Табрикот барои Артиши милли – 23 феврал

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Дар ин сахифа табрикнома барои Артиши милли – 23 оварда мешаванд. Тамом табрикот барои Артиши милли дар ҳамин саҳифа оварда мешаванд >>

артиши милли артиш табрикот рузи артиши мили милли 23 феврал


28-СОЛАГИИ ТАЪСИСЁБИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК БОШАД ФАРЗАНДОНИ ҚАҲРАМОНУ ШУҶОАТМАНДОНИ ВАТАН!

Бо як эҳтироми руҳияи ватандустиву ватанпарастӣ тамоми мардуми шарафмади ба ору нанги тоҷикро ба Ифтихори 28-умин солгарди Артиши Милли шодбошу муборакод гуфта, баҳратон саодатмандӣ, садоқатмандӣ ва рӯзгори хубу осоиштаро тамано дорам. Иди Артиши Милли муборак!


Бо хушнудии зиёд Шуморо бо Рӯзи Артиши Миллӣ табрик мегӯям! Ин ид барои бисёре аз тоҷикон қудрат ва тавоноии давлати тоҷикон, муҳаббат ва садоқат ба Ватани худ, қобилияти ҳифз ва пуштибони оилаҳояшро ифода мекунад!

Ман аз самими қалб ба шумо ҳаёти осоишта, муваффақиятҳои беназир дар кору фаъолиятҳои ҳаррӯза ва барои иҷрои нақшаҳоятон бурдборӣ таманно дорам!


Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар-Ватан сарбози ту.


Аё кишвари ман ту гавҳари ман,
Ҳамеша боши сарсабз, аё сарзаминам!
Муборак бодо иди артиш эй далерон!
Кунун 23-юми феврал аст, дустдорон.

Бодо обод Тоҷикистон бар Шумоён,
Шараф ва хушбахти мегӯямтон.
Муборак бодо ид бар шумо эй халқи тоҷик!
Бошад артиши мо чун хуршеди ҷовид!

Аё сарбози кишвар, ту дили ман,
Ту ҳастӣ, ки ҳастии давлати ман.
Ҷовидонӣ бошад бо посбонон,
Муборак мегӯям эй ҳамватанон!
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
artish3.jpg



Рӯзи Мардро ба марди ҳақиқие, ки мақоми зебои мардонагиро дарк кардааст табрик мегӯям. Рӯзат муборак!

Рав шод бизӣ, ки ҳастӣ фарзанди Ватан,
Озода бизӣ, ки бошӣ дилбанди Ватан.
Дар боғи умеди халқи худ ҷо дорӣ,
Нахли тари сарсабзу барӯманди Ватан!

ИДИ АРТИШИ МИЛЛӢ МУБОРАК, САРБОЗОНИ ДАЛЕР ВА ШУҶОЪИ ВАТАН!
 
Верх Низ