⚘⚘Шеърҳои тоҷикӣ ва форсӣ🌿🌿

  • Автор темы Автор темы Тоҷику - فارسی
  • Дата начала Дата начала
Шамъро дар рӯзи равшан нест қадру қиммате,
Эътибораш дар намози шом афзун мешавад.
[Басир Расо]
 
Кӯҳро мардон ба зӯри ишқ саҳро кардаанд,
Уммати ҳасрат машав, Фарҳод пайғамбар набуд.
[Нозими Ҳиравӣ]
 
То ба кай мағрури худ боши, ту ай дунёпараст,
Ибрат аз Фиръавну аз Шаддод мебояд гирифт.
[Саййидо]
 
Мекунам гиря зи олудагии домани хеш,
Ашк то домани олудаи ман пок кунад.
[Ғании Кашмирӣ]
 
Ғами олам махур эй дил, ки олам ғам намеарзад,
Ба ғамгин гаштани як дил ҳама олам намеарзад.
[Носири Бухороӣ]
 
Мардум гумон баранд, ки мо шоди ғурбатем,
Дар зери ҳар табассуми мо сад мусибат аст.
[Ғании Кашмирӣ]
 
Лаҳзаи васл ба як чашм задан мегузарад,
Ин фироқ аст, ки ҳар сонияаш як сол аст.
[Ҳофиз]
 
Чаро рафтӣ? чаро ман беқарорам?
Ба сар савдои оғӯши ту дорам?
Нагуфти моҳтоб имшаб чи зебост,
Надиди ҷонам аз ғам ношикебост.
Агар ҷонат зи ҷонам огоҳӣ дошт,
Чаро бетобиамро сар ингошт.
Канори хонаи мо куҳсор аст,
Зи дидори рақибон дар канор аст.
Чу шамъи меҳр хомӯшӣ гузинад,
Шаб андар вай ба ороми нишинад.
Насимаш мастиангез асту хушбӯст,
Пур аз атри шақоиқҳои худрӯст.
Биё бо ҳам шабе он ҷо сар орем,
Димоғ аз ҷони дуриҳо барорем.
Хаёлат гар чӣ умре ёри ман буд,
Умедат гар чӣ дар пиндори ман буд.
Биё имшаб шароби дигарам деҳ,
Зи минои ҳақиқат соғарам деҳ.
Дили девонаро девонатар кун,
Маро аз ҳар ду олам бехабар кун.
Биё дунё ду рӯзе бештар нест,
Пайи фардош фардои дигар нест.
Биё аммо на, хубон хубпарастанд,
Ба банди меҳр камтар пой бастанд.
Агар як дам шаробе мечашонанд,
Хуморолуда умре менишонанд.
Дар ин шаҳр озмудам ман басеро,
Надидам бовафо зи он касеро.
Ту ҳам ҳарчанд меҳри беғуруби,
Ба бемеҳрӣ гувоҳат ин, ки хуби.
Гузаштам ман зи савдои висолат,
Маро танҳо раҳо кун бо хиёлат.
Чаро рафтӣ? чаро ман беқарорам?
Ба сар савдои оғӯши ту дорам?...
[Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ] › #мавлоно
 
Хоҳам, ки шавам кӯдак модар ба барам бошад,
Дастони пур аз меҳраш болои сарам бошад.
Дар кӯчаю паскӯча бо кӯдаки ҳамсоя,
Бози кунаму гардам, фатҳу зафарам бошад.
Фарёд занад модар аз хона марав дуртар,
Гӯям наравам хона, чашмони тарам бошад.
Аз лойи лаби ҷӯе созам ба худам хона,
Дар хонаи лойинам, бас карру фарам бошад.
Дар қоғази испеде тасвир кунам дунё,
Дар олами эҷодам шамсу қамарам бошад.
Дар базми арӯсиҳо доира занад ҳофиз,
Дар зери садо рақсам, ҳар сӯ назарам бошад.
Эй соҳиби дунёҳо ин матлаби қалбамро,
Як лаҳза муяссар кун, гӯям, ки карам бошад.
 
Ба рӯи раҳ гули пажмурда дидам,
Лагадмол асту менолад ниҳонӣ:
Замоне зеби кокул будам, акнун…
Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

Бидидам нонпар аз боли кабӯтар
Ба дасти модарам, бо безабонӣ
Ба рӯи нон зада ҳар гоҳ мегуфт:
Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

Дарахти пири бешохи қади раҳ,
Шунидам бо забони навҳахоне
Ба ҳар як раҳгузар мегуфту мегуфт:
Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ.

Ҷавонӣ, гарчи дар ҳар кори хайре,
Ба мисли панди Саъдӣ ҷовидонӣ
Вале он кист, ки ҳар гаҳ нагӯяд:
Ҷавонӣ, во ҷавонӣ, во ҷавонӣ!
 
Эй ашк оҳиста бирез, ки ғам зиёд аст,
Эй шамъ оҳиста бисӯз, ки шаб дароз аст.
Имрӯз касе марҳами асрори касе нест,
Мо таҷриба кардем касе ёри касе нест.
Ҳар марди шутурдор Увайси Қаранӣ нест,
Ҳар шишаи гулранг ақиқи Яманӣ нест.
Ҳар сангу гиле гавҳари ноёб нагардад,
Ҳар Аҳмаду Маҳдуд рассули маданӣ нест.
Бар мурдадилон панд мадеҳ, хеш маёзор,
Зеро ки Абу-Ҷаҳл мусалмон шуданӣ нест.
Бо марди Худо панҷа маяфкан чу намруд,
Ин ҷисми Халил аст, ки оташ заданӣ нест.
Хушнуд машав, душман агар кард муҳаббат,
Хандидани Ҷаллод зи ширинсуханӣ нест.
Ҷое ки бародар ба бародар накунад раҳм,
Бегона барои ту бародар шуданӣ нест.
Сад бор агар доя ба тифл ту диҳад шир,
Ғофил машав эй дуст, ки модар шуданӣ нест.
 
Хуфтагони хокро ёди рафиқон доғ кард,
Дӯстон аз ҳамдигар беҳуда ранҷидан чаро.
Соиби Табрезӣ › #соиб
 
Афтод дарахте, ки ба худ меболид,
Аз доғи табар ба хоки ғам менолид.
Гуфтам, чи касе ба решаат зад табар?
Гуфт, он кас, ки ба зери сояам мехобид.
 
Гар касе бошӣ, барои худ басӣ,
Бекасӣ беҳтар бувад аз нокасӣ.
Рустам Ваҳҳоб
 
Бехонумон, ки ҳеҷ надорад ба ҷуз Худой,
Ӯро гадо магӯй, ки Султон гадои ӯст.
 
Сурати одам тану маънеш ҷони равшан аст,
Маънии одам надорӣ, сурати одам чӣ суд?
[Мавлоно Ҷомӣ]
 
То ҷавон ҳастӣ, ҷавониро намедонӣ, ки чист,
Хуш равон ҳастӣ, равониро намедонӣ, ки чист.

Шоми ғам ҳаргиз набинад рӯзгори хуррамат,
Шод монӣ, шодмониро намедонӣ, ки чист.

Хуш замоне, бар замин по монданат безаҳмат аст,
Ранҷҳои осмониро намедонӣ, ки чист.

Мисли он кӯдак, ки аз дунёи модар ғофил аст,
Дар амон астӣ, амониро намедонӣ, ки чист.

Нозҳои инзамониро ба ҷон парвардаӣ,
Розҳои инзамониро намедонӣ, ки чист.

Чашми бад дур аз муҳаббатҳои ёри ҳамдилат,
Лаззати ин ҳамзабониро намедонӣ, ки чист.

Озарахшо, қадри давлат баъди давлат гуфтаанд,
Зинда бошӣ, зиндагониро намедонӣ, ки чист.
[Озарахш]
 
Ғамхору ғамшарикон аз мӯйи сар зиёданд,
Аммо ба рӯзи сахтӣ холист ҷойи модар...
[Лоиқ Шералӣ]
 
Ба Худо, ки ҳеҷ касро самар он қадар набошад,
Ки ба рӯи ноумеде дари баста боз кардан
 
Маро аз фитрати хуршеди тобон ин писанд омад,
Ки бо як чашм мебинад бузургу хурди дунёро.
[Таъсир]
 
Назад
Верх Низ