Саҳар бархезу тоат кун, ки тоат беҳ зи ҳар кор аст,
Саодат он касе дорад, ки пеш аз субҳ бедор аст.
Дилам гўяд, ки бархезам, ҳаво гўяд, ки дам гирам,
Ҳаворо зери по орам, ки он чо амри Чаббор аст.
Чу мурғон ҳар саҳар гўянд: "Қум ё айюҳалғофил",
Ки ту дар хобию надони, касе донад, ки бедор аст...