ЗАМОНЕ МЕОЯД.ИНСОНҲО ПАЙРАВИ АЗ ИСЛОМ НАМЕКУНАНД.

  • Автор темы Муслим
  • Дата начала
М

Муслим

1. Замоне меояд, ки фосиқон ва ҷоҳилон бар қабоил бар мардум роҳбарӣ мекунанд.
(Тирмизӣ: 2211)

2. Замоне меояд, ки мардум зинокорӣ ва шаробхуриро ҳалол медонанд.
(Бухорӣ: 5590)

3. Замоне меояд, ки занон либос пушидаанд, аммо дар ҳақиқат лухтанд (яъне бараҳнаанд) бо либоси нозук ва часпида дар тан.
(мухтасари Муслим: 2128)

4. Замоне меояд, ки касе таваҷҷуҳ ва парво намекунад, ки он чиро ба даст оварда аст аз ҳалол аст ё аз ҳаром?
(Бухорӣ: 2059)

5. Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд, ки дини хешро ба матоъи ночизи дунё мефурушанд.
(мухтасари Муслим: 118 )

6. Замоне меояд, ки хондану гирифтани илм барои мақсадҳои дунявӣ ҳосил мешавад.
(Тирмизӣ: 2211)

7. Замоне меояд, ки занон муйҳояшонро монанди кӯҳони уштур мекунанд.
(мухтасари Муслим: 2128)

8. Замоне меояд, ки мардум мусиқӣ ва олатҳои мусиқиро ҳалол медонанд.
(Бухорӣ: 5590)

9. Замоне меояд, ки мардум шаҳодати дурӯғро меписанданд ва ҳақро пинҳон мекунанд.
(муснади имом Аҳмад: 3870)

10. Замоне меояд, ки мардуме пайдо шаванд ба номи дин дурӯғҳо гӯянд, то мардум гумроҳ шаванд.
(Муслим: 1822)

11. Замоне меояд, ки пайрави кардан аз расму оину фарҳанги куффор ривоҷ ёбад (яъне бегонапарастӣ кунанд, идҳои ононро ҷашн гиранд).
(Бухорӣ: 7319 /3456 )

12. Замоне меояд, ки мард аз занаш итоъат кунад ва ба хотири ҳамсараш аз волидайнаш нофармонӣ кунад.
(Тирмизӣ: 2211)

13. Замоне меояд, ки кор ба ғайри он супурда мешавад, (яъне ба шахсе ки аз ӯҳдаи ҳамон кор намебарояд).
(Бухорӣ: 59)

14. Замоне меояд, ки мардум ба сурати комил закоти моли хешро пардохт намекунанд.
(Тирмизӣ: 2211)

15. Замоне меояд, ки дар замин қонуни Аллоҳ татбиқ ва амалӣ намешавад.
(муснади имом Аҳмад: 22160)

16. Замоне меояд, ки теъдоди занон аз мардон зиёд мешавад.
(Бухорӣ: 81, мухтасари Муслим: 2671)

17. Замоне меояд, ки қотил (одамкуш) намедонад барои чи мекушад ва мақтул (кушташуда) иллати кушта шуданашро намедонад.
(Бухорӣ: 7061)

18. Замоне меояд, ки замин ганҷинаҳояшро берун андозад мисли тилло, нуқра, нефт ва ғайра.
(мухтасари Муслим: 1013)

19. Замоне меояд, ки дар байни мусалмонон занони хонанда (артистка) ва раққоса зиёд мешавад.
(Тирмизӣ: 2211)

20. Замоне меояд, ки шароб ошкоро нушида шавад ва зинокорӣ ошкор сурат гирад
(Бухорӣ: 81)

21. Замоне меояд, ки мардум дар сохтани биноҳои баланд бо ҳам рақобат мекунанд.
(Бухорӣ: 7121)

22. Замоне меояд, ки бисёр одамҳо амонатҳоро хиёнат мекунанд.
(Бухорӣ: 6497/ 59)

23. Замоне меояд, ки бахилӣ дар байни мардум зиёд мешавад.
(Бухорӣ: 7061 ва Муслим: 2672)

24. Замоне меояд, ки занон бо шавҳаронашон дар тиҷорат мушорикат мекунанд.
(муснади имом Аҳмад: 3870)

25. Замоне меояд, ки ҷаҳл ва нодонӣ зуҳур мекунад.
(Бухорӣ: 7061 ва Муслим: 2672)

26. Замоне меояд, ки баъзе аз қориён дар муқобили тиловати Қуръони карим аз мардум пул талаб мекунанд.
(Абудовуд: 830)

27. Замоне меояд, ки фаҳшову мункарот дар байни мусалмонон зиёд мешавад.
(муснади имом Аҳмад: 6514)

28. Замоне меояд, ки масоҷид зиёд ва бо нақшу нигор мешавад, аммо дар дохилаш намозхон кам аст.
(Абудовуд: 449)

29. Замоне меояд, ки моли дунё ва сарват зиёд мешавад.
(Бухорӣ: 7121 ва мухтасари Муслим: 1012)

30. Замоне меояд, ки муфтиҳои ҷоҳил пайдо мешавад ва бо фатвоҳои нодуруст мардумро гумроҳ мекунанд.
(Бухорӣ: 100)

31. Замоне меояд, ки робитаи хешовандӣ миёни хешу табор қатъ мешавад.
(муснади имом Аҳмад: 6514)

32. Замоне меояд, ки дар дунё қатлу куштор зиёд мешавад.
(мухтасари имом Муслим: 2908)

33. Замоне меояд, ки мардум ба хотири фитнаҳои замона орзуи маргро мекунанд.
(Бухорӣ: 7121/ 7115 )
Ҳадисҳо ва қиссаҳои исломи ✍️
""""""""""''"'''''"'""""""""""""""""""""""""""""""
 
Верх Низ