1. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    СОҲИБИ «ХАМСА» Барои устоди маънавиам Маъруф Бобоҷон Бурдӣ ту қалби моро бо лутфу меҳрубонӣ, Аз «Хамса»*-ат гирифтам сад олами маонӣ. Бигзоштӣ ба дунё чун «Хишти аввал»-и хеш, Кардӣ ба олами дил сад роҳ қаҳрамонӣ. Дар «Шоми охирин»-ат «Боғи умед»-и моро, Сарсабзу тоза кардӣ бо партави ҷавонӣ. Аз...
  2. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ПАРНИЁНИ ҶОН Эҳдо ба устод Фарзона Реша дорад шеъри ту дар «Парниёни ҷон»-и ман, Аз ту дорад рангубӯ «Себарга»-ву райҳони ман. «Қатрае аз Мӯлиён» овардаму маълум гашт, Аз садаф ояд бурун марвориди «Найсон»-и ман. Номи ту бо хатти заррин ҷо ба лавҳи дил гирифт, Бори маънӣ мекашад «То бекарон»...
  3. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    Ҳамефахрам, ки аз насли Курушам, Яке санги Ватан кай мефурӯшам? Ба ҳифзи мулки чун хулди баринам, Ҳамеша ман ба нақди ҷон бикӯшам. РӮЗИ БУЗУРГДОШТИ КУРУШИ КАБИР МУБОРАК БОД!
  4. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АФРӮЗА Барои ғолиби озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Афрӯза Фаррухзод Ба сар тоҷи зарин, Афрӯзаи ман! Ба дил бошӣ қарин, Афрӯзаи ман! Миёни духтарон бо ҳусни беғаш Туӣ лолаҷабин, Афрӯзаи ман, Наӣ шогирд, ба ман фарзанди ҷонӣ, Ба қавли ростин , Афрӯзаи ман. Ту духти Махфиӣ, духти Ҷаҳонӣ*...
  5. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    БИН БА ДИДАИ ТАР ҲАМ Беша чун гирифт оташ, хушк сӯзаду тар ҳам... Валиҷон Акбарӣ Эй ки шоду масрурӣ, бин ба дидаи тар ҳам, Гаҳ ба дил намефорад лолаи муаттар ҳам. Партав ар намеафтад бар сароят аз хуршед, Чашми дил набикшояд чашми моҳу ахтар ҳам. Ҷомаи накӯномӣ то абад...
  6. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ДУХТАРИ ВАТАН Барои омӯзгор БАРНО МУҚБИЛОВА Ба сурати дилкашу қимматбаҳоӣ Ту устодӣ, ту ганҷи бебаҳоӣ, Ба шогирдон чароғи раҳнамоӣ, Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно! Сафобахшандаӣ чун кӯли Мижгон, Нурафкан бошӣ ҳамчун шеди тобон, Набошӣ лаҳзае аз ғам парешон, Ту барноӣ, ту барноӣ, ту Барно...
  7. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АШК Дар сари болини бемории ман, Завҷаам беморбонӣ мекунад. Гарчи меозорам ӯро рӯзу шаб, Ӯ ба ман ширинзабонӣ мекунад. Ранҷ мебинам паёпай аз фишор, Гоҳ пойин, гоҳ боло меравад. Устухонҳоям ҳамесӯзад мудом, Мурғи рӯҳам то Сурайё меравад. Ашки ман аз дида сӯйи доманам, Чун Зарафшон мешавад ҳар...
  8. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    АЗ ДАСТИ ФАСОД Дар муқовимат ба коррупсия Замон вайрона аз дасти фасод аст, Вабои ҷонкаҳе бар иқтисод аст. Ҳар он ки порахӯру порадеҳ шуд, Ҳама бозори аъмолаш касод аст. Бародарро набишносад рибохор, Ки қалбаш тор чун қалби Шағод аст. Дар ин олам ту ҳадди хеш бишнос, Ки то гӯянд : Аз аҳли савод...
  9. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    КОРРУПСИЯ Сазовори сари дорӣ, коррупсия, Ба чашми мардумон хорӣ, коррупсия! Бувад неши ту неши сахту ҷонсӯз, Ба олам бадтар аз морӣ, коррупсия! Ба сурат қалби касро мефиребӣ, Ба сират ҳамдами ғорӣ, коррупсия! Бигирӣ рӯйи оламро ба як зӯр, Вабозодию беорӣ, коррупсия! Ба ҳар ҷо решаи худ медавонӣ...
  10. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    БӮ ДОШТАНД «Як замон садбаргҳо бӯ доштанд»*, Наварӯсон дар чаман рӯ доштанд. Мардикорӣ пешаи мардум набуд, Бонувон шавҳар ба паҳлӯ доштанд. То ки ороянд оламро ба меҳр, Сарвҳо ҷо дар лаби ҷӯ доштанд. Зеби духтар буд мӯйи то миён, Тахтапӯпак дар сари мӯ доштанд. Дилбаронро буд сурма зеби чашм...
  11. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    МЕШИКАНАД Як сол пеш Файзигул Юсупова ғазали Родмеҳр Сулаймониро бо ин радиф хеле зебо суруда буд Марги ту қалби маро мешиканад, мешиканад, Дар гулӯ ҳарфи сано мешиканад, мешиканад. Рӯҳи ман аз хабари доғ намеосояд, Рафтию савту наво мешиканад, мешиканад. Эй басо модари ғамдида тасалло додӣ, Оҳ...
  12. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    СУРУДИ ХАЙРБОД Агарчанде парирухсора ҳастӣ , Дигар ёдат насозам то қиёмат. Маро ҳаргиз махон бе аҳду паймон, Мазан бар сар маро санги маломат. Фаромӯшам намо, эй моҳи хубон, Ки ман дар синаи ту ҷо надорам. Ту аз ман дурию ман дурам аз ту, Намебинӣ дигар ашки қаторам. Намехоҳӣ маро, эй шӯхи...
  13. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ИЛТИҶО Ёр мапӯшон рухи зебоята, Сер бубинам қади болоята. Куштӣ марову чу бирафтӣ ба ноз, Бар кӣ бигӯям ғаму савдоята? Кори маро бар сари мӯ бастаӣ, Садқа шавам зулфи сумансоята. Бар гулу бар сабза надорам ниёз, Пур кунам аз гул ҳама маъвоята. Бе ту ба ҷон омадаам дар ҷаҳон, Ёд кунам шӯришу...
  14. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ҲИЗБ Ба муносибати 30 - солагии ҲХДТ Ҳизбе, ки решааш бувад аз Пешвои халқ, Тобанда бод то абад андар самои халқ. Бо номи халқ мекунад як умр ифтихор, Дорад ба хештан ниҳон аҷру баҳои халқ. Аз ҳизби халқ мерасад бар коми дил шакар, Аз ҳизби халқ мешавад ҳар фард муътабар. Сулҳу сафою мардумӣ...
  15. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    КОСАТАРОШАМ Дар ситоиши деҳа ва фарзандони баномус он Ту деҳи дилбарӣ, Косатарошам, Ягонагавҳарӣ, Косатарошам. Ба парвоз ояд аз ишқат дили ман, Ба ман болу парӣ, Косатарошам. Ту моро оварӣ дар ҳалқае ҷамъ, Ту худ ангуштарӣ, Косатарошам. Туро дорам, надорам ман ғами мол, Ки афзун аз зарӣ...
  16. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ДЕҲАИ НОЗАНИН Эй Косатароши нозанинам, Шеди фалаку маҳи заминам. Боло биравам ба кӯҳи Маҳтоб, То шавкату ҳусни ту бубинам. Аз баҳри дуо ба даргаҳи Ҳақ, Дар хоки ту мениҳам ҷабинам. Оғӯши ту ҷонфизову гарм аст, Ҳастӣ ту биҳишти ростинам. Бахшам ба ту ҷумлаи мукофот, Гар лоиқи мадҳу офаринам. Дар...
  17. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ГУЛРУХСОРИ МО Ганҷи беҳамтост, Гулрухсори мо, Чашмаю дарёст, Гулрухсори мо. Шеърро бар маснади олӣ нишонд, Машъали фардост, Гулрухсори мо. Шеърро бахшид аз нав обрӯ, Нури ҷонбахшост, Гулрухсори мо. Дар миёни гирудори зиндагӣ, Кӯҳи побарҷост, Гулрухсори мо. Бо сари сабзи дарахти шеъри хеш...
  18. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    МЕШИКАНАД Дар рисои Файзигул Юсупова Дилам аз сарди ҳаво мешиканад, мешиканад... Родмеҳр Сулаймонӣ Марги ту қалби маро мешиканад, мешиканад, Дар гулӯ ҳарфи сано мешиканад, мешиканад. Рӯҳи ман аз хабари доғ намеосояд, Рафтию савту наво мешиканад, мешиканад. Эй басо модари ғамдида тасалло...
  19. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    БОЗӢ МЕКУНӢ Ҷони ман гуфтию бо ҷонам ту бозӣ мекунӣ, Бо ману бо оҳу афғонам ту бозӣ мекунӣ. Бо нигоҳи гарм арчанде диламро мебарӣ, Бо сиришки ҳамчу тӯфонам ту бозӣ мекунӣ. Хонаи қалби маро ҳар лаҳза оташ мезанӣ, Бо ману қалби парешонам ту бозӣ мекунӣ. Бодаи ишқи маро дар хоки тар меафканӣ, Дар...
  20. Мирзо

    "Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

    ДИДАМ Дар ёди додани шодравонам Азмадҷон Гуфта будам, ки хазони ту набинам, дидам, Нолаву оҳу фиғони ту набинам, дидам. Гуфта будам, ки ту бошӣ ҳама ҷо дар бари ман, Дидаи ашкфишони ту набинам, дидам. Гуфта будам, ки ҳама вақт чу гул ханда занӣ, Рафтани рӯҳи равони ту набинам, дидам. Гуфта...
Назад
Верх Низ