ЗАЙДОВ Исматулло Ҳокимович

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
ЗАЙДОВ
Исматулло Ҳокимович, таваллудаш соли 1954, зодгоҳаш ноҳияи Файзобод, маълумоташ олӣ. Соли 1975 Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси агроном ва Донишгоҳи давлатии техникии ш. Тулаи Федератсияи Россияро бо ихтисоси муҳандиси сохтмони иншоотҳои кӯҳӣ хатм намудааст. Солҳои 1975 – 77 нозир оид ба харид ва сифати маҳсулоти кишоварзии ноҳияи Файзобод, 1977 – 80 дар хизмати ҳарбӣ, 1980 – 82 агрономи калони шӯъбаи Вазорати хоҷагии мева ва сабзавоти Тоҷикистон, 1982 – 84 сарагрономи совхози ба номи Орҷоникидзеи ноҳияи Орҷоникидзеобод (ҳозира Ваҳдат), 1984 – 86 котиби озоди комитети ҳизбии совхози ба номи Орҷоникидзе, 1986 – 89 сардори хоҷагии минтақавии идораи махсуси «Гидроспесстрой»-и ш. Душанбе, 1989 – 90 муовини сардори идораи сохтмонии «Роғунгэсстрой»-и ш. Душанбе, 1990 – 94 муовини сардор ва 1994 – 98 сардори идораи махсуси «Гидроспесстрой»-и ш. Душанбе ва солҳои 2005 –08 раиси ноҳияи Файзобод буд. Дар макоми Раиси шахри Роғун кор кардааст.

Хизматҳои ӯ бо ордени «Дӯстӣ», ифтихорномаҳои ҳизбӣ ва давлатӣ қадр карда шудааст.
 
Верх Низ