Зарафшони Хуросон

Hanifajon

Member
Регистрация
16.04.2025
Сообщения
40
ХАТМКАРДАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН ШОИР.

АЪЛОЧИИ МАТБУОТИ ТОҶИКИСТОН
 
✍️✍️. ДАР БОБӢ КИБР ✍️✍️

ОН, КИ ҶОҲИЛ ҲАСТ , МАРДИ БЕНАВОСТ ,

ОҚИЛОНРО САБРУ ЁРӢ АЗ ХУДОСТ !

ГАР ФАРОСАТ НЕСТ ЗЕБОИ ЧӢ СУД ?

УСТУХОН ДАР ПЕШИ ХАР МОНӢ ХАТОСТ !

💢✍️💢✍️💢✍️💢✍️💢✍️💢✍️

ГАРЧИ ДОНОИВУ СИНОИ ЗАМОН,

БО ТАВОЗӮЪ БОШ ПЕШИ ОДАМОН !

ҒАРҚИ ДАРЁ ГАШТ ФИРЪАВН АЗ ҒУРУР !

БО <<АНАЛҲАҚ >>РАФТ МАНСУР
АЗ ҶАҲОН. !

( Зарафшони Хуросон )

💢✍️💢✍️💢✍️💢✍️💢✍️💢✍️
 
💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐💐

БОРҲО ГУФТААМ , КИ ДАР ЗИНДАГИ ИДЕЛИ МАН МИЁНИ МАРДҲО ДОДАРАМ СОБИРҶОН ҲАСТ .
У ҲАМА КОРАШ ХОҲ БАД ХОҲ ХУБ АЗ РӮИ АДОЛАТУ МАРДӢ АСТ . БОРЕ ДАР ЯК ҶАМЪОМАДИ ХУДӢ НИШАСТЕМ ВА АЗ КОРҲОИ СОБИРҶОН СУХАН РАФТ ВА ДАР ОМАДИ ГАП ҶИЯНАМ ГУФТ , КИ ЧИ ХЕЛ МАНЗУРАРО ЗАД...
РОСТӢ ШОКӢ ШУДАМ .ЧУН МЕДОНАМ ҲЕҶ ГОҲ БЕҲУДА ДОДАРИ МАН ЗАНРО НАМЕЗАНАД ...
АЗ ИН КОРАШ ХАФА ҲАМ ШУДАМ .ПАГОҲ СОБИРРО ДИДАМ ВА ГУФТАМ ЧАРО КАДОМ ДУХТАРРО ЗАДӢ ?
ГУФТ , БА ШУМО РАСОНИДАНД АЛЛАКАЙ ...
ГУФТАМ , ҲООО ...ВА ГАПҲОИ САХТ ЗАДАМ КИ У ҲАМ ХОҲАРИ КАСЕ ҲАСТ !ДУХТАРИ КАСЕ ҲАСТ , ЧАРО ИН КОРРО КАРДӢ ...
У ДИД , КИ МАН ХЕЛЕ ХАФА ҲАСТАМ АЗ ИН КОРАШ.
ГУФТ :
НАГУФТАНД ГУНОҲАШРО .ГУФТАМ , НЕ...НАПУРСИДАМ.
ГУФТ:
АПА , ЯГОН ВАҚТ ШУМОРО ЯГОН СУХАНИ БАД ГУФТАЕМ ?
ГУФТАМ :
НЕ.
ГУФТ :
ЯЗНАМ ҲАКОРАТ ДОДААСТ ?
ГУФТАМ :
НЕ.
ГУФТ :
УМУМАН ЯГОН МАРД ШУМОРО ШАПОТИЕ ЗАДААСТ ?
ГУФТАМ :
НЕ! МАН БА ИН ИМКОН ҲАМ НАМЕДИҲАМ ВА КОРЕ НАМЕКУНАМ КИ БОИСИ ШАЛОҚ ХУРДАН ШАВАД .
ГУФТ :
ИНА ХУДАТОН БА САВОЛАТОН ҶАВОБ ГУФТЕД.
ОН ДУХТАР АЗ РАМКАИ ЗАН БУДАН БАРОМАД....
ВА ГУНОҲАШРО ГУФТ.
ХАНДИДА ГУФТАМ :
БО ДУ ТОИ ДИГАР НАЗАДИШ ...
МАН ЧӢ ГУФТАНӢ ҲАСТАМ.
СОБИР , ДАР ҲАМА ҲОЛАТ МАРД ҲАСТ ВА ДИЛИ БУЗУРГЕ ДОРАД .
Ӯ ФИДОӢ АСТ .ҲЕҶ ГОҲ АЗ КАСЕ КӮМАКАШРО ДАРЕҒ НАМЕДОРАД .ВАЛЕ ДАР ҶОИ ДАРКОРИ ХЕЛЕ САХТ МЕРАВАД .
СИФАТҲОИ МАРДОНАГӢ ВА ИНСОНДӮСТИЮ ВАТАНДӮСТИЮ ҚАВМДӮСТӢ , ДИЛКУШОДИЮ САХОВАТМАНДИАШ ЗЕБИ ЗИНДАГИАШ ҲАСТ .
ЧУН АНА ҲАМИН ДОДАРИ НАМУНАИ МАН , ИМРӮЗ РӮЗИ МЕЛОД ДОРАД , БА Ӯ ТАМОМИ ХУШБАХТИРО ТАМАННО ДОРАМ...❤️❤️❤️❤️❤️
БИГУЗОР СОЯААШ АЗ САРИ МО ДУР НАБОШАД.🤲🤲🤲🤲🤲
ХОРИАТРО АСЛО НАБИНАМ , ДОДАР ❗
ҲАМЕША САРБАЛАНДУ , ИФТИХОРИ АПААТ БОШӢ...ДОДАРҶОНАМ ❗

💐🤲💐🤲💐🤲💐🤲💐🤲💐🤲💐
 
✍️✍️. ШОҲБАЙТ. ✍️✍️

ГАР ҲИРС БА НАФСИ ОДАМӢ БИСЁР АСТ ❗

БАР БЕАДАБЕ СУХАН КУНӢ БЕКОР АСТ ❗

ҲАРЧАНД ГУНАҲ ЧУ МӮЙ БОРИК ВАЛЕ❗

К - ИН. ҲАЛҚАИ ДОРУ СӮЗАНИ ДАВВОР АСТ ❗

✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️
 
✍️✍️ ҶАҲОНИ МАЪНӢ ✍️✍️✍️

ТОВӮС БА ЗЕБОИ БАСЕ ХУШНОМ АСТ ,

АЗ БАҲРИ ПАРАШ МУДОМ ҚАСДИ ДОМ АСТ .

ФОЗИЛ ҲАМА ЗЕРИ ЗУЛМУ ЗАБТИ ДИГАРОН ,

ФАРЗОНАДИЛЕ БА ПАНҶАИ АЙЁМ АСТ ❗

✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️

ҶОНИ МОРО ҶАВШАНАШ БОРИ ТАН АСТ ❗

БАДЗАБОНӢ БАҲРИ ОДАМ ДУШМАН АСТ ❗

ҲАР, КИ НАГРЕЗАД ЗИ ҶАҲЛУ ҶОҲИЛӢ ,

ХАСМИ Ӯ БАР СОЯИ Ӯ ДУШМАН АСТ ❗

✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️

ЭЙ , КИ ДОРӢ АЗ ҲАСАД ОҲЕВУ СӮЗ,

ХИРҚАИ ОДАМГАРӢ БАР ХЕШ ДӮЗ❗

ШАМЪИ КАҶ СӮЗАД ДАРУ ДЕВОРИ ТУ ,

ОТАШИ ШАМЪИ ДИЛЕРО БАРФУРӮЗ ❗

✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️
 
ҶУДОӢ

Эй садои ошнои зиндагӣ ,
Боз рӯзе мешавӣ пазмони ман.
Солҳо ишқи ту дар қаъри дил аст ,
Дар фазои ишқи пурармони ман.

Аз каломи ёри нав мекофтам,
Ояти ишқу садои зиндагӣ ,
Он чиро мекофтам , дарёфтам ,
Бандагӣ дар қолаби созандагӣ.

Рафти аз дастам ба сони соддагӣ ,
Бохтам буду набуди хонаам .
То ҳанӯзам бехуду бечораам ,
Даст бар сар мезанам , девонаам.

Талхкомиҳо азобам медиҳанд ,
Ашки ман чун шабнаме болои раҳ .
Бо шамоле нобасомонии умр ,
Маҳв мегардад ба гирдоби гунаҳ.

Дар куҷоӣ олами эъҷози ман,
Дарди ту рӯзе ба поён мерасад.
Гар бимирам , мешавӣ огаҳ аз он ,
Аз мазорам бӯи ҳиҷрон мерасад.

Н. Ҳамадонӣ
 
❤️❤️ БА ПИСАРАМ..❤️❤️❤️

Ғамгин нанишинам , ки ту бошӣ ба канорам,
Дар хонаи ман мӯҷиби ҳар авҷу барорам.

Шукрона бигӯям , агар аз дар бидарои,
Эй боиси ҳар хандаву ҳам дору мадорам.

Сад шукр Худоро , ки дар ин панҷаи тақдир,
Дорам ба барам такягаҳу шодибарорам.

Гоҳе ки ба танҳои шавам сархаму навмед,
Чун Хизр дароиву бари гарду ғуборам.

Хуршед ғизо аз шарари Арш бигирад ,
Эй , муниси ҷон дарди дилам бо ту барорвм.

Борон, ки шавад хок аз он зинда бигардад,
Ан аз ту бигирам ҳамагӣ авҷу барорам

Сад шукр ки ҳасти ба барам мояи фахрам ,
Эй, лахти ҷигар бе ту дар ин даҳр чӣ корам..?

Апрел. 2025
н. Ҳамадонӣ.
 
ДАРХОСТ
Ман аз ту як дили девона мехоҳам,
Париданҳои чун парвона мехоҳам.
Ба шамъи шонаҳои хеш месӯзам,
Лаби паймона мехоҳам,
Дили девона мехоҳам.

Зи ту ман номбардори Ватан хоҳам,
Зи ту ман посдори илму фанн хоҳам,
Ба номӯси Ватандорӣ,
Дили шерона мехоҳам.

Ман аз ту зар намехоҳам,
Шукӯҳу фар намехоҳам,
Чу як рустоидухтар дар талоши ту,
Ҳабибу роздони хона мехоҳам,
Ман аз ту як дили девона мехоҳам...

Намегӯям , ки дарё шав,
Намегӯям , ки дунё шав,
Чу оби ҷӯй ширину паси ин хона мехоҳам
Ман аз ту дар талоши марду номардӣ,
Сарамро меҳрубониву шарики хона мехоҳам.

Гули ревоҷу торонам,
Зи сардиҳо раҳоям кун,
Зи ту сад сол гармиҳо намехоҳам,
Баҳоре пуршукӯҳу лолаи шоҳона мехоҳам.

Ман аз туву зи лабҳоят,
Шароби мардафканҳо намехоҳам
Ман аз ту қасрҳову зарфишониҳо намехоҳам,
Чаро, ки Зарфишонам ман.

Фақат фарзонагӣ хоҳам,
Барои чун мани девонаи шеъре,
Дили девона мехоҳам,
Шабе афсона мехоҳам,
Фақат аз ту - дили мардона мехоҳам..

ш .Душанбе
 
ДУО

Эй субҳи наву фардо, бардор ғами моро,
Саргарми дили танҳо , афзой ками моро.

Дар ҳасрати рӯи ӯ ман нола набитвонам ,
Ай булбул агар тонӣ , баргӯ алами моро.

Чун барги хазони дил уфтода ба пои гил,
Аз боди сабо орад шодӣ , ситами моро.

Меҳру ҳавасам шояд боиси малолат шуд ,
Ҳукме чӣ ба сар дорад , пои ҳаками моро.

Эй , бод расон аз ман , оҳи дили шури да ,
Сад кундаи худсӯзам , рӯ соз дами моро.

Ай , руди Зарафшонам сад пора нашав , умре,
Сарҷамъӣ дуо дорам шодиву ками моро...

ш. Душанбе
2025.
 
✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️

СЕ ТОИФА АЗ ЁДИ КАСЕ ДУР НАМОНД❗

ОНЕ, КИ БА САХТИҲО ТУРО ЁР БИХОНД❗

Ё , КАРДА БА САХТИҲО ГИРИФТОР ТУРО ❗

ДАР ПАСТӢ РАҲО КАРДУ БА ХОКАТ БИШИНОНД...❗

( Зарафшони Хуросон)

✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️✍️
 
✍️✍️. ВАЪДА✍️✍️

Он ваъда бидодию бирафти аҷабе буд?
Худхоҳи мано, мешавад он лаҳза фаромуш?

Он лола , ки дар хуни дилам тар шуда имрӯз,
Бо ту буданам дар бари рӯ буду баногӯш .

Аз рафтани ту ҷоми сабуи сари сангест,
Ин пораи дилро бигирам сахт дар оғӯш.

Аз хокаму аз бодаму аз оташу обам,
Аз оҳану фулод наям , сӯзаму хомӯш.

Умре ба хаёлам лаби ту ҳамчу асал буд,
Занбур занад нешу биёрад асали нӯш.

Дар назми Хуросонӣ шавӣ зам- замаи шеър,
Эй кош , зи ашъори дилам гарди фаромӯш ...

Зарафшони Хуросон
Ш , Душанбе
 
Назад
Верх Низ