1. Admin

    Нози чашмони сиехат майли харидан дорад Мурғи дил дар қафаси сина паридан дорад Ғунҷаи лаъли...

    Нози чашмони сиехат майли харидан дорад Мурғи дил дар қафаси сина паридан дорад Ғунҷаи лаъли лабонат ба ваҷд оварда баҳор Ҷони ман лаъли лабонат майли бусидан дорад
  2. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    Рафтам ман аз бари ту, дидор дар қиёмат! Рафтам ман аз сари ту, дидор дар қиёмат! Эй паршикастаи ман, мисли уқоб бигзашт, Ҳамболу ҳампари ту дидор дар қиёмат! Бисёр бода хӯрдам, имрӯз бодаи марг, Пур бод соғари ту дидор дар қиёмат! Хок аст бистари ман, ай кош гарм бошад, Болину бистари ту...
  3. Admin

    Ҳар кӣ гургашро дарандозад ба хок, Рафта- рафта мешавад инсоният пок. Он кӣ аз гургаш хурарад...

    Ҳар кӣ гургашро дарандозад ба хок, Рафта- рафта мешавад инсоният пок. Он кӣ аз гургаш хурарад ҳардам шикаст, Гар чӣ инсон менамояд, гург ҳаст. Он кӣ бо гургаш мудоро мекунад, Хулқу хуи гург пайдо мекунад. Дар ҷавони ҷони гургатро бигир, Вой агар ин гург гардад бо ту пир. Рӯзи пири гар чӣ бошӣ...
  4. Admin

    ⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

    "Бани Одам аъзои як пайкаранд" Ки акнун паи қатли якдигаранд, "Чу узве ба дард оварад рӯзгор" Дигар узвҳоро ба он як чӣ кор? Чунин гуфт Саъдиву гӯям ба он: Куҷоӣ ту Саъдӣ иваз шуд замон. Бани Одами имрӯза дев асту шар, Яке гургу он барра бошад дигар. Ҳама беғам аз меҳнати дигарон, Ба пеши косае...
  5. Admin

    Дар биёбон мисли шери Дар Сафар мардона бош Шеваи марди надори Мисли зан дар хона бош

    Дар биёбон мисли шери Дар Сафар мардона бош Шеваи марди надори Мисли зан дар хона бош
  6. Admin

    Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ, Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ. Саъдӣ

    Ба зиндони қозӣ гирифтор беҳ, Ки дар хона дидан бар абрӯ гиреҳ. Саъдӣ
  7. Admin

    Нилуфар Вохидова

    Ба Ирон аз Худо имдод хоҳам, Ба ҳамлафзам замири шод хоҳам. Адӯро бишканад хоки ниёкон, Шикасти душмани ҷаллод хоҳам! Тулӯъи нусрати мулки далерон, Ғуруби гиряву фарёд хоҳам. Фиристам бар Худо арзам ба такрор, Бар осоиш зи Ӯ аснод хоҳам. Расад айёми сарсабзӣ ба ҷовид, Ва анҷоми дами бедод...
  8. Admin

    Гар бахт зи мо нанг надорад аҷаб аст, Вар чарх сари ҷанг надорад аҷаб аст. Аз сардиву бадаҳдии...

    Гар бахт зи мо нанг надорад аҷаб аст, Вар чарх сари ҷанг надорад аҷаб аст. Аз сардиву бадаҳдии ин сангдилон, Валлоҳ, ки агар санг наборад аҷаб аст.
  9. Admin

    Зи нопокзода мадоред умед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!

    Зи нопокзода мадоред умед, Ки зангӣ ба шустан нагардад сафед!
  10. Admin

    Нилуфар Вохидова

    Рӯҳи поки рафтагонро шод кардан қарзи мост, Панди ибратбахши онон ёд кардан қарзи мост. Бар замин уфтодагонро бо ду даст бардоштану Ҷониби бечорагон имдод кардан қарзи мост. Маскани шӯру мағал аз байн бибурда бартамом, Аз муҳаббат хонаҳо бунёд кардан қарзи мост. Бо гунаҳ олуда мегарданд...
  11. Admin

    Ғазали дард

    Дар сугвории Нилуфари сиёҳпичамарги 21 сола, ки вақти гузаштани роҳ, шаҳиди роҳи равон гардидааст. Аз номи Модари ӯ Моҳшарифи хунинҷигар нола дорам: - ********************************* Ғами ту боғи пур аз гул, ба дилам шукуфта, ҷоно, Баъди ту манам чу булбул, ба навҳаву, ба фиғоно. Духтари...
  12. Admin

    Ҳатто вақте ҳама чиз бар зидди туст... Ҳатто вақте ба дом афтодаӣ... Ҳатто вақте шикаст аниқ...

    Ҳатто вақте ҳама чиз бар зидди туст... Ҳатто вақте ба дом афтодаӣ... Ҳатто вақте шикаст аниқ менамояд... ✊ Ҳеҷ гоҳ таслим нашав!
  13. Admin

    Шеърҳои ҳаҷвӣ

    Дирӯз таппак мезадӣ... Дар калла ҳатто бод не, ин боданӯшӣ аз куҷо? Бо пӯстғафсӣ ин ҳама чарминапӯшӣ аз куҷо? Дирӯз бехомак будӣ, бекозаю бомак будӣ, Ҳоло ба бозори ҷаҳон мошинфурӯшӣ аз куҷо? Долар ба каф барги хазон, дуздӣ накардӣ? Рост гӯй, Даври лабон кафки даҳон, дарёхурӯшӣ аз куҷо? Дӣ будӣ...
  14. Admin

    Шеърхои ошики.

    Дар аввал ошноӣ дидам аз ту, Дар охир бевафоӣ дидам аз ту. Худат гуфтӣ дигар ёре надорам, Ҳамин шуд, ки ҷудоӣ дидам аз ту. *** Имрӯз, рӯзи гарон аст! Чӣ руз аст? Рӯзи ошиқон аст! Биё Дилам, дил во кун! Аз қалби дил, маро садо кун! Дар васфи ту, ҳама гулҳо шукуфтаанд! Аз дарди дурӣ, ҳама гулҳо...
  15. Admin

    Шеърҳои ҳаҷвӣ

    Барқи Тоҷик зиндагиям торик аст Риштаи умри “светат” борик аст Нархи барқат меравад то осмон Чашм бикшову бубин, аҳволамон Сол аз сол нарх боло мекунӣ Зиндагиро оҳ расво мекуни Хонаи нурӣ, вале рафтори ту Ҳеҷ муносиб нест бар гуфтори ту Халқро ғорат куни ҳар солу моҳ То ба кай фарёду...
  16. Admin

    Шеърҳои ҳаҷвӣ

    Рӯзи иди Валентин, Бону ба ру ранг мекард. «Афсус, шинос кам дорам» Гуфта худро ҷанг мекард. Рӯзи иди Валентин, Аз дил равад ғуссаҳо. Пулҳо равад боке не, За то монад буссаҳо! Рӯзи иди Валентин, Зери борон тар шудум. Пешут табобат рафтум, Якбора бадтар шудум! Рӯзи иди Валентин, Корҳо барор...
  17. Admin

    Шеърҳои ҳаҷвӣ

    Шеърҳои ҳаҷвӣ, таронаҳо бо лаҳҷаи кучаги бо ханда
  18. Admin

    Аскар Ҳаким

    Эй нағзтарин нағз, зи ту нағзтаре нест, Нағзон ҳама нағзу зи ту нағзи дигаре нест. Ин арзу саморо зи сару бар бизанам пай, Нағзе чу ту дар нуҳ фалаку баҳру баре нест. Дар сабқати гулгунии гулҳои гулистон, Гулгунаи нағзи ту ба гулҳои таре нест. На гул, на шакар ҳаст ба монои лабонат...
  19. Admin

    Аскар Ҳаким

    Агарчи боди бунёнкан бунат канд, Вале ҳамвора ёдат бошад ин панд: Бухор асло макун аслат Бухоро, Самарқандо, биёвар ту самар қанд. На танҳо то бувад ширин забонат, Амал ҳам боядат, шаҳри хирадманд, Ки ҳар гаҳ дар талоши аслхоҳӣ, Забони модарат гардад камарбанд, Ки мардон дар масофи адлу...
  20. Admin

    Аскар Ҳаким

    Ман бандаи он ёри париям, ба шумо чӣ, Маъшуқапарасти ҷигариям, ба шумо чӣ?! Гар даъвате аз ишқ надоред, ба ман чӣ, Чун ман ба дилу ҷон хабариям, ба шумо чӣ?! Ҷуз шоми сияҳ дар дилатон нест, ба ман чӣ, Равшангари ҳар тирасариям, ба шумо чӣ?! Аз рашку ҳасад сӯхта хушкед, ба ман чӣ, Гар боғи...
Назад
Верх Низ