ТАҒОЕВ Саидмурод

ТАҒОЕВ Саидмурод, таваллудаш 20.12. 1941, зодагоҳаш деҳаи Чилчашмаи ноҳияи Файзобод,
%d0%b3%d0%be%d0%b8%d0%b1-%d0%bc%d0%b0%d1%80%d0%b4%d0%be%d0%bd%d0%b0
Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корманди шоистаи Тоҷикистон. Институти давлатии педагогии Душанбе. Мактаби олии ҳизбии ш. Тошканд ва Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм намудааст. Солҳои дароз ба ҳайси омӯзгор, мудири шӯъбаи маориф, котиби комитети ҳизбӣ, раиси комиҷроияи ноҳияи Файзобод, котиби якуми комитети ҳизбии ноҳияи Дарбанд, Файзобод ва раиси Ҳукумати ноҳияи Файзобод кор кардааст. Узви комиссияи доимии АБП давлатҳои узви ИДМ оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология буд. Дар сесияи XVI (1992) раиси комитети аграрӣ ва шуғли аҳолӣ, узви Президиуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Се даъват (1990, 2000, 2005) вакили Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо ордени Сталин, медали «Барои меҳнати шоён», медали «Сесияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Грамотаи Фахрии АБП давлатҳои узви ИДМ, нишони «Аълочии мудофиаи граждании СССР» сарфароз гардидааст.
 
Верх Низ