Новые сообщения в профиле

Миёни ду кас ҷанг чу оташ аст,
Суханчини бадбахт ҳезумкаш аст.
Саъдӣ Шерозӣ
Эй дил, садои марг туро ҳам расиданист,
Субҳи аҷал зи матлаъи умрат дамиданист.
Бар тахту наълу болиши абрешимӣ маноз,
Танҳо ба ҷои танг туро оромиданист.
Пайвастагӣ макун ба ҷаҳон, дил дар ӯ мабанд,
Зеро, ки з-ин ҷаҳонат ба куллӣ буриданист.
Аз гӯши хеш мешунавӣ к-он фалон намонд,
Дар гӯши дигарон хабарат ҳам расиданист.
Эй дил, макун гунаҳ, ки таҳқиқ мурданист,
Аъмоли нек кун, ки қиёмат расиданист.
Ғарра машав бад-ин гулу бӯстони рӯзгор,
Боди хазон бад-ин гулу бӯстон вазиданист.
Аз марги худ битарс, ки танҳо равӣ баъ гӯр,
Бо Мункару Накир¹ ҷавоби ту доданист.
Чун «куллу нафсин зоиқату-л-мавт»² ҳукм шуд,
Медон яқин, ки шарбати маргат чашиданист.
Чизе шикор кун, ки ба майдони рӯзгор,
Ин маркаби ҳаёт на доим давиданист.
Чун ҳазрати Расули Худо дар ҷаҳон намонд,
Касро чӣ эътимод, ба нобуд буданист.
Саъдӣ, дар ин қафас, ки тавон дошт мурғро,
Охир қафас шикаставу мурғаш париданист.

{Шайх Саъдӣ}

¹Малоикаҳои саволу ҷавоб дар қабр
²Ҳар нафсе чашандаи марг аст (Оли Имрон;185)
Хуршед нахоҳам, ки барояд то ту
Танҳо равию соя наёяд бо ту!

Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт
Рӯйи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт

Падид омад русуми бевафоӣ
Намонд аз кас нишони ошноӣ

Биё бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи суҳбати дерина дорӣ.

Лабаш мебусаму дар мекашам май,
Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай.

На розаш метавонам гуфт бо кас
На касро метавонам дид бо вай

Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо маро он деҳ, ки он беҳ.

Абрукамон зи ғамат дилгирум,
Усма накаш ба Худо мемирум.

Навиштам аз ду зулфи банд бандат,
Навиштам аз лабони ҳамчу қандат.

Баландӣ то ки ёбад мисраи ман,
Навиштам аз қади боло баландат!
Расми ситам нест ҷаҳон ёфтан,
Мулк ба инсоф тавон ёфтан….
Мамлакат аз адл шавад пойдор,
Кори ту аз адли ту гирад қарор.
Дар кафи мардонагӣ шамшер мебояд гирифт,
Ҳаққи худро аз даҳони шер мебояд гирифт.
Рӯзу шаб хобам намеояд ба чашми ғампараст,
Баски дар бемории ҳаҷри ту гирёнам чу шамъ.
Саъдӣ
Шавқу шӯри навҷавониро пайи ишрат мабар,
Беадабро ҷунбиши хуни ҷавонӣ мекушад.?
Верх Низ