сино

med_universitet_dush_donish_tibbi
Мед. Университет г. Душанбе имени Сина
Абуалӣ дар ҷаҳон аз пурмаҳсултарин олимон ва адибон эътироф гаштааст. Фаъолияти эҷодии вай аз 17-18 солагиаш дар солҳои 996-997 шурӯъ шуда, расо 40 сол давом кардааст. Ӯ осори насриву назмиашро ҳам ба арабӣ ва ҳам ба тоҷикӣ эҷод кардааст. Сабаби бисёре аз асарҳои худро ба забони арабӣ навиштани Сино дар он аст, ки забони арабӣ он замон ба сифати забони илму маданият қабул шуда буд. Ҳамчунин китобҳои зиёди илмию ахлоқии юнонӣ, ибронӣ, ҳиндӣ ва паҳлавӣ ба забони арабӣ тарҷума шуда, истилоҳоте, ки мафҳумҳои илмиро ифода мекарданд, дар ин забон устувор гардида буданд. Забони арабӣ барои ҳамаи донишмандони асрҳои X-XI фаҳмо буда, дарси мадрасаҳо ба ин забон мегузашт.

Осори Абуалӣ ниҳоят зиёд аст. Сино инчунин аввалин эсиклопедисти тоҷик аст. Аз рӯйи тадқиқ ва ҳисоби донишманди машҳури эронӣ Саид Нафисӣ (1896-1966) миқдори асарҳои Абуалӣ, ки алҳол маълум шудааст, ба 456 мерасад. Дар китобхонаҳои давлатӣ ва шахсии олам 162 асари у нигоҳ дошта мешавад. Аз ҷумла 23 асари вай бо забони модариаш, яъне тоҷикӣ эҷод шудааст. Ҳамчунин як миқдор шеърҳои тоҷикии Абуалӣ низ ба замони мо расидаанд. Асарҳои Абуалӣ аз ҷихати ҳаҷм хеле гуногун буда, аз рисолаҳои мухтасар то асарҳои чандинҷилда иборат мебошад.



Асарҳои:

  1. Китобулинсоф ки ибоарт аз 20 ҷил буд аз байн рафтааст,
  2. Алҳосил вал маҳсул – 20 ҷилд,
  3. Китобушшифо- 18 ҷилд,
  4. Лисонулара – 10 ҷилд,
  5. Алқонун – 5 китоб,
  6. Наҷот – 3 ҷилд эҷод шудаанд.
Кулли ин осор, ки зикрашон рафт, дар инкишоф ва такомили улуми мавҷуда нақши сазовор гузошта, то кунун ба арзиши бузурги таърихӣ, маданӣ ва илмӣ моликанд. Тамоми асарҳои Абуалиро метавон ба 4 гуруҳ тақсим кард:

  1. Асарҳои доир ба ҳикмат, фалсафа ва ахлоқ ва мантиқ.
  2. Асарҳо оид ба тиб.
  3. Асарҳо доир ба илмҳои дақиқ.
  4. Асарҳо роҷеъ ба забону адабиёт ва санъат.
Бисёре аз асарҳои Сино танҳо роҷеъ ба як соҳа ихтисос наёфта, балки чандин илмро фаро мегиранд. Масалан «Донишнома» аз бобҳои Мантиқ, Илоҳиёт, Табииёт, Ҳайат ва Мусиқӣ таркиб ёфтааст.

Сино дар ҳамбастагӣ бо Форобӣ ҷавҳари оҳангсозиро таҳия кардааст, ки бад он ин соҳа дар аврупо таррақӣ кардааст.

Абуали Ибни Сино адиб

Дар таърихи адабиёти форсу тоҷик Ибни Сино ҳамчун шоири ориф эътироф гашта, муҳимтарин қисмати осори адабии ӯро шеърҳо ташкил медиханд. Қасида ва ғазалҳои шоир тасаввуфи ва ахлоқианд. Вале рубоиҳои Сино шоирона садо додаанд. Афкори ҳикматомузӣ шоир дар ашъораш ба таври равшан инъикос шуда, муносибати иҷтимои ва шахсияти шоирро рунамо месозанд. Намунаи рубоиёти Сино, ки роҷеъ ба масоили иҷтимои ва ахлоқӣ эҷод шудаанд, манзур мегардад:

Мақоми Сино имруз

Хайкали Сино дар Душанбе
Пайкараи Сино дар ш. Душанбе
Синоро на танҳо тоҷикон балки узбекон ҳам шоиру олими худ мешудморанд ва муҷасаммаву номи ӯро дар бинову кучаҳои шаҳрҳои худ гузоштаанд. Осорҳои Синоро то ба ҳануз аз ҷониби олимони тоҷику узбек аз арабӣ ба тоҷикӣ тарҷума шуда дар Китобхонаҳои миллӣ барои истифодаи мардум пешкаш шуда истодаанд.

Мақоми Сино дар ҷаҳон баробари чунин олимҳо мисли Исак Нютон, Галилео Галилей, Алберт Энштейн ва монанди инҳо мебошад ва номашро Ависена мегуянд. Шумо худ ҳоло, ки сурати морро дар аломатҳои тиб мебинед, маҳз аз фаъолияти Сино сарчашма дорад. Дар Моҳ яке аз кратерҳо (сурохӣ) ба номи Сино аст.

Дар шаҳри Душанбе бошад беморхонаи завомнавӣро бо номи Сино кушодаанд, ки ба мардум хизматрасониҳои баладсифатро пешкаш менамояд.

Инчунин яке аз қуллаҳои баланди куҳии Тоҷикистон, ки қаблан бо номи Пик Ленина маълум буд ва Донишгоҳи тибии Тоҷикистонро ба номи ин мутафакир гузоштаанд. Дар назди Беморхонаи марказии шаҳри Душанбе (Қарияи Боло) майдонеро бо номи Сино гузошта муҷассамаи он дар аввали кучаи у гузошта шудаааст.

Якчанд филмҳои замонавӣ аз ҷониби Олмон, Руссия, Узбекистон ва Тоҷикистон ба васфи Абуали Сино ба навор гирифта шудаанд (дар боло барои тамошо гузошта шудааст).

Шеъри Сино​

Эй кош, бидидаме, ки ман қистаме?
Гар муқбилам, осудаву хуш зистаме.
Саргашта ба олам аз пайи чистаме?
Варна ба ҳазор дида бигристаме!
Бо ин ду-се нодон, ки чунин медонанд,
Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд.
Хар бош, ки ин чамоа аз фарти хари,
Хар к-у на хар аст, кофираш мехонанд.
Дар пара сухан нест, ки маълум нашуд,
Кам монд зи асрор, ки мафхум нашуд.
Дар маърифаташ чу нек фикре кардам,
Маълум шуд, ки хеч маълум нашуд.
Хак-чони чахон асту чахон чумла-бадан,
Ачноси малоика – хавоси ин тан.
Ачром – аносиру маволид – аъзо,
Тавхид хамин асту дигархо хама –фан.
Эй зоти ту мар вучудро буда асос,
Чуз зоти ту нест хеч кас зотшинос.
Касро ба камолу кунхи зотат ах нест,
Бар феъли ту мекунад зоти ту киёс.
Хар хайъату хар накш, ки шуд махв кунун,
Дар махзани рузгор гардад махзун.
Рафт он гухаре, ки буд пирояи умр,
В-овард замона токи сармояи умр.
Эй нафс ки бастаи хавои хаваси,
Биштоб, ки дар химояти як нафаси.
Дунё маталаб, чох мачу, ишва махар,
К-аз дуст бароиву ба душман бираси.
Дил гарчи дар ин бодия бисёр шитофт,
Як муй надонист, вале муй шикофт.
Андар дили ман хазор хуршед битофт,
В-охир ба камоли заррае рох наёфт.
Бо хар хасе зи руи хаво дусти мадор,
Дар куи мардумон зи паи дусти мапуи.
Гар боядат, ки кам нашавад обруи ту,
Фармону ихтилоти фурумоягон мачуй,
Куфри чу мане газофу осон набувад,
Махкамтар аз имони ман имон набувад.
Дар дахр чу ман якеву он хам кофир,
Пас дар хама дахр як мусулмон набува
д.
 
Верх Низ