Усмон Шарифзода

Усмон Шарифзода 31 марти соли 1945 дар деҳаи Илокдараи совхози “Қалъаи
Усмон Шарифзода
Дашт”-и ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Аҳли хонадонашон тахминан дар дусолагии шоир аз деҳи Илокдара ба Дашти Шӯри Андагон, баъдан ба деҳи Дарёбоди колхози ба номи ҳамонвақтаи Каганович (ҳоло ҷамоаи ба номи Зайнаббибии совхози “Ленинград”-и ноҳияи Рӯдакӣ) кӯч мебанданд. Дар деҳаи Дарёбод шоир таҳсили мактаби миёнаро ба забони ӯзбекӣ оғоз мекунад, чунки мактаби тоҷикӣ набуд ва онро то синфи чорум идома медиҳад. Дарёи Кофарниҳон дар як обхезии сахту тундаш деҳаи Дарёбодро шуста мебарад ва шоир бо хонаводааш ба деҳи Муғулони ҷамоаи Гулистони колхози Мавлоно Яъқуби Чархӣ кӯчида, аз синфи панҷум таҳсилро бо забони тоҷикӣ шурӯъ мекунад. Соли 1964 мактаби миёнаи №80-и ҷамоаи “Гулистон”-и ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ)-ро тамом карда, соли 1971 шӯъбаи шабонаи факултаи таъриху филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Фаъолияти кориашро аз рӯзномаи «Комунна»-и ноҳияи Орҷоникидзеобод, “Ҳақиқат”-и ноҳияи Ленин оғоз мекунад. Баъдан чун ходими адабӣ дар редаксияи муттаҳидаи «Пионери Тоҷикистон»-у журнали “Машъал”, ҳамчунин дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» кор кардааст. Муддате муҳаррири сарредаксияи барномаҳои адабиёт ва драма дар телевизиони давлатии Тоҷикистон, редаксияи газетаи “Сухан”, театри давлатии ба номи Лоҳутӣ, роҳбари адабии Филармонияи Давлатии Тоҷикистон, корманди Пажӯҳишгоҳи такмили ихтисоси омӯзгорон, мудири озоди газетаи “Минбари халқ” аз (Ҳисор то Дарвоз) низ будааст.

Аз синфҳои ҳафт шеърҳояш дар газетаи ҷавонон чоп мешуданд. Овони баркамолии хешро ба рӯзноманигорӣ бахшидааст. Бо тамоми ҳиссиёт ва қувваи азим ба навиштани мақолаҳою фелетонҳои пурҷанҷол, пурзадухӯрд, ки тақдири инсонро дар мадди назар доштанд, шуғл кардааст. Масъалаҳои хоҷагии халқ, замину обу кӯҳу тухмӣ ва селекцияи Тоҷикистон дар мадди назараш буд. Ба хотири кори журналистӣ борҳо ба фоҷиъаҳо рӯ ба рӯ омадааст. Яке аз журналистони ҷасур маҳсуб мешавад. Ҳанӯз дар замони ҳокимияти Иттиҳоди Шӯравӣ проблемаи заводи транформаторбарории ш. Қурғонтеппаро, ки пинҳонӣ ба таппончабарорӣ (Макаров) оғоз карда буданд, ошкор сохтааст.

Баъдан бо маслиҳати пири рӯзгордида, шоири шодравон Боқӣ Раҳимзода шоир ба дунёи шеър бармегардад.

Ин шоири соҳибдил дар роҳи аз вартаи ҳалокат баровардани забон, аз забони ойила, кӯча ва бозор ба забони давлат ва саросарии ҷамъият, ба вусъати баланди байналхалқӣ баровардани забони модарӣ, ба хотири дар паноҳи қонун гирифтани забони модарӣ муборизаҳо кардааст. Маҳз бо кӯшишу талошҳои ин марди шариф аз ҷониби Вазорати маориф соатҳои дарсии фанни таърихи тоҷик зиёдтар карда шуда, амиқтару дақиқтар омӯзиш оғоз ёфт.

Шеърҳояш дар баёзҳои «Риштаборон», «Дили модар», «Умре дар роҳ» чоп шудаанд.

Маҷмӯаи нахустини ашъораш бо номи «Хонаи ишқ» соли 1985 ба табъ расидааст.

Соли 1990 “Рӯҳи зиндонӣ”, соли 1998 “Рӯҳи саркаш”, 2004-ум сол “Қаҳқаҳаи гиряхез” ва соли 2006 бошад гулчини ашъораш бо номи “Қаламниҳоли ғам”, соли 2007 “Аз ҳақтарошӣ то ҳақталошӣ” чоп шудааст.

Аз соли 1994 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

15-уми июни соли 2009 аз олам даргузашт.

Ман ба Файзободу кӯҳу чашма пазмонам ҳанӯз,

Мисли Дашти Моҳтобӣ синабирёнам ҳанӯз.

Чун замони кӯдакиам чашми гирёнам ҳанӯз,

Мӯи шабгун шуд сафеду тифли нодонам ҳанӯз

Дар савобу дар хатои карда ҳайронам ҳанӯз,

Кӯҳҳояш дар хаёлам роҳгардон мешаванд,

Пешпой хӯрда, гӯё чаппагардон мешаванд.

Чашмаҳо дар ҳарф меоянду гирён мешаванд,

Дар миёни гиряҳошон боз хандон мешаванд,

Ман дар ин асрори кӯҳу чашма ҷӯшонам ҳанӯз.

Чашмаҳояшро якояк ман ҳисобӣ мекунам,

Орзуҳоро ба ҳар як чашма обӣ мекунам,

Нақши ҳарсанге хаёли як китобе мекунам,

Дар мақоми кӯҳу чашма изтиробе мекунам,

Масти овози дутори Абдураҳмонам ҳанӯз.

Зиндагонӣ мисли чашми ёр гардон будааст,

Саҳнаи афтударафте баҳри мардон будааст,

Заҳр дар гул пош дода, гул ба домон будааст,

Пур зи ишқу орзуву оҳу армон будааст,

Меравам дар худ фурӯ, лаб зери дандонам ҳанӯз.

Сангу хокашро зиёрат карда ҳоҷӣ мешавам,

Ҳамчу дар Каъба ибодат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Тавбаю шукру надомат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Бар Ватан сидқу садоқат карда, ҳоҷӣ мешавам,

Ҳофизи хоки диёрам, покимонам ҳанӯз.

Бобу ҷаддам як замон аз мулки Хатлон омада,

То ба Хатлон омада, аз Оли Сомон омада,

Мулк бар мулке кашон чун ашки мижгон омада,

Ҳолиё дар селаи вақте чу Усмон омада,

Ман зи Файзободаму дар аҳди Сомонам ҳанӯз.
 
Верх Низ