⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала Дата начала
Дилогоҳон, дилогоҳон дилам танг аст, медонед?!
Ҳадисам аз мақоли шишаву санг аст, медонед?!

Нафасгирӣ чӣ душвор аст, ҳангоми нафасгирӣ,
Ҳамин ҳангома бо ҷонам ҳамоҳанг аст, медонед?!

Гурӯҳе дар найистони замона ранг мерезанд,
Най андар ранг чун омехт, найранг аст, медонед?!

Бисӯзад решаи он оштӣ, к-аз ҷанг бархезад,
Ҷаҳон бо ҷони ман дар оштиҷанг аст, медонед?!

Ба чашми танги Чингизӣ само хунрез метобад,
Ба пои ланги Темурӣ Замин ланг аст, медонед?!

Чӣ ҷойи осмони тираи таърихи инсонӣ,
Замин як пора гӯристони фарҳанг аст, медонед?!

Садо ояд ба гӯшам Озарахш, аз Зуҳраи чангӣ,
Навои чангатон дар чанги харчанг аст, медонед?!
[Озарахш]
 
Эй фалак, партави хуршеди ҷаҳонтоб куҷост?
К-имшаб аз ғусса бимурдему саҳар дер омад.
[Бадриддин Ҳилолӣ]
 
Даъвии мардони ин аср инфилое беш нест,
Шер меғуранду чун вомерасӣ бузғолаанд.
[Бедил] › #бедил
 
Хоҷа бемор шавад бин чӣ касон меоянд,
Бар сари болини мискин магасон меоянд.
[Мавлоно]
 
Хуфтагонро хабар аз меҳнати бедорон нест,
То ғамат пеш наояд, ғами мардум нахурӣ.
[Саъдӣ]
 
Ҳар шабе гӯям, ки фардо тарки ин савдо кунам,
Боз фардо чун шавад, имрӯзро фардо кунам.
[Ҳилолӣ]
 
Гар ба сурат одамӣ инсон будӣ,
Аҳмаду Бӯҷаҳл худ яксон будӣ.
[Мавлоно]
 
Мурда будам, зинда шудам, гиря будам, ханда шудам,
Давлати ишқ омаду ман давлати поянда шудам.
[Мавлоно]
 
Зи ёрон кина ҳаргиз дар дили ёрон намемонад,
Ба рӯи об ҷойи қатраи борон намемонад.
[Ваҳиди Қазвинӣ]
 
Олам ҳама вайронаву ганҷина дили мо,
Рахшанда гуҳар дар садафи сина дили мо.
Бе нури Худо хоки сияҳро чи баҳоест,
Анвори Худоро бувад оина дили мо.
Ёбем таҷаллӣ зи Худо чун бишавад пок,
Аз кибру риёву ғазабу кина дили мо.
Гар меҳри Худо бар дили мо шӯъла нарезад,
Равшан накунад пӯшиши мӯина дили мо.
Гар гавҳари имон набувад дар садафи мо,
Кай фарқ кунанд аз дилу бӯзина дили мо.
То пок зи ғафлат нашавад баҳра нагирад,
Ҳеҷ аз шаби Қадру шаби Одина дили мо.
 
Файзи ҳаловат аз дили бе кибру кин талаб,
Занбӯрро зи хона барор, ангубин талаб.
[Бедил] › #бедил
 
Тарсам, ки ман бимираму ғам бепадар шавад,
Ин тифли нозпарвари ман дар ба дар шавад.
[Ғанимати Панҷоби]
 
То кай, ай сар дар ҳаво дар осмон ҷӯйи Худо?
Завқи аз боло нишастан нест соҳибхонаро.
[Калими Кошони]
 
Дӯст дорад ёр ин ошуфтагӣ,
Кӯшиши беҳуда беҳ аз хуфтагӣ.
[Мавлоно]
 
Ҷавон

Ҷавон токай чунин мадҳушу мастӣ,
Ҳазорон тавба кардиву шикастӣ.
Намеояд чаро як лаҳза шармат,
Зи Холиқу Малики кулли ҳастӣ.

Ҷавон то кай фасоду бенамозӣ,
Ҷавон то кай шаробу лаҳну бозӣ.
Гумон кардӣ, ки бо пулу зару сим,
Ту аз парвардигорат бениёзӣ?

Ҷавон то кай нафас бар оташу дуд,
Ба суйи Рабби худ баргашт кун зуд.
Амонат аз Худо ин ҷисму ҷон аст,
Амонатро чаро созӣ ту нобуд.

Худат аз кори зиштат ҳам ғамгинӣ,
Ба дур аз дидаи мардум нишинӣ.
Худо пайваста моро дар камин аст,
Бибинад У туро, Уро набинӣ.

Ҷавон бас кун, ки дунё ҷойи мо нест,
Матоъу гавҳари умрат ҷавонист.
Барои бахшишу афви гуноҳон,
Пушаймониву ашки дида кофист.

Ба машҳар чун шавад асрори мо фош,
Надорад суд ай бедоду ай кош.
Тамоми хубу бадҳое, ки кардем,
Ба дафтар мекашиданд он ду наққош.

Чу Мусъаб дасту ҷон дар роҳи дин деҳ,
Ду дастатро ба Раббулоламин деҳ.
Наҳодӣ дасти худ дар дасти Шайтон,
Раҳояш кун бар Хайрулмурсалин деҳ.
 
Ҳузури дил тамаъ дорӣ, зи таъмири ҷасад бигзар,
Ки гавҳар аз садафҳо бе шикастан бар намеояд.
[Бедил] › #бедил
 
Дилрабоӣ ҳама он нест, ки ошиқ бикушанд,
Хоҷа он аст, ки бошад ғами хидматгораш.
[Хоҷа Ҳофиз]
 
Санги бадгавҳар агар косаи заррин шиканад,
Қимати санг наяфзояду зар кам нашавад.
[Шайх Саъдӣ]
 
Гуфта будам чу биёӣ ғами дил бо ту бигӯям,
Чӣ бигӯям, ки ғам аз дил биравад чун ту биёӣ.
[Шайх Саъдӣ]
 
Бо шамъ гуфтам аз чӣ сарат медиҳӣ ба бод?
Гуфт он саре, ки саҷда надорад чунин хуш аст.
[Бедил] › #бедил
 
Назад
Верх Низ