⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала Дата начала
Ин ки дил бастам ба меҳри оразаш, бад буд, бад,
Ҷон, ки додам дар ҳавои ӯ, ғалат кардам, ғалат.
[Вҳшии Бофқӣ]
 
Дил бинеҳ бар ҳавасе, ки дил аз он бар наканӣ,
Шермардо, дили худро саги ҳар кӯй макун.
[Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ] › #мавлоно
 
Меравам аз худ, намедонам, куҷо хоҳам расид,
Маҳмили дардам ба дӯши нола борам кардаанд.
[Бедил] › #бедил
 
Гар биларзад панҷаи сайёд айб аз тир нест,
Дар Қазои Зоти Ҳақ бар ақлҳо тадбир нест.
[Саидалӣ Саид]
 
Ҳикмати олӣ надорӣ, такя бар бозу макун,
Осмон бо ин бузургӣ бесутун истодааст.
[Бедил] › #бедил
 
Рӯбанд кушоед зи сари пардаи асрор,
Пас хеш бидонед, ки на шоҳу на гадоед.
[Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ] › #мавлоно
 
Назад
Верх Низ