ШОЕВ Тилло, таваллудаш 10. 04. 1941, зодгоҳаш деҳаи Чормағзаки ноҳияи Файзобод.
Хатмкардаи Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон (1968). Фаъолияти кориашро дар корхонаи сохтмонии СМУ-17 оғоз намудааст. Солҳои 1960 – 63 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ хизмат кардааст. Солҳои 1968 – 69 сармуҳандиси колхози «Октябр», 1969 – 74 сармуҳандиси колхози ба номи Орҷоникидзе, ҳамзамон солҳои 1972 – 73 шунавандаи шӯъбаи тайёрии кадрҳои хоҷагӣ дар назди Инситути хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон, 1974 – 79 раиси комитети назорати халқӣ, 1979 – 83 ҷонишини раиси комитети иҷроия, 1983 – 87 директори фабрикаи «Мурғи марҷон»-и ноҳияи Файзобод буд. Шоев Т. асосгузори соҳаи парандапарварӣ дар ноҳия мебошад. Солҳои 1988 – 91 сармутахассиси техникии хоҷагии қишлоқ таъйин шуд. Солҳои 1991 – 93 раиси комитети иҷроия, 1993 – 96 раиси ҷамоати деҳоти Файзобод буд. Соли 1971 вакили Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ, 1986 депутати Шӯрои депутатҳои халқи ноҳиявӣ, 1986 депутати Совети Олии РСС Тоҷикистон интихоб шудааст. Бо медалҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В. И. Ленин», «Барои хизмати шоён» ва ифтихорномаҳои Вазорати алоқа ва КМ ЛКСМ Тоҷикистон сарфароз гардидааст.