Шеърҳои ошиқи

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
R.520b76a2b8c25559dd0ce64996903901

Равон намудани паёмак (смс)-ҳо ва шеърхои ошики / ошиқӣ / ошиқи / ишқ ба дӯстдошта нишонаи меҳру муҳаббати зиёд буда, ишқ ва дӯстдориро меафзояд. Дар ин матлаб байт ва шеърхои ошиконаи халқиро гирдоварӣ намудем, ки метавонед аз онҳо истифода намоед. Шеърхои ошики инҷо >>
 
Последнее редактирование модератором:

ТОҶИКОН ФОРУМ

Бот Модератор
Команда форума
Харгиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад шеър.
Харгиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

zan-dukhtar-ishk-oshiki-love-tojik-milli-libos.jpg


Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи, дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон чой гирифт,
Ки гарам сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.

Аз димоғи мани саргашта хаёли руҳи дӯст
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.

Ҳар чи чуз бори ғамат бар дили м искини, ман аст,
Биравад ин дили ман в-аз дили ман он наравад.

Дар азал баст дилам бо сари, зулфат пайванд,
Тo абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.

Гар равад аз пайи хубон дили ман маъзур аст,
Дард дорад, чи кунад, к-аз пайи дармон наравад.

Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надихад в-аз пайи эшон наравад!

Ҳофизи Шерозӣ
 
Последнее редактирование модератором:

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Бо ишқ агар ғарқи нишотам карданд.
Бо абр дучори эҳтиётам карданд.
То он ки қадам ба роҳи каҷ бигзорам,
Абрӯи туро пули сиротам карданд.


Ошиқӣ пайдост аз зории дил,
Нест беморӣ чу бемории дил.

Иллати ошиқ зи иллатҳо ҷудост,
Ишқ устурлоби асрори Худост.

Ошиқӣ гар з-ин сару г-ар зон сар аст,
Оқибат моро бад-он сар раҳбар аст.

Ҳарчӣ гуям ишқро шарҳу баён,
Чун ба ишқ оям, хиҷил бошам аз он.

Гарчӣ тафсири забон рушангар аст,
Лек ишқи безабон рушантар аст.

Чун қалам андар навиштан мешитофт,
Чун ба ишқ омад қалам бар худ шикофт.

Ақл дар шарҳаш чу хар дар гил бихуфт,
Шарҳи ишқу ошиқӣ ҳам ишқ гуфт.

Ишқҳое, к-аз пайи рангӣ бувад,
Ишқ набвад оқибат нанге бувад.

Мавлоно
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект

Шеърхои ошики

Дилдода манам ба сӯи ту ҷонона,
Уфтода манам ба кӯи ту девона.
То гул начинам зи рӯи ту мастона,
Ором нагирам шому сабоҳ парвона.

Шукрона, ки дар майкада май менӯшам,
То маст нашавам, майи фироқ менӯшам.
Бо меҳру вафо гарм кунӣ оғӯшам,
Аз лаъли лабат сабӯ-сабӯ менӯшам.

Хоҳам, ки даме зеби канорам бошӣ,
Ошуфтаю зору беқарорам бошӣ.
Парвои мани музтару мискин чи кунӣ?
Файзи чаману фасли баҳорам бошӣ.

З-ишқат ба чаман булбули хуш илҳонам,
Ҳар шому саҳар ширу шакар мехонам.
Лутфе бинамо, то шиканад армонам,
Ман гармии оғӯши туро пазмонам.

Шукруллоҳ чун туро ба бар мегирад,
Хоки қадамат ба барги тар мегирад.
Ин дил ба Худо шӯру шарар мегирад,
Чашми тари ман нури басар мегирад.

Шукруллоҳ Сироҷ
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Чи гуна дӯст надорам туро, ки ҷони манӣ?
Ту гармии нафаси бӯса дар лабони манӣ.

Ман аз сабуи ду чашмат шароб менӯшам,
Ки, эй азизтарин отифа аз они манӣ.

Нигоҳи гарми ту гармии зиндагии ман аст,
Ту бо канори пур аз нур ошёни манӣ.

Ба ҳарфи нокасу кас ру маёр, ки ба Худо,
Гули сари сабади боғу бӯстони манӣ!

Ҳазор атри гулистон, ки ояд аз бағалат,
Шабеҳи тозағазалҳои шойгони манӣ.

Чӣ қадр ошиқатам, ахтарон гувоҳи мананд,
Ту офтоби манӣ, моҳи осмони манӣ

Насимгуна биёву бигир оғушам,
Зи бас ягонатарин ёри ҷовидони манӣ.

Ту баргузидатарин шеъри ноби Абдумалик,
Ту шоиронатарин ҳарфи достони манӣ!

Бобаки Суғдӣ
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Эй ёр, биё, беди лаби ҷӯи ту бошам,
Гар бод вазад, шона бар он мӯи ту бошам.

Болои сарат сояфикан чатр шавам ман,
Чун барг бирезам, ба сару рӯи ту бошам.

Ман бӯса занам рӯю баногӯши туро чанд,
Чун маст зи атри гули хушбӯи ту бошам.

Гар амр кунӣ, гӯш ба фармони ту ҳастам,
Бошад, ки ғуломе ба дару кӯи ту бошам.

Гар ҷону сар аз ман ту бихоҳӣ, диҳамат, лек
Бигзор шабу рӯз ба паҳлӯи ту бошам.

Ҷамшед Орифиён
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект

Ширин

Хор ману ту гул барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин,
Дилбари шӯху нозанин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Чашми сиёҳи сурмагин, қоши камони усмагин,
Лаъли лабат асал барин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Оғӯши дилбар ними шаб, бӯса ба бӯса лаб ба лаб,
Бӯсаи гарму оташин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Дилбари дилбари Чин, моҳу парию ангубин,
Аз ҳама ин ту беҳтарин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Бурда қарори ман зи даст, раҳравиҳои кабки маст,
Нозу адоҳоша бубин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.

Орифии хаста кунун, ба зулфи ту баста кунун,
Ғазалсаро гаштам чунин оҳ чи ширин, воҳ чи ширин.


Ошиқам, дар ҷигарам Тур нигаҳ доштаанд,
Чун туро дар нигаҳам нур нигаҳ доштаанд.
Ман агар бонги Аналҳақ назадам, айб магир,
Ошиқон ҳурмати Мансур нигаҳ доштаанд!
Ҷом пайваста ба каф дораму мастӣ наравад,
Чун ду чашми ту, ки махмур нигаҳ доштаанд.
Чашм – ин беадаб аз рони сапед ор накард,
Подшаҳро ба дари мӯр нигаҳ доштаанд.
***
Кас ба иҷбор дили кас натавонад, ки барад,
Давлат он нест, ки маҷбур нигаҳ доштаанд.
Дур аз музди Худо бод гуруҳе, ки ба нон,
Халқро бардаву муздур нигаҳ доштаанд!
***
Исми аъзам, ки ҳама дар пайи он гум шудаанд,
Рамзи ишқ аст, ки мастур нигаҳ доштаанд.
Аз Худо то ба худам роҳи дароз омадаам,
Аз худам то ба Худо дур нигаҳ дошаанд.
***
Турбатамро ҳама соҳибназарон бӯса зананд,
Маҳшари ишқаму дар гур нигаҳ доштаанд.

Исфандиёри Назар
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект

Рубоиву байтхои ошики

Рафтам, ки мабод бе ту хуш як нафасам
В-аз гардиши рӯзгор ин доғ басам
Гар марг нахезаду наёяд зи пасам
Охир рӯзе ба хидматат боз расам


Ай аз гули сурх ранг бирбудаву бӯ,
Ранг аз пайи рух рабуда, бӯ аз пайи мӯ.
Гулранг шавад, чу рӯй шӯйӣ, ҳама ҷӯ,
Мушкин гардад, чу мӯ фишонӣ, ҳама кӯ.


***

Бе рӯйи ту хуршеди ҷаҳонсӯз мабод,
Ҳам бе ту чароғи оламафрӯз мабод.
Бо васли ту кас чу ман бадомӯз мабод,
Рӯзе, ки туро набинам, он рӯз мабод!


***

Бар ишқи туам на сабр пайдост, на дил,
Бе рӯйи туам на ақл барҷост, на дил.
Ин ғам, ки марост, кӯҳи Қоф аст, на ғам,
Ин дил, ки турост, санги хорост, на дил.


Рӯдакӣ
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Хуршед нахоҳам, ки барояд то ту
Танҳо равию соя наёяд бо ту!


Шарбате аз лаби лаълаш начашидему бирафт
Рӯйи маҳпайкари ӯ сер надидему бирафт


Падид омад русуми бевафоӣ
Намонд аз кас нишони ошноӣ


Биё бо мо маварз ин кинадорӣ,
Ки ҳаққи суҳбати дерина дорӣ.


Лабаш мебусаму дар мекашам май,
Ба оби зиндагонӣ бурдаам пай.


На розаш метавонам гуфт бо кас
На касро метавонам дид бо вай


Висоли ӯ зи умри ҷовидон беҳ,
Худовандо маро он деҳ, ки он беҳ.


Абрукамон зи ғамат дилгирум,
Усма накаш ба Худо мемирум.

Навиштам аз ду зулфи банд бандат,
Навиштам аз лабони ҳамчу қандат.

Баландӣ то ки ёбад мисраи ман,
Навиштам аз қади боло баландат!
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
шеърхои ошики точики, шеърхои ошики барои дустдошта, шеърхои ошики барои духтари дустдошта

%D0%BD%D0%B8%D0%B3%D0%B8%D0%BD%D0%B0-%D0%B0%D0%BC%D0%BE%D0%BD%D2%9B%D1%83%D0%BB%D0%BE%D0%B2%D0%B0.jpg


Метарсам – Шеъри ошики

Ало, эй беҳтар аз дунё, зи чашмони ту метарсам,
Наметарсам, зи кас, аммо, зи чашмони ту метарсам.

Агар чашми ту фармояд: “ғуломам бош”, хоҳам буд
Ки аз баъди Худо танҳо зи чашмони ту метарсам.

Ду чашмони ту дарёянд, аммо сахт тӯфонӣ,
Наметарсам ман аз дарё, зи чашмони ту метарсам.

Чӣ савдоест дар чашмат, ки бо ин қадр шайдоӣ
Мани пуршӯру пурсавдо зи чашмони ту метарсам.

Зи чашмони ту метарсам, – агар пурсад маро зоҳид,
Ва ё аз маҳшари фардо? Зи чашмони ту метарсам.

Чунин мегӯяму аммо ба ёди чашмҳои ту
Дилам гум мезанад оё, зи чашмони ту метарсам?

Робия Холмирзо
 

Admin

ТОҶИКОН ФОРУМ
Основатель проект
Абрукамон ту дилбари лабшакарӣ.
Сухтай дили ман кардай хуни ҷигарӣ.
Сад оташи тез агар расад бар ҷонам
Боке набувад агар ту бар ман нигарӣ


Ҷингила мӯи ту,
Бӯсаи абрӯи ту.
Ошиқи рӯят манам
Дилдодаи кӯи ту


Ёр аз дили мо хабар надорад,
Ё оҳи дилам асар надорад.
Ҷуз ишқ ҷаҳон ҳунар надорад
Ё дил ҳунари дигар надорад.
 
Верх Низ