Шеър

R

Rahmatullo Muhammad

Меҳмон
Гумон манмо, ки бедардам, гумонам дард дорад, дард,
Саломат нест пиндорам, равонам дард дорад, дард
Дарун андар даруни синаам ногуфтахо гирён
Ба дидан шод метобам, нихонам дард дорад, дард…
Маро гавгои укёнуси танхои ба дод овард,
Чу мохи дар табу тобам, фигонам дард дорад, дард..
Замин аз носипосии замонсузон ба танг омад,
Зи берахмии инсонхо чахонам дард дорад, дард!
Намеёбам чу дармоне зи дорухонаи айём,
Табиберо чи сон гуям, ки чонам дард дорад, дард?!
На аз он нотавононам, ки меноланд мисли най,
Агарчи навхаам дар устухонам дард дорад, дард
Яке гуфто ба лахнат достони ошики зебост,
Чи сон зебо сароям, достонам дард дорад, дард!!!
Чи хочат олами номехрубонро мехрубон хондан,
Аз ин номехрубони мехрубонам дард дорад, дард.
Бихохам, Озарахш, афсонаи шодонае гуфтан,
Сухан озурда меояд, забонам дард дорад, дард…
 
Верх Низ