Шоири замон

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Саҳми дуои кист, ки дил кор мекунад,
Бо ҳар тапиш ба ишқи кӣ иқрор мекунад.

Тифл аст, тифлу хаставу пирона метапад,
Пир аст, пиру шӯхии бисёр мекунад.

Расми фалак ҳамеша ҳамин бошад аз азал,
Гул мекунонад аввалу пас хор мекунад.

Шукри Худо, ки гетии бадгашти каҷхиром,
Ин як-ду рӯз гардиши ҳамвор мекунад .

Сад сол шуд, теғ задиву гурехтӣ,
Захми дилам ҳанӯз ҳам озор мекунад.

Онро, ки ёрро натавонист ёр дошт,
Ноёрро чӣ гуна ба худ ёр мекунад.
 
Верх Низ