15 рохи муваффакият дар зиндаги!

1733772606477.png Як нафаре гуфта буд, ки «бехтарин рохи шухратёб шудан -дар оилаи зарури таваллуд шудан аст». Аммо тачрибахо дар зиндаги нишон медиханд, ки баъзехо тавонистаанд худашон хама чиро бе кумаки касе дар хаёт ба даст биёранд. Онхо акнун барои фарзандон ва наберахояшон хамин гуна оила ва мухити оилавиро фарохам овардаанд. Вокен хам, роххои комёби ва муваффакият дар хаёт кам нестанд ва мушаххас аст, ки 15 то хам нест. Умедворам, ки роххои дигари расидан ба музаффариятхоро дар зиндаги аз тачрибаи худатон Шумо дар поёни ин матлаб менависед.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
1. Бо диккат либос бипушед
Мумкин аст баъзехо бигуянд, ки либос барои одам арзиш намеоварад, аммо ба акидаи ман комилан иштибох аст. Дунёи кор ва тичорат то хадди зиёде руи ин масъала мечархад.
Агар мисли як фарди муваффак либос бипушед, дигарон хам мисли як фарди муваффак бо шумо бархурд мекунанд. Пас дар шеваи либос пушиданатон тачдиди назар кунед.
 
Последнее редактирование модератором:

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
2. Мисли барандахо биандешед
Рафтори худи шахс накши бузурге дар муваффакияташ дорад. Дидгохатон набояд хеч гох мисли инсонхои шикастхурда бошад. Хуб аст, ки пешрафтхо ва дастовардхое, ки дар рохи онхо талош мекунедро барои худ мучассам кунед. Мардум хам хамеша аз афроди муваффак пайравї мекунанд на манфибофон.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
3. Чузъе аз як гурух бошед
Муваффакият аксар авкот як кори гурухи аст. Як голзан дар футбол хеч вакт ба танхои наметавонад муваффакият касб кунад. Бо хамкори ва мусоидати аъзои мухталифи як гурух, муваффакият ба даст меояд. Агар дар як гурух кор мекунед, то чое ки метавонед масъулиятхо ва корхои худро ба бехтарин нахви мумкин анчом дихед ва аз дигарон низ хамин интизорро дошта бошед. Дар ин холат аст, ки муваффак хохед шуд.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
4. Пуишгар бошед
Касе ки шикор кардан балад бошад медонад, ки метавонед мунтазири шикор дар чое махфи шавед, аммо хеч вакт чизе шикор накунед. Конуни шикор ин нест. Бояд аз махфигох берун оед ва худатон ба дунболаш биравед. Дар масоили коре низ вазъ ба хамин минвол аст. Мунтазири таклиф намонед. Худатон ба дунболи кор бошед. Дар худ ангеза эчод кунед ва ба дунболи тархи ё накшаи чадид бошед ва аз хеч чиз харосе ба дил рох надихед.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
5. Эхсосоти худро ба рушани баён кунед
Вакте хамаи кадамхоро ба диккат бардоред, танхо чизе, ки мумкин аст монеи расидани шумо ба муваффакият шавад, махоратхои иртиботи аст. Худро дар як чаласаи кори тасаввур кунед. Раисатон аз шумо назархохи мекунад. Шумо дакикан медонед, ки чи бояд бигуед, то мушкил хал шавад, аммо дар баёни он очизед. Садоятон ва калимотатон хеч кадом ёриятон намекунанд. Ин чост, ки хама кам-кам аз шумо дури мекунанд. Пас ёд гирифтани махоратхои иртиботи яке аз усули аввалия аст.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
6. Хамеша натичаро дар зехн дошта бошед
Хар коре, ки анчом медихем, якинан далеле дорад. Ва барои расидан ба натичае, мушаххас аст, ки хамаи ин корхоро анчом медихем. Дар махалли кор хам бояд хамин тавр бошад. Хар кори нохушоянде хам, ки мачбур ба анчомаш хастедро бо дар назар гирифтани натича ва хадафатон ба диккат анчом дихед. Ин ба шумо ангеза хам медихад.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
7. Бидонед чи тавр пушти телефон сухбат кунед
Мухим нест кори шумо чи бошад, телефон хамеша яке аз мухимтарин абзорхо будааст. Хатто аз компютер хам мухимтар аст, чун василае аст, ки бо он иртибот баркарор мекунем. Касе ки он тарафи хат аст, бояд итминон ёбад, ки шумо диккат ва таваччухи лозимро ба у доред. Хангоми сухбат кардан бо телефон аз хурдан ва ошомидан худдори кунед.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
8. Муназзам бошед
Хангоми кор кардани руи як накша, кадам ба кадам хамаи марохилро ба диккат тай кунед. Барои кори худ тарх ва барнома дошта бошед. Агар кисмате аз корро надида бигиред, мутмаинан коратон ба натича нахохад расид.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
9. Интикод накунед
Гурухе аз мардум факат барои эрод гирифтан аз соирин зиндаги мекунанд. Шумо ин тавр набошед, агар дар кори касе эроде мушохида кардед, мисли як муаллим ба у гушзад кунед. Касеро масхара накунед ва беш аз хад шикоят накунед. Ва замоне хам, ки коре шоистаи ситоиш аст, тахсин кунед.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
10. Муаддаб бошед
Саъй кунед дар бархурд бо дигарон хамеша муаддаб ва мушток ва алокаманд бошед. Мардум дар мавриди мо бо нахваи бархурдамон бо онхо казоват мекунанд. Хушхулк бошед ва рафторатонро ислох кунед.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
11. Хар аз гохе масъулияти мушкилеро бар ухда гиред
Афрод дар бархурд бо мушкилот парешонхотир мешаванд. Бехтарин рохи хал барои аз байн бурдани ин мушкил ин аст, ки хар аз чанд гохе масъулияти бартараф кардани як мушкилро бар гардан бигиред.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
12. Бо интикодоти дигарон аз шумо ба хуби бархурд кунед
Вакте касе аз шумо интикоде мекунад, ибтидо бубинед манбаи муътабаре дорад ё хаёр. Рохат аст, ки интикодро надида бигиред ва пеши худ бигуед тарафи хасуд буд. Аммо хуб аст, ки гахгох худамонро хамон тавр, ки дигарон мебинанд бубинем. Руи интикодоти дигарон фикр кунед ва тавсияхоро нодида нагиред.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
13. Намуна бошед
Хамеша корхоро тавре анчом дихед, ки интизор доред дигарон анчом диханд. Ин кор бисёр таъсиргузор аст. Агар хамеша корхоятонро ба бехтарин нахв анчом дихед, дар коратон намуна хохед шуд ва дигарон низ ба унвони як сармашк аз шумо пайрави мекунанд.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
14. Сабур бошед
Чизе ба исми муваффакияти якшаба ё якшаба рахи садсола рафтан вучуд надорад. Хатто онхо, ки ба назари шумо як дафъа муваффак шуданд, низ мутмаин бошед, ки барои расидан ба ин муваффакият замоне тулони талош кардаанд. Расидан ба муваффакият ниёзманди гузари замон аст. Бояд сабур бошед ва хамеша хадафро дар зехнатон нигох доред.
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
15. Чизхои чадид биёмузед
Саъй кунед хамеша дар заминаи кориятон аз иттилооти руз бохабар шавед ва улуми чадиди марбутро ёд бигиред. Хамеша сатхи дониши худро болотар аз дигарон нигох доред ва муваффак хохед шуд.
 
Верх Низ