Тухмат кисми

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Регистрация
25.01.2023
Сообщения
1 560
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Олима бо Акрам аз давраи мактаби ишку ошики доштанд.
Аммо баьди хатми мактаби миёна падари Олима гуфт,ки ба ин авлоди паст ман хеч гох духтар намедихад ва духтарашро ба писари як хонаводаи шиносаш фотиха кард.Олима аз газаби падар тарсида чизе намегуфт.
Акрам бо Олима чанчол карда касам хурд,ки холо мебини,ман касдамро аз туву аз падарат мегирам.
Туй бо шукух баргузор гардид.Арусро ба хонаи бахташ гуселониданд.Домод чавони ботамкин, боодоб ва зебову ситорагарм буд.Олима аз зиндагии оилавиаш,хусуру хушдоманаш рози буд.Факат хохари ягонаи шавхараш ,ки хануз бе шавҳар буд,бо у муросо надошт.Доимо ягон бахонае ёфта бо Олима чанг мекард. Хохари Шамсулло бисёр найрангбоз буд,дар як сония хам механдиду хам мегирист.Дар одамро сиёҳ кардану тухмат намудан устухон надошт.Боре ба падару модараш гуфт,ки хафтаи оянда хостгор меояд ва чавонписар дустдоштаи у мебошад.
Онхо пурсиданд,ки чавон аз кучо асту чи кор мекунад?
Закия ба падару модар гуфт,ки чавон айни замон чое кор намекунад,аммо мехохад ба ягон тиҷорат машгул бишавад. Падару модараш уро чанг карда гуфтанд,ки боз ин чи нагма аст духтари беакл,аклата кор фармо.
Аммо Закия онхоро тарсонида гуфт,ки агар ба ин бача маро надихед,аз хонаатон хамрохаш гурехта меравам,шарманда мешавед.
Онхо ноилоч рози шуданд.Ин хангом Олима хомиладор буд.Барои хостгорон дастархони пурнозу неьмат густурданд.Вакте падари он чавон бо як зани муйхояш кутох аз дари хавли даромад,Олима уро шинохт.Ин падари Акрам буд,ки кайхо боз аз модари Акрам чудо шуда зан гирифта буд.Модари Акрам хам шавхар карда буд.Олима дар чояш карахт шуд.
Ин замон аз дил гузаронид;вах,ин падари Акрам ку...наход Акрам ба касамаш истода баркасиди ман ба хохаршуям хостгор фиристодааст.
Аммо хомуш салом доду аз пайи пухтани оши палав шуд.Падари Акрам гуфт, ки онхо кайхо чудо зиндаги мекунанду писараш хона надорад ва агар хоханд уро хонадомод кунанд.
-Чи...падари Закия сахт кахраш омад.Аммо иззати мехмон будани уро ба назар гирифта хомуш шуд.
-Ман одати дуруггуйи надорам,ман пул хам надорам,ки калин ,пули ресторан дихам.Ина очааш хам бо шавхари наваш овора фикр надорам,ки кумак карда тавонанд.
Агар хушбахтии духтаратонро хохед,мархамат писари маро хонадомод карда хама харочоти туйро худатон гузаронед.
Хуллас ба хотири Закия онхо аз хисоби худашон туйи бодабдаба карданд.Домод дар хонаи онхо маскун шуд.
Шамсулло базур сабр мекард.Бо хохараш ногап шуд.Акрам шарм накарда ба Олима нигоххои бешармона мекард.
Боре вакти дар ошхона чой чушонданаш охиста даромаду гуфт;диди Олима,ман ба гапам истодам,баркасди ту кайсингулатро гирифтам.Аммо туро дуст медорам.
Олима бо кахр гуфт:кани баро аз ошхона,вагарна шармандаат мекунам.
Акрам баромад.
Аз хамон руз сар карда дар зиндагии Олима сиёхи сар шуд.Закия ба у гуфт,ки ту ба шавхари ман гуфтаи ки маро партояд,ту боши акаи маро партофта бо у зану шу мешудаи.
-Ки гуфт ин тухмати махзро,уволро намедони,ман бо акаи ту хушбахт хастам ва кудаки ширмак дорам.
-Акрам гуфт ки давраи мактаби ошикаш будаи у туро хуш накардааст барои хамин касд мегири.
-Э духтари сода,ба ин хел номард хеч гох бовар накун,фахмиди ?
-Ман ба ту бовар намекунам,ба шавхарам бовар дорам.
Шамсулло ба тухматхои нав мегузашт.Боре Закия бо янгааш чанчол карду сари кахраш ба акааш гуфт,ки зани ту ба ман рашк дорад,чунки шавхари маро аз давраи мактабиаш дуст медоштааст.
-Чихо мегуйи,агар хамин гап рост бошад,ман уро аз ин хона дафь мекунам,аммо агар дуруг бошад туро бо шавхари алфонсат зада зада берун мекунам,мешавад?
-Хо,мешавад, аммо занатро касам дех ва аз худаш пурс.
Идома дорад
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
 
Тухмат кисми 2 анчом
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
Шамсулло савори газабу рашки беасос ба утоки хобаш даромада хамсарашро фарёд кард ва гуфт кани бо ин тифлат касам хур,ки язнаи маро мешиноси ва чи муносибати наздик бо у дошти ?
-Дадаи Олимчон,ором шавед.
-Ман ором намешавам,ту ба ман рости гапро икрор шав,бо ана хамин писарчаамон касам хур,вагарна сар медихамат.
-Дадаи Олимчон,ором бошед.Ман бо язнаи шумо аз як дехаем .Аммо баьди бо шумо зиндаги,никох кардан ,фарзанд дор шудан ман танхо шуморо дуст доштам,бо ин аблах муносибати наздике надоштам .Ба хамин тифлакамон касам мехурам,боварам кунед.У бо алам гирист.
Аммо рашку газаб чунон вучуди Шамсуллоро фаро гирифта буд,ки ба ягон суханони хамсараш бовар надошт.Ин дам у язнаашрр як мушт заду кашолакунон ба назди хамсараш овард ва гуфт, ки кани ту касам хур байнатон чи буд?
-Мо ошик будем ба хамдигар,ту пайдо шудиву моро чудо карди -шарм надошта Акрам ба суйи Олима ишора кард.
Падару модар,хохари Шамсулло ин дам давида омаданд.
-Хе номард,агар ту мард мебуди ,уро аз даст намедоди,тавре мубориза мебурди ки уро ба ту медоданд.
-Падараш туро пулдор гуфта дод.Аммо Олима ба ман гуфт ,ки танхо маро дуст медорад ва барои хамин ба ман маслиҳат дод,ки хохари туро гирам ва бо у хамеша дар муносибат бошам.
-Чихо мегуйи номард,тухматчи гуен ин сония Олима инони ихтиерро аз даст дода ба суйи у хучум кард.
Закия гирякунон гуфт;ака,шояд ин кудак аз шавхари ман бошад ачабе,ин зани беномуси хиёнаткоратро се талок кун.
Модари Шамсулло як дод заду гуфт:кани хама бас кунетон,ором шав бачам,аввал меравем бачаатро ташхиси ДНК мекунем,баьд хулосаамонро мебарорем.Ту домод чаро хаёти ду нафарро сузондании?Магар увола намедони?Одамизод набояд хатто хонаи гунчишкро вайрон созад.Чи буд дар гузашта буд,фаромуш кун ва зиндагиатро тинч соз.Хамсарат хомиладор аст.Ту бояд кор дарои,мо кумак мекунем то хона хари ва аз ин хона баромада равед.Ман шахсан ба покии келинам бовар дорам.
Бачам ором бош ва калимаи талокро харгиз ба забон нагир,ман келинро бо тифлаш ба хонаи модараш мебарам,ташхис мекунем тифлро ба хотири ту,баьд маслиҳат мекунем.Аввал Закияро бо домод чудо кунем аз ин хона,алохида шаванд.Вагарна зиндагии шумоен захр мегардад.
Ин дам Амир номардона гуфт :хола,ман ва Олима якдигарро дуст медорем.
Шамсулло токат накарда уро таги мушту лагад гирифт,ин лахза Олима хам бо пиёла ба сари Акрам зарба фаровард.Акрам якбора хун аз пешониаш фаввора заду бехуш фитод.
Закия бо Олима дастбагиребон шуда шавхврамро кушти,туро ба махбас мешинонам гуен дод мезад.Падараш онхоро чудо карду ба мошини ёрии таьчили занг зад.
Мошинро ёрии таьчили омаду духтури навбатдор захми пешонии уро тоза карда бо бинт басту як сузандоруи оромибахш гузаронида гуфт ;вазьи ин додар хуб аст,каме латаш кардаед,у хохиши нозири минтакавиро фарёд кардан дорад ё на,инаш ихтиери шумо.Ин чанги хонаводаги аст.Дар тамоми оилахо чанг мешавад. Акрам шарм карда охиста гуфт:не ман чое шикоят намебарам.
Баьди рафтани мошини ёрии таьчили модар,падари Закия ба хулосае омаданд,ки харчи зудтар як хавлича харида духтарашонро бо домоди аблах алохида мекунанд.Айни замон бошад Олимаро ба тифлакаш ба хонаи модараш бурда мемонанд ва бахона пеш меоранд,ки дар хавли таьмир аст,то падари бадкахри Олима норохат нашавад.
Олимаро бо писарчааш ба хонаи волидайнаш бурда монданд,рузи дигараш шавхараш аз пайи ташхиси ДНК шуд.ДНК нишон дод,ки кудак сад фоиз аз Шамсулло аст.Аммо ханузам Шамсулло нисбати занаш бовари надошт,намехрубон буд.
Модару падараш домодашонро рубару шинонда бо китоби Курьон касам доданд,ки рости гапро икрор бишавад. У гуфт,ки пушаймон аст ва гапхояш найранге беш набуд,дар хакикат давраи мактаби бо хам мехру мухаббат доштанд,аммо бидуни ягон наздикии махрамона.
Холо Акрам бо Закия сохиби духтарча дар як гушаи шахр зиндаги мекунанд.Акрам ба кор даромад.Зиндагиашон ором аст.
Шамсулло ва Олима сохиби дугоник духтарча шуданд боз.Зиндагиашон хушбахтона мегузарад.Хусуру хушдомани боакл сари вакт вайроншавии ду оиларо пешгири карданд.Вагарна ду оила бадбахт мешуд.
Сафи чунин хусуру хушдоманхо зиёд бодо.
Омин.
Муаллиф Шахлои Начмиддин 👈
🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿🌿
 
Назад
Верх Низ