ҚУРБОНЗОДА Фирдавс, таваллудаш 17. 9. 1940, зодгоҳаш деҳаи Дубедаи ноҳияи Файзобод. Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии маъорифи халқи Тоҷикистон. Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Мактаби олии ҳизбиро дар ш. Тошканд хатм кардааст. Дар вазифаҳои муаллими забон ва адабиёти мактаби миёнаи № 2, корманди комитети Ҳизби коммунистӣ, муҳаррири рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ» кор кардааст. Соли 1989 раиси Комитети иҷроияи ноҳия интихоб шуд. Солҳои 1990 – 91 раиси раёсати Шӯрои вакилони халқи ноҳия, 1991 – 95 намояндаи ваколатдори Комитети иҷроияи ноҳия оид ба корҳои дин, солҳои 1995 – 2000 (то ба нафақа баромадан) мудири шӯъбаи иҷтимоиёт ва фарҳанги дастгоҳи раиси ноҳия буд. Қурбонзода Ф. ба кори эҷодӣ низ машғул аст. Рисолаҳои «Зоҳиди Хуросон» (1999), «Вашгирд ёдгории бостон» (2005), «Ҳафтчашма» (2003), «Вашгирд: шаҳри ҳунармандон, тоҷирон ва орифон» (2009), очерки телевизионии «Вашгирд» (2009), тақриз ба рисолаи Баҳори Хуррамзод «Мусаввараҳои нотамом» ба қалами ӯ тааллуқ доранд. Мақолаҳояш дар китобҳои «Ёде аз Дӯстмуроди Алӣ», «Самараи маорифи сиёсӣ», «Сулолаи Салимподшоҳ» дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, шеърҳояш дар рӯзномаи «Набзи Файзобод» ба табъ расидаанд. Бо медали «Барои хизмати шоиста» ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон сарфароз гардидааст. Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон аст.