🌹🌹🌹ТАКДИР🌹🌹🌹

  • Автор темы 🌹САИДАИ РАМАЗОН🌹
  • Дата начала
  • Теги
    Нет
🌹

🌹САИДАИ РАМАЗОН🌹

Меҳмон
Зи такдирам ба магзи устухони худ бинолам ман,
Зи бадбахти бинолам, зи ночори бинолам ман,
Бинолам ман ба хар як лахзаи умрам ки аз ин дидахоям ашк меборид.
Ки хуноба зи умки калб мешорид.
Бинолам ман:
Ки дида гиряхо мекард,
Ки калбам нолахо мекард,
Ки дустам зарбахо, мезад,
Ки душман хандахо мекард.
Ки ëрам бар хиëнат зачр медодам,
Ки дарди хачр медодам.
Ки аз гам сар ба хар девор мекуфтам,
Хамеша дард мегуфтам,
Бинолам ман зи бахри он ки марг, аз ëд мебурдам,
Вале хар руз мемурдам!
Миëни зулматихо нур мечустам,
Ба он монанд нафас дар гур мечустам,
Табассум дар лабам чун як дуруги махз метобид,
Хама гамхо ба умки калб мехобид!
Ба чашмам ашкхо чори,
Дилам аз шодихо ори,
Хама он орзу армон, ба зери оташи нафрат,
Дигар кудрат надорам ман,
Барои чанг бо кисмат!
Мухаббат нест дар дунë,
Умеде нест бар руë.
Хуши н-ояд ба пиндорам,
Зи бадбахти чи беморам...
Давое нест бар дардам,
Дигар аз хеш дилсардам.
Калам аз даст меафтад,
Чу сайд аз шаст меафтад!
Бадихо дар баландихо,
Сахохо паст меафтад. Чахонам танг мегардад,
Хаëт беранг мегардад,
Хар он кас, ки хиëнат дид,
Дилаш аз санг мегардад!
Дигар хастам, аз ин дунë,
Аз ин дунëи пурдардам!
Аз ин дунëи пурзулмат,
Аз ин дунëи номардам!
Ба калбам чойи ишке нест, аз олам дораме нафрат,
Дигар хастам, дигар хастам, бигир чонам аë кисмат!
 

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Аз руи як кас дигаронро қазоват накунед ҳеҷ гоҳ!
Пеш аз марг зиндагӣ кунед Саидаи гиромӣ!
 
Верх Низ