Тифли афгори Фаластин,
Нимбараҳна,
Зору гушна,
Оташи сӯзони ашкат
Пайкари душман бисӯзад!
Кӯр гардад чашми оне,
К-аз барои хоку ноне
Сӯи ту бо кина дӯзад,
Хонаи хасмат бисӯзад!
Оби чашми чашмасонат,
Аз ғизо холӣ даҳонат,
Рӯзгори беамонат
Заҳр нонам дар танам кард,
Тор рӯзи равшанам кард.
Оҳи...