ХОҶАЕВ Давлат

%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
ХОҶАЕВ
Давлат, таваллудаш 12. 05. 1947, ноҳияи Файзобод, забоншинос, доктори илмҳои филология (2004), профессор (2008). Соли 1972 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст. Пас аз хатми университет ассистенти кафедраи забони тоҷикӣ таъйин гардид. Солҳои 1974 – 75 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1975 – 83 ассистент ва муаллими калони кафедраи забони тоҷикӣ, 1983 – 2007 дотсенти кафераи забони адабии муосири тоҷики ДМТ буд. Аз соли 2008 профессор ва мудири кафедраи забон ва типологияи ҳамин донишгоҳ мебошад. ӯ аз солҳои 70-уми асри 20 ба тадқиқ ва омӯзиши сохти наҳвиёти забони адабии тоҷик машғул аст. Оид ба наҳви ҷумлаҳои мураккаби тобеъ як силсила мақолаҳо ба табъ расондааст.

Хоҷаев Д. солҳои зиёд ба афкори забоншиносии классикии тоҷик тадқиқот бурда, дар ин замина якчанд мақолаю рисолаҳои судманде ба табъ расондааст, ки аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ доранд. Натиҷаҳои пажӯҳиши ӯ дар рисолаи докториаш – «Афкори забоншиносии тоҷик дар асрҳои X – XVI» (2004) инъикос ёфтаанд. Муаллифи китоби дарсии «Забони тоҷикӣ» барои синфи IX мактаби таҳсилоти умумӣ, 12 дастуру рисола ва зиёда аз 100 мақола аст. Ҳоло ба 6 нафар аспирантон роҳбарӣ менамояд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1991), медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст. Аз соли 1995 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Осор: Абдусалом Деҳотӣ ва баъзе масъалаҳои забони адабии тоҷик, Душанбе, 1984; Маҷмӯаи машқҳо аз синтаксис ва пунктуатсия, Душанбе, 1990; Калиди дари ганҷ, Душанбе, 1990; Синтаксис ва пунктуатсия, Душанбе, 1990; Дарсҳои забони тоҷикӣ дар синфи IX, Душанбе, 1992; Ташаккул ва таҳаввули забоншиносии форсу тоҷик дар асрҳои миёна, Душанбе, 1998; Афкори забоншиносии Хоҷа Ҳасани Нисорӣ, Душанбе, 2004; Маҷмӯаи саволҳои тестӣ аз забон ва адабиёти тоҷик (ҳаммуаллиф), Душанбе, 2007.
 
Верх Низ