"ХАРАКТЕРИСТИКА"

  • Автор темы Исфандиёри Назар
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
FB_IMG_1709405851346.jpg
Шинохтани ҷаҳони ботинии як инсон мумкин аст ҳеч гоҳ ба тамом даст надиҳад!
Оё инсон тавонистааст Кайҳони бениҳоятро ба тамом шиносоӣ кунад? Кайҳоне бо ҳазорон Каҳкашонҳо, сиёчолаҳо, сайёраву сайёракҳо...
Инсон гунаи хурди ҳамон Кайҳони беинтиҳост... Бо пуштивонаи донишу хирад дар ин кайҳон сайёраеро пайдову шиносоӣ мекунӣ ва дармеёбӣ, ки боз пушти он чизи дигарест... олами дигареву табиъати дигаре...
ЗОДНОМА
Ман Зодномаи Додоҷон Атовуллоевро нахондаам! Ин қадар маълуми ҳамагон аст, ки ин МАРД дар рустое зери номи Ворӯ, аз тавобеъи шаҳри Панҷекат, ки бахше аз Самарқанди Суғд аст, ба дунё омада!
Падараш аз мардони тавонои он русто ва он шаҳр будаву метавон корномаи ӯро бо айёрони Хуросон ва қаҳрамонҳои адабиёти айёриву ҷавонмардӣ муқоиса намуд!
Онҳое, ки аз падари ӯ бадгӯӣ кардаанд, дақиқан бархоста аз хонадонҳои порӯкашу ҷорӯкаши он диёранд, ки гумон намеравад нони сериро аз суфраи падарони хеш хӯрда бошанд...
ТАҲСИЛ
Дабиристони рустои Ворӯ.
Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (ба номи Ленин).
Донишгоҳи машҳӯри Масков (ба номи Лумунусуф)!
ПЕША
Рӯзноманигор.
НУКОТИ БАРҶАСТА
Ҷасорати адабӣ – рӯзноманигорӣ.
Покизагии забони навиштор.
ИФТИХОР
Қалам.
Сангар.
АЛОМАТИ ТАНҲОӢ...
.... ҳатто яке насаби хешро дигар кард....
ЗАМОНИ БУДУ БОШ ДАР МЕҲАН
Аз батни Модар то тасарруфи Тоҷикистон ба василаи аносири ҷиноии мусаллаҳшуда тавассути Тошканд ва Масков.
БАЪДИ МЕҲАН...
Фирориву паноҳандаи ҳар кишваре!
ФЕЪЛАН
Дар Берлин зиндагӣ мекунад.
СУРОҒА
Ба худаш маълум.
МУТЕЪ
Танҳо ба Виҷдон ва Қалам.
МУОМИЛАИ СИЁСӢ
Бо ҳеч кас!
МУБОРИЗА
Аз рӯзи “пирӯзӣ”-и аносири ҷиноӣ дар Тоҷикистон то ба имрӯз.
ЭЪТИМОД
Ба нафс ва мардуми Тоҷикистон.
БОВАРӢ
Ба Худо ва Инқилоб.
НӮШОКӢ
Танҳо қаҳва!
.....
ШАРҲУ ТАВЗЕҲУ ПОВАРАҚИҲО...
Аз ин, ки Додоҷони Атовуллоро рӯ ба рӯ мешиносам;
Аз ин, ки бо эшон чаҳор бор дар хонаи дӯстон дидор доштаам;
Аз ин, ки ба эшон эҳтироми амиқу самимӣ дорам;
Аз ин, ки бо масолеҳи зиёде ба эшон ҳамсӯву ҳамандешам...
Ҳаргиз пушаймон нестам!
Мо бо ҳам зиёд суҳбатҳо доштаему Худо хоҳад, хоҳем дошт!
Ва зиёд дар мавориде ба андешаи ҳам розӣ набудаему ба ҳам иброз накардаем ва аммо ногуфта инро пай бурдаем!
Инсон наметавонад ба ҳама сухан, ба ҳама мавқеъгириҳо розӣ бошад, - агар соҳиби сухану мавқеъ ҳатто падараш бошад.
Ихтилофи андеша табиъист! Мабод, ки ихтилофи дилҳо ба миён ояд. Худоё, ҷамъи дилҳоро нигаҳ дор!
Ончи Атовуллоевро аз ҷамъияти гӯё 10 милюннафарии тоҷикистонӣ мутамоиз мекунад, танҳо, бо як сари хеш 30 сол истодани ӯ дар баробари низоме мусаллаҳ ва саркӯбгар аст!
Дигарон ё аз ибтидо дар канори ин “низоми бенизомҳо” (таъбири абарустод Лоиқ) будаанд, ё баъдан ба он пайвастаанд.
“Низом” ва мухолифони ӯ, баъди подармиёнии Русия (!) ниҳоят бо ҳам омаданд!
Ман қасдан нақши дигар кишварҳо ва дигар ашхос, ба вижа Аҳмадшоҳи Масъудро зикр намекунам. Зеро агар Русия намехост, ҳеч Кишваре ва ҳеч шахсе тавони ба ҳам дар сари як охӯр ва як обишхӯр овардани ин мусаллаҳшудагон бо нақшаву дастуру силоҳи хориҷиро надошт!
Ҷанг барои курсӣ ва мансаб буд!
Қурбониёни тасодуфии ин шохзании мусаллаҳона: рӯшанфикрон, ба вижа аҳли ростини ҳунару қалам буданд!
Савдогарон дар сари охӯр, дар сари таракаи мурдареги бозмонда аз Шӯравӣ, дар сари ҷанозаи ҳазорон марду зану кӯдаки тоҷикистонӣ, дар сари ҷанозаи ному дабираи забони форсӣ, дар сари нақшаи баъдан муздуру муҳоҷиру бадному бечора кардани миллати тоҷик ба созиш расиданд!
Ончи Атовуллоевро чун Офтоб дурахшону танҳо нигоҳ медорад, ҳозир нашудани ӯ бар сари ин охӯр буд!
Бигзор баҳонаи баҳамоии ду сӯ дар сари як охӯр ҳоло “сулҳу ваҳдат” бошад ё ҳар чизи дигар!
Аммо Атовуллоев ин баҳамоиро напазируфт ва аз ҳамон ибтидо донист, ки чунин “сулҳ”-е умри ҷангро дароз мекунад, як миллати воҳидро паҳну парешон, бо ҳам бадбин, муҳоҷиру муздури ба вижа Русия месозад!
Гӯйӣ Атовуллоев аз ҳамон ибтидо дониста буд, ки ҳукумати як Кишвар дар сари ин охӯр чунон хурду ҳақир мешавад, ки ба як маҳал ва аз як маҳал ҳатто ба як кӯча маҳдуд мегардад – мобақӣ ҳеч мешаванд!
... Инак, Додоҷон Атовуллоев боз ҳам ба муқобили ин ҳақорати миллат, ба муқобили ин ҳақиршуданҳои бесобиқа, ба муқобили як ҳукумати беҳарос аз иртикоби ҳар ҷинояте, дар кайҳони вуҷуди худаш танҳо ба по истодааст!
Танҳои танҳо!
... Бояд пеши номи ин МАРД бо эҳтироми тамом вожаи “Устод”-ро мегузоштам!
Дӯсту душман пазируфтаанд, ки ӯ дар пешаи худ Устод аст – бо ҳарфҳои бузург!
Метавонистам унвонҳои дигаре аз пеши номи номии ӯ биёварам, аммо гуфтам: На!
Номи номии ӯ болотар аз ҳар унвону ҳар лақаби ифтихорист!
Ҳаминки зери матнҳояш мухтасар менависад “Д.А.” – ҷаҳоне маънову унвонро ба ӯ ихтисос медиҳад!
Иқрор бояд шавам (шавем): ҷанги “пешво” будан ҷомеъаи моро дорад беш аз ҳар мусибати дигар харобтар месозад!
Аз дидгоҳи ман: онки калимаи “муҳтарам”-ро аз пеши номи ҳар роҳбаре овард, ба сиёсати покиза, ба ходими мардум интихоб шудани як фард, ба ҷони сокинони як Кишвар зулм раво дид!
Ҳамин калимаи “муҳтарам”, ки аз пеши калимаи “президент”, “вазир”, “раис”... оварда шуд, ин афродро аз ҷомеъа дур кард, ба онҳо арзиши махдумӣ бахшид ва мардумро ходим муаррифӣ кард!
Унвони қабилавии “пешво” дар қарни ҳозир, дар мақтаъи замоне, ки ҳар лаҳза дониши кайҳоншиносӣ, донишҳои текнулужӣ, пизишкӣ ва ғайра бо суръат рӯ ба пешравӣ доранд,... ҳақорати як миллат аст!
Ҳақорати миллате, ки Рӯдакиву Розиву Синову Беруниву Фирдавсиву... Айниву Лоиқро зод ва акнун сҷ сол аст ҷаври торикиву сардии зимистонро хомӯшона таҳаммул мекунад ва маргу мири фоҷиъабори худро “рӯзи будшуда” тавзеҳ медиҳад!
Ҳамин тур “асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ” ва амсоли инҳо чизе ҷуз душноми мардум нест, чизе ҷуз хилофи воқеъияти торихӣ нест!
Додоҷони Атовуллоро на “пешво” гуфтаму на “раис”-у на “асосгузор”-и масалан муборизаи миллӣ алайҳи худкомагӣ дар Тоҷикистон!
Торих аз ин унвону алқоб бо тамасхур шояд ёд бикунад, аммо бо сидқ хоҳад навишт, ки: марде аз диёри Суғд, рӯзноманигори хушқариҳаву хушсабк, ба танҳоӣ сиву анд соли умри хешро дар мубориза ба муқобили як низоми саркӯбгари дастнишонда ба сар бурд ва... инқилоби ӯ ҳамин буд!
Оё бузургтар аз ин инқилобе дар торихи зиндагии як шахс рӯй медиҳад?
***

ПУШТИ ПӮША
МАРД – ҳар лаҳза бо қавлу қарори хеш, бо пойдориву истиқомати хеш, бо аҳду вафои хеш барои атрофиён таваллуди дигар меёбад ва... як бор мемирад!
Исфандиёри Назар,
Олмон
02.03.2024
 
Верх Низ