Шеърхои ошики.

M

masterakone

Меҳмон
Биё ёрам маро дилшод гардон,
Биё ёрам маро хушхол гардон.
Биё ёрам диламро ту ба даст гир,
Биё эй ёр дастамро ба даст гир.
 
M

masterakone

Меҳмон
Аз пешам гузари маро ту месузони,

Эй ёраки чон хамеша дар ёди мани.

Рузе ки тура набинум эй чону чигар,

Он руз барои ту мешам дар ба дар.
 
M

masterakone

Меҳмон
Эй ёраки чон ба ишкут захрум доди.

Гуфтам зи лабат як буса дех не гуфти.

Рузе мешава ки мешави зор ба ма,

Фарёд назан дигар намеёби мара.

********************************

Гули нозам бирафту у кучо шуд,

Гули нозам чаро аз ман чудо шуд.

Агар рузе гули ман боз гардад,

Дили ман аз сари нав шод гардад.

********************************

Аё эй нозанини ман кучо рафти.

Чаро бар ман чафо кардию рафти,

Миёни рох монди ишки моро.

Дар ин дунё маро монди ту танхо.

********************************

Омадам то лахзае чашмам ба чашмонат занад,

Лаб ба лаб бигзораму мижгон ба мижгонат занад.

Бекарор аз чашми мастат ин дили девонаам,

Себи фикрам афтаду дар чохи домонат занад.
 
M

masterakone

Меҳмон
То чон дорам аз ту чудои накунам,

Чуз гайри ту бо кас ошнои накунам.

Бо ваъдаву пайгоми ту шинам сад сол,

Сад соли дигар аз ту чудои накунам.

********************************

Ман гиёхи навбахорам шамси тобонам кучост?
Булбули шурида хастам богу бустонам кучост?

Лоласон дар калби ман доги гароне хуфтааст.

То бишуяд доги дил он абри найсонам кучост?

********************************

Пазмони туам, вале ту пазмони дигар,

Курбони туам,вале ту курбони дигар.

********************************

Марав аз пеши ман ай ёри чонсуз,

Мисоли ма наёби ёри дилсуз.

Чахонро чо ба чо гарди ту ай ёр,

Мисоли ман наёби ёри гамхор.

********************************

Когда ты рядом мне хорошо.

Когда ты далеко и мне не легко.
 
M

masterakone

Меҳмон
Аё эй нозанини ман кучо рафти?чаро рафти?

Ае эй махчабини ман кучо рафти?чаро рафти?

Барои дидани руят нишастам хар шабу хар руз,

Барои дидани руям биё эй дилбари чонсуз.

********************************

Он холи бари руят мекуша мара,

Хар хандаи ту эй чон мекуша мара.

Рузе ки аз он лабонат ман буса гирум,

Асло ки дигар аз ту чудои накунум.

********************************

Он хандаи лабонат дар ёдам монд,

Он холи бари руят дар ёдам монд.

Он руи хамчу мохат дар ёдам монд,

Он комати зебоят дар ёдам монд.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Бо ишқ агар ғарқи нишотам карданд.
Бо абр дучори эҳтиётам карданд.
То он ки қадам ба роҳи каҷ бигзорам,
Абрӯи туро пули сиротам карданд.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Ошиқӣ пайдост аз зории дил,
Нест беморӣ чу бемории дил.

Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ошиқӣ гар з-ин сару г-ар зон сар аст,
Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст.

Ҳарчӣ гуям ишқро шарҳу баён,
Чун ба ишқ оям, хиҷил бошам аз он.

Гарчӣ тафсири забон рушангар аст,
Лек ишқи безабон рушантар аст.

Чун қалам андар навиштан мешитофт,
Чун ба ишқ омад қалам бар худ шикофт.

Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт,
Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.

Ишқҳое, к-аз пайи рангӣ бувад,
Ишқ набвад оқибат нанге бувад.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Дилдода манам ба сӯи ту ҷонона,
Уфтода манам ба кӯи ту девона.
То гул начинам зи рӯи ту мастона,
Ором нагирам шому сабоҳ парвона.

Шукрона, ки дар майкада май менӯшам,
То маст нашавам, майи фироқ менӯшам.
Бо меҳру вафо гарм кунӣ оғӯшам,
Аз лаъли лабат сабӯ-сабӯ менӯшам.

Хоҳам, ки даме зеби канорам бошӣ,
Ошуфтаю зору беқарорам бошӣ.
Парвои мани музтару мискин чи кунӣ?
Файзи чаману фасли баҳорам бошӣ.

З-ишқат ба чаман булбули хуш илҳонам,
Ҳар шому саҳар ширу шакар мехонам.
Лутфе бинамо, то шиканад армонам,
Ман гармии оғӯши туро пазмонам.

Шукруллоҳ чун туро ба бар мегирад,
Хоки қадамат ба барги тар мегирад.
Ин дил ба Худо шӯру шарар мегирад,
Чашми тари ман нури басар мегирад.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Чи гуна дӯст надорам туро, ки ҷони манӣ?
Ту гармии нафаси бӯса дар лабони манӣ.

Ман аз сабуи ду чашмат шароб менӯшам,
Ки, эй азизтарин отифа аз они манӣ.

Нигоҳи гарми ту гармии зиндагии ман аст,
Ту бо канори пур аз нур ошёни манӣ.

Ба ҳарфи нокасу кас ру маёр, ки ба Худо,
Гули сари сабади боғу бӯстони манӣ!

Ҳазор атри гулистон, ки ояд аз бағалат,
Шабеҳи тозағазалҳои шойгони манӣ.

Чӣ қадр ошиқатам, ахтарон гувоҳи мананд,
Ту офтоби манӣ, моҳи осмони манӣ

Насимгуна биёву бигир оғушам,
Зи бас ягонатарин ёри ҷовидони манӣ.

Ту баргузидатарин шеъри ноби Абдумалик,
Ту шоиронатарин ҳарфи достони манӣ!
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Эй ёр, биё, беди лаби ҷӯи ту бошам,
Гар бод вазад, шона бар он мӯи ту бошам.

Болои сарат сояфикан чатр шавам ман,
Чун барг бирезам, ба сару рӯи ту бошам.

Ман бӯса занам рӯю баногӯши туро чанд,
Чун маст зи атри гули хушбӯи ту бошам.

Гар амр кунӣ, гӯш ба фармони ту ҳастам,
Бошад, ки ғуломе ба дару кӯи ту бошам.

Гар ҷону сар аз ман ту бихоҳӣ, диҳамат, лек
Бигзор шабу рӯз ба паҳлӯи ту бошам.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Хор ману ту гул барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин,
Дилбари шӯху нозанин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Чашми сиёҳи сурмагин, қоши камони усмагин,
Лаъли лабат асал барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Оғӯши дилбар ними шаб, бӯса ба бӯса лаб ба лаб,
Бӯсаи гарму оташин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Дилбари дилбари Чин, моҳу парию ангубин,
Аз ҳама ин ту беҳтарин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Бурда қарори ман зи даст, раҳравиҳои кабки маст,
Нозу адоҳоша бубин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Орифии хаста кунун, ба зулфи ту баста кунун,
Ғазалсаро гаштам чунин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Ошиқам, дар ҷигарам Тур нигаҳ доштаанд,
Чун туро дар нигаҳам нур нигаҳ доштаанд.
Ман агар бонги Аналҳақ назадам, айб магир,
Ошиқон ҳурмати Мансур нигаҳ доштаанд!
Ҷом пайваста ба каф дораму мастӣ наравад,
Чун ду чашми ту, ки махмур нигаҳ доштаанд.
Чашм – ин беадаб аз рони сапед ор накард,
Подшаҳро ба дари мӯр нигаҳ доштаанд.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Кас ба иҷбор дили кас натавонад, ки барад,
Давлат он нест, ки маҷбур нигаҳ доштаанд.
Дур аз музди Худо бод гуруҳе, ки ба нон,
Халқро бардаву муздур нигаҳ доштаанд!
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Исми аъзам, ки ҳама дар пайи он гум шудаанд,
Рамзи ишқ аст, ки мастур нигаҳ доштаанд.
Аз Худо то ба худам роҳи дароз омадаам,
Аз худам то ба Худо дур нигаҳ дошаанд.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Турбатамро ҳама соҳибназарон бӯса зананд,
Маҳшари ишқаму дар гур нигаҳ доштаанд.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Рафтам, ки мабод бе ту хуш як нафасам
В-аз гардиши рӯзгор ин доғ басам
Гар марг нахезаду наёяд зи пасам
Охир рӯзе ба хидматат боз расам
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.
 
О

Ошиқ

Меҳмон
Хуршед нахоҳам, ки барояд то ту
Танҳо равию соя наёяд бо ту!

Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт
Рӯйи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт

Падид омад русуми бевафоӣ
Намонд аз кас нишони ошноӣ

Биё бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи суҳбати дерина дорӣ.

Лабаш мебусаму дар мекашам май,
Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай.

На розаш метавонам гуфт бо кас
На касро метавонам дид бо вай

Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо маро он деҳ, ки он беҳ.

Абрукамон зи ғамат дилгирум,
Усма накаш ба Худо мемирум.

Навиштам аз ду зулфи банд бандат,
Навиштам аз лабони ҳамчу қандат.

Баландӣ то ки ёбад мисраи ман,
Навиштам аз қади боло баландат!
 
Верх Низ