Ш
Шараф Пайдовар Умарзода
Мубдалои зиндаги афлокро пеши назар,
Ал-амон нахли умеде монд аз бурҷи самар.
Моҳ мепушад ҷамоли хеш аз баҳри Худо,
Шед мегардардад хиҷил аз оҳи беранги саҳар .
Ғурбати фарзанд месозад дили модар дуто,
Зиндагибезор ҳар ҷо ҷисми сарсони падар.
Мерасад овози мағшуш зери ин бому дара,
Булбулон бе болу лабҳо баста бо имзои кар.
Машриқу мағриб иблисро тараннум , бегумон,
Шайпури макре ҳалоиқро мунодию сипар.
Осиёи кизб мечархад зи оби чашми халқ,
Гандуми исмат наруяд аз замини борвар.
Байзаке пушти рухе номусталоши мекунад ,
Ҳайрати шоҳи муҳаббат фарзини маҳзузи ғар.
Хутуки нармодае дорад харонро сарвари,
Аспҳо гаштанд йиғир аз байъати мавлои хар.
Мешу гургу даллаи айём дорад хамсари,
Барраҳо дар оғуши рӯбоҳ андар карру фар.
Таккаҳои ахта дорад феъли бузҳоро ба сар,
Медарад бо шохи фитна синаи шерони нар.
Зоғҳо дар анчуман маддоҳи аҷри бардурӯғ,
Ку ба гуши шоҳ мехонад суруде аз зафар.
Тутии хушхон дар кунҷи узулат гушагир
Мурғакон андар хаёли нақши фардои сафар.
Маҳди Пайдовар зи чуби маъни мегардад дуруст,
Аллахонон ҳасрати айем бо чашмони тар.
Шараф Пайдовар Умарзода
1.06.2023.
