1. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    РАХТИ САФАР Дар рисои Ҳоҷӣ Давронбеки андарӣ Рафт аз дори фано Юсуфи канъонии мо, Гӯши худ баст зи ин базму навохонии мо. Сар ба сар пиру ҷавон дар ғами ӯ мегиряд, Марги ӯ гашт дар ин саҳфа парешонии мо. Офтоби хуши Андар ба саҳар рӯ нанамуд, Рахт аз даҳр бубаст мурғи гулистонии мо. Хони пурнони...
  2. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ...ман фақат рузи маош мошинсавор, Бисту нӯҳ рӯзи дигар ман хору зор. Ман фақат рузи маошам Мардакам, Бисту нӯҳ рӯзи дигар ман бардакам.... Zamini Zamini
  3. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    РӮЗИ МАОШ Гармрӯям, гармрӯ рӯзи маош, Мардаки хубу накӯ рӯзи маош, Қиммати ман сахт афзун мешавад, Бемуҳобо, қадри мӯ рӯзи маош. Шӯрбо дар дег ҷӯшад аз саҳар, Зан нагирад аз гулӯ рӯзи маош. Шаб намехобам ба балкон то саҳар Дур аз ҷому сабӯ рӯзи маош. Ҳар куҷо озод мемонам қадам, Ҳамчу оби рӯду...
  4. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ЯК РУБОӢ Эй марг, биё, ки ҷустуҷӯят дорам, Сар дар қадами муборакат бигзорам. Аз ҳолати ҷони ман чӣ мепурсӣ дигар? Аз хешу зи душманони худ безорам.
  5. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ҲЕҶ ГОҲ Ишқ сӯзи қалби моро мекунад кам? Ҳеҷ гоҳ! Меравад аз ин дили ғамдида мотам? Ҳеҷ гоҳ! Жолаи ҳасрат ба сар меборадам дар ҳар нафас, Кай ба сар борад дигар борони нам-нам? Ҳеҷ гоҳ! Нолаам ҳар шаб ҳамепечад ба Моҳу Муштарӣ, Аз сари ман як замоне меравад ғам? Ҳеҷ гоҳ! Дар миёни дӯстони...
  6. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ПАДАР, БАР ХОНААМ БОЗ ОЙ Дар такмилаи суруди халқӣ Манам зору дилафгорат, падар, бар хонаам боз ой, Нигаҳ дӯзам ба деворат, падар, бар хонаам боз ой. Ту он гавҳар, ки дар олам туро бо зар намеёбам, Ба ҷонам ман харидорат, падар, бар хонаам боз ой. Фурӯғи рӯзгори ман, шукӯҳи навбаҳори ман, Дилам...
  7. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    Гу́янд, ки пир гаштаву аз пой фитодаем, Мо пои худ ба заҳмати миллат ниҳодаем. Мо пир гашта лек сархам набудаем, Хон бо табассуме чандон кушодаем . Сероби бода гаштаву лек дар канори Ӯ, Ҷавлон намуда домани Ӯ сар надодаем. Фатҳиддин.
  8. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ДАСТИ ДУО Мо пири солхӯрдаи мадҳуши бодаем, Дасти тамаъ ба хони касе кай ниҳодаем? Аз мо зиён ба мардуми олам намерасад, Дасти дуо ба мардуми олам кушодаем. Бо душманони хештан ҷустем рои сулҳ, Дар пойи дӯстони худ бо сар фитодаем. Аз бухлу кина умрҳо парҳез кардаем, Ҳанзал ба ҷойи ангубин бар...
  9. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    Канори зан биҳишт асту даме бошед дар оғӯшаш, Баъд аз оғӯшу бӯи хуш намесозед фаромӯшаш. Намеёбед ҳамдам ҷуз Худоям баъд зан-Модар. Бинӯшед аз лаби нӯшаш,лаби нӯшаш,лаби нӯшаш. Устод дар ҳалқаи волидону пайвандон бошед ва хони пур аз нозу неъматро ороед ва шоду хуррам бошед. Мавлудатон муборак...
  10. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ФИРОР КАРДАМ Ба ҷои табрик Имрӯз зи худ фирор кардам, Бар шаҳри дигар қарор кардам. То тӯҳфа зи ман касе напурсад, Кирдори хуш ихтиёр кардам. Чун барфи баҳорӣ дар саҳаргоҳ, Худро ба даме бухор кардам. Ин лаҳза ман аз шамоли қисмат, Тарки гули навбаҳор кардам. Арчанд канори зан биҳишт аст, З-...
  11. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ЗАМИН ПОК АСТУ ТУ ИФЛОС КАРДӢ Дар мазаммати ифлоскунандагони кӯчаҳои шаҳру деҳот Тамоми кӯчаро пурнос кардӣ, Забони хеш пуромос кардӣ. Наӣ ту суғдии покизакирдор, Ки кирдоре бад аз васвос кардӣ. Ба сурат одамӣ, аммо дареғо, Ба сират хешро ханнос кардӣ. Рабуда накҳати гулро зи гулшан...
  12. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АЗ СИЛСИЛАИ «ШЕЪРҲОИ ЭРОНӢ» ЗОИНДАРӮД Зоиндарӯд – рӯдаки беоби ташнаком, Аз ман ба ту салом! Аз ман ба ту салом! Ман омадам , ки сер бинӯшам зи оби ту, Бигристам ба ҳасрати ҷисми кабоби ту, Ҳоли хароби ту... Ку оби дилпазири ту? Ку файзи беназири ту? Дар Исфаҳон шукӯҳи ту дигар...
  13. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    Бо хоҳиши Раҳмонқул Каримов дар ёди Бобо Қурбонов Номи ту бошад ба мо вирди забон, эй Қаҳрамон! Зиндаӣ дар ёди мо то ҷовидон, эй Қаҳрамон! Дар дифои Меҳани худ ҷони худро костӣ, Зистӣ бар рағми тӯфону хазон, эй Қаҳрамон! Зиндагии пуртазодатро биёрам дар назар, То сипар кардӣ ба ҳифзи халқ ҷон...
  14. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АЗ СИЛСИЛАИ «ШЕЪРҲОИ ЭРОНӢ» ТАХТИ ҶАМШЕД Аз сутунҳои сокити сангӣ, Нолаи дилхарош меояд. Аз тамаддуни олии вайрон Синаро бас харош меояд. Дориюшу Куруши беҳамто Зинда дар нақши лашкари сангӣ. Пеши рӯ ҳар сутуни урёнро, Бингарам бо ҳазор дилтангӣ. Тахти Ҷамшед – тахти адлу дод Шиква дорад зи...
  15. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ҒАЗАЛ Шаҳрванди шаҳри ишқам, шаҳриёрӣ мекунам, Хидмати маҳбуби худро ихтиёрӣ мекунам. Дар талоши зинда будан зистам ҳафтод сол, З-ин матоъи зиндагонӣ бурдборӣ мекунам. Дар тафохур будам умре ҳамчу сарбози Ватан, Амрро иҷро чу сарбози қаторӣ мекунам. Ишқ мебахшад ба поям Қуввату бар дида нур...
  16. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ҒАЗАЛИ ИСМОИЛ ЗАРИФӢ Ман ошиқаму аммо ҷонона намедонад, Месӯзаму сӯзамро парвона намедонад. Дар олами зебоӣ бо ин ҳама яктоӣ, Қадри ҳунари воло дурдона намедонад. Дар кӯчаи сарсонӣ бо дидаи боронӣ, Осоиши гетиро бехона намедонад. Зулфайни гуҳаррезаш дар банд кашад моро, Қадри гуҳари зулфаш...
  17. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ПАДАРРО БОЗПУРС... Бароям нури чашму қуввати ҷону ҷигарбандӣ, Насибам гашт дар олам ба дидори ту хурсандӣ, Бароят то абад хоҳам пару боли барӯмандӣ, Зи бахти хештан дар хонаи иқбол механдӣ, «Падарро бозпурс, охир, куҷо шуд меҳри фарзандӣ?¹» Туро бо хуни қалбу шири ҷони худ калон кардам, Ба сӯйи...
  18. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ОБИ РАВОНИ ПИРЯХ Дилро фараҳ бибахшад оби равони пирях, Дунёи орзуҳост андар ҷаҳони пирях. Об аст мояи ҷон, об аст боғи ризвон, Нерӯи зиндагонист дар баҳру кони пирях. Ҳар нахл сабз гашта аз қатраҳои ҷонбахш , Ҳарфу баёни сабз аст ҳарфу баёни пирях. Авсофи он нагунҷад дар дафтару рисола, Лол...
  19. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    РАФТАМ, КИ РАФТАМ... Бо хастаҷонӣ рафтам, ки рафтам, Бо саргаронӣ рафтам, ки рафтам. Лутфе накардӣ бар ҳоли зорам, Бо безабонӣ рафтам, ки рафтам. Бас риштаи меҳр аз ту буридам, Будӣ на ҷонӣ рафтам, ки рафтам. Дигар насозам умре суроғат, Номеҳрубонӣ рафтам, ки рафтам. Гарчи азизӣ бо ман...
  20. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ФОЗИЛ НАЗАРӢ. КИТОБИ «НЕСТ». ҒАЗАЛИ 35 Биное бо шукӯҳ аз оҷари шик сохтам ман ҳам, Ба бомаш парчами фарзонагӣ афрохтам ман ҳам. Зи нофармонии дил чун шунидам бо «сипоҳи ақл», Ба сӯии ишқ бо «шамшербурҳон» тохтам ман ҳам. Ба ҷанге нобаробар рафта будам , содагӣ кардам, Ба кӯҳе устувор аз дур санг...
Назад
Верх Низ