ТОИРОВ Урватулло (Урватуллои Тоир), 10. 05. 1942, зодгоҳаш деҳаи
Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод, адабиётшинос, доктори илмҳои филология (1997), профессор (1998). Соли 1966 Университети давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст. Солҳои 1966 – 67 рӯзноманигори рӯзномаи «Маориф ва Маданият», 1967 – 90 муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, 1990 – 94 дотсент, 1994 – 98 мудири кафедраи фолклоршиносӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик, 1998 – 2002 профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2002 – 06 сардабири маҷаллаи «Маърифат», ҳамзамон аз соли 2007 роҳбари гурӯҳи кории «Энсиклопедияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» буд.
Тоиров У. ба таҳқиқи масоили умдаи адабиётшиносии тоҷик – таҳаввул ва сайри таърихии қасида дар адабиёти тоҷик, арӯзу қофия машғул шуда, дар ин мавзӯъҳо таҳқиқоти судманд, монографияҳову қомусҳо, беш аз 850 мақолаи илмӣ таълиф кардааст. Соли 1990 дар мавзӯи «Таҳаввул ва такомули қасида дар адабиёти тоҷик» рисолаи номзадӣ ва соли 1997 дар мавзӯи «Таҳаввул ва такомули арӯз дар назария ва амалияи шеъри форсӣ-тоҷикӣ» рисолаи докториро ҳимоя кард. «Фарҳанги истилоҳоти арӯзи аҷам» (1991), «Рисолаи иншо» (дар ду ҷилд, 1992), «Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам» (1994), «Таҳқиқ ва таълими арӯз» (1995), «Фарҳанги истилоҳоти қофия» (1997), «Офтобе дар миёни сояе» (китобҳои 1 – 2, 1999), «Каломи манзум» (2005), «Роҳе ба сӯи ғалат» (2007), «Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ ( 2007), «Адабиёти тоҷик» (ҷилди 1, 2010), «Адабиёти тоҷик» (ҷилди 2, 2001) аз ҷумлаи навиштаҳои ӯянд. Ба қалами ӯ дастурҳои таълимӣ оид ба таърихи адабиёти классикии форс-тоҷик, назмшиносӣ тааллуқ доранд. Матни якчанд осори гаронбаҳои адабиёти классики форс-тоҷик – «Чаҳор мақола»-и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (ҳамроҳи профессор Худоӣ Шарифов), «Ал-мӯъҷам»-и Шамси Қайси Розӣ, «Меъёр-ул-ашъор»-и Насируддини Тӯсӣ, «Фунун ва саноеъи адабӣ»-и Ваҳидиёни Кошифӣ, «Бадоеъ-ул-афкор»-и Ҳусайн Воизи Кошифӣ, «Рисолаи рубоӣ»-и Мулло Саъдуллоҳро бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеҳ таҳияву мунташир сохтааст. Ҳамчунин барои донишкадаҳои олӣ «Назмшиносӣ», (ҳамроҳи Х. Шарифов), ва барои мактабҳои миёна чанд китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ – «Адабиёти тоҷик» барои синфи 7 (2002), «Адабиёти тоҷик» барои синфи 10 (2008; ҳамроҳи М. Солеҳов ва Р. Шарифов)-ро таълиф кардааст. Тоиров У. узви Шӯрои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, ба 5 аспирант роҳбари илмист. Бо Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон, ордени «Нишони Фахрӣ» ва нишони сарисинагии «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.