Таваккалов Ахмадшох Бахромович

АхмадШОх Таваккалов Таваккалов Ахмадшох Бахромович 9.09.1982 дар нохияи Файзобод дар оилаи коргар тавалуд шудааст .Соли 1989 кадами аввалини худро ба мактаби миёнаи раками 1-и нохия гузошта, мактаби мазкурро соли 1999 бо мувафакият хатм намудааст. Хамон сол ба ДДТТ ба номи Абуали ибни Сино дохил шуда, хамзамон хамчун бародари шавкат дар Беморхонаи Карияи Боло дар бинои № 4 кор ва фаъолият намудааст. Баъд аз хатми донишгох соли 2006 мохи август ба зодгох — нохияи зебоманзари Файзобод баргашта, ба хайси духтури кудаконаи Маркази саломатии нохия ба кор шуруъ намудааст. Фаъолияти кори ва чусту чоликиаш уро ба вазифаи пурмасъулият — муовини сардухтури Беморхонаи маркази расонид .Дар ин вазифа аз 27 .02.2007 то мохи октябри соли 2010 фаъолият намуда аст. Мохи феврали соли 2010 вакили мачлиси вакилон дар нохия интихоб гашта, бо пешниходи раиси нохия ва фармони Кумитаи чавонон варзиш ва сайёхии назди Хукумати Чумхури ба вазифаи мудири бахши чавонон варзиш ва сайёхии нохия таъин гашта, дар он вазифа то мохи октябри соли 2011 кор мекунад. Баъдан боз ба вазифаи муовини сардухтур оид ба хизматрасонихои модарону кудакон гузаронида мешавад ва то мохи декабри соли 2012 дар он маком фаъолият мекунад. Баъд ба вазифаи духтури кудакона дар шуъбаи таваллудхонаи нохия ба корро идома медихад. Айни замон хамчун духтури кудаконаи шуъбаи таваллудхонаи беморхонаи марказии кор ва фаъолият намуда истодааст. Оиладор ва сохиби 2 фарзанд аст писарчааш Мирзо дар синфи 4 ва духтарчааш Шакира дар синфи 2 мехонанд.
 
Верх Низ