АҶИБ ҶАМОЛ ФАТВОИ КАҶ

  • Автор темы Мунавваршохи Хуфи
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
М

Мунавваршохи Хуфи

Меҳмон
Чунон дилгирам аз фатвои «диндорони» бедониш,
На аз мантиқ хабардоранду не аз шеваи хониш.
Ба амсоли малахҳои ба кишт офатрасон ҳастанд,
Ки меёбанд ҳар як соату ҳар лаҳза афзоиш.
На аз фарҳанг огоҳанду не аз санъату таърих,
Дили торикашон як дам надорад бо хирад созиш.
Агар як дасташон дар дин, вале дасти дигар дар хун,
Замин аз дасташон ҳаргиз надорад сулҳу осоиш.
Агар инҳо намебуданд, олам гулситон мегашт,
Намебуд ин замини хунчакон мӯҳтоҷи полоиш..
Яке қурбони Ал-қоида шуд бо даъвати инҳо,
Яке қурбони Толибҳо, яке қурбонии ДОИШ.
Закоту молро аз халқ бо найранг бистонанд,
Ки то амволу сарватшон наёбад заррае коҳиш.
Ба чашми халқ агар инҳо фақиру бенаво ҳастанд,
Вале суратҳисоби пулашон ҳамвора дар гардиш.
Агар тороҷи моли халқ, худ фармони дин бошад,
Басо безори он динам - ва аз ин гуна фармоиш.
Агар мақсуди мо ободиву созандагӣ бошад,
Вале мақсуди инҳо нест - илло ғорату таркиш.
Кунун эй мардуми тадбирсози ориёиям,
Бибояд кард бар рағми чунин сангиндилон шӯриш.
Замоне решаи инҳо агар зӯру қавӣ гардад,
Набинад халқи мо он дам зи инҳо амну оромиш.
Дуогӯям, ки эмин бод халқ аз шарри муллоҳо,
Ба ҳайси як башар дорам Худоё аз ту ин хоҳиш.
На танҳо ман ҳарифи ҷунбиши ифротиён ҳастам,
Ҳазорон чун Аҷибе ҳаст алорағми чунин ҷунбиш.
—————————
Аҷиб Ҷамол
Бознашр: Аҷиб Ҷамол - Ajib Jamol - عجیب جمال
 
Верх Низ