"Лаҳзае то ҷовидон"-и Исмоил Зарифӣ

  • Автор темы Автор темы Мирзо
  • Дата начала Дата начала
БИШКАНАД КОСАИ ҶАВОНИИ МО
Ҳушдор ба ронандагон
Кай шунидӣ зи бехазонии мо?
Бишканад косаи ҷавонии мо.
Суст рав то ба дуриҳо бирасӣ,
Тезронист хасми ҷонии мо.
Суръати пасту зиндагии дароз, —
Ин бувад рои комронии мо.
Дон, ки бар ҷони мо хатар дорад,
Гӯширо бехи гӯшмонии мо.
Худ мабар сӯи коми аждарҳо,
Баҳри чӣ ҷӯӣ бекаронии мо?
Мебарад сӯи маргу сад офат,
Карру фарру футӯҳи хонии мо.
Аз чӣ бар умр созӣ истеҳзо?
Чарх хандад ба нотавонии мо.
Сарвати мо ба хас намеарзад,
Ҷон бувад ганҷи ҷовидонии мо.
Зану фарзанди мо тамаъ дорад,
Доимо лутфу меҳрубонии мо.
Чун равем ҳар яке аз ин олам,
Набаранд ёди зиндагонии мо.
Марг пушти дар аст, эй оқил,
Ҳаст пинҳон ба тезронии мо...
 
МУҲАББАТ
Дар ин олам сазои ман муҳаббат,
Мукофоту ҷазои ман муҳаббат.
Шабам равшан зи нури чеҳраи ӯст,
Сабоҳи пурзиёи ман муҳаббат.
Ба ҷисми нотавонам муттакоест,
Ба дасти ман асои ман муҳаббат.
Надорам ҳеҷ дороӣ ба гетӣ,
Замину ҳам самои ман муҳаббат.
Қарини ман бувад дар зиндагонӣ,
Каломи бехатои ман муҳаббат.
Ба беморӣ намеҷӯям давое,
Ки мебошад давои ман муҳаббат.
Дар ин вомонда дунёи парешон,
Чу хуршеди бақои ман муҳаббат.
 
Чу дунё хонаи сад доругир аст,
Дилам дар банди зулфи ту асир аст.
Амирӣ нест моҳу ҷоҳу давлат,
Касе, ҳаққо, туро дорад амир аст.
 
БИРАФТӢ, ХОҲАРАМ
Дар ёди Муҳаббат
Бар суроғи хоҳару додар бирафтӣ, хоҳарам!
Бо дили пурдарду чашми тар бирафтӣ, хоҳарам!
Аз ғами додар вуҷудат буд ларзону хароб,
Водареғо, аз пайи хоҳар бирафтӣ, хоҳарам!
Чеҳраи ҳамчун заратро карда аз олам ниҳон,
Бар замин чун кӯзаи гавҳар бирафтӣ, хоҳарам!
Аз ғами ёрон дилат саршори ҳасрат гашта буд,
Ташналаб дар ҳасрати Кавсар бирафтӣ, хоҳарам!
Дар сафар будам, ки омад ин паёми ҷонхарош,
Субҳдам чун ламъаи ахтар бирафтӣ, хоҳарам!
Шуълаи дидори ту бошад маро андар назар,
Арчи ҳамчун шуълаи Ховар бирафтӣ, хоҳарам!
Номи ту бошад маро то ҷовидон вирди забон,
Доғдил чун лолаи аҳмар бирафтӣ, хоҳарам!
Хонаи Ҳақро зиёрат карда будӣ баъд аз он,
Бар умеди раҳмати довар бирафтӣ, хоҳарам!
 
ШИКАСТУ РАФТ
Пирӣ расиду қомати моро шикасту рафт,
Мурғи ҳаёт аз қафас якбора расту рафт.
Аз тири чарх қалби мо сӯрох гаштааст,
Лайлии бахт як нафас бо мо нишасту рафт.
Нахли умед тирамоҳ сарсабз кай шавад?
Бинҳод номаи қазо бар рӯи дасту рафт.
Дасти қазо ба куштани мо азм кардааст,
Дилро ба тори ҳиллаи худ сахт басту рафт.
Пайки аҷал чу роҳхати моро ба даст дод,
Бо тундӣ домани умед аз мо гусасту рафт.
 
Назад
Верх Низ